Муаррифӣ:Мирзо Ҳасани Султон. Куҳантарин дастури забони форси тоҷикӣ дар сарзамини Чин

Дар рисолаи мазкур, ки соли 2018 чоп шудааст, дар заминаи яке аз куҳантарин дастурҳои забони форси тоҷикӣ, ки дар сазамини Чин аз тарафи Муҳаммад ибни Ҳаким ном як донишманди самарқандиасл бо номи «Минхоҷу – т – талаб» дар соли 1660 таълиф шудааст, таҳқиқи муқаддамотӣ анҷом пазируфта, зимнан худи дастур ба забони тоҷикӣ таҳия шудааст. Рисола барои истифодаи кормандони соҳаҳои мухталифи илм, устодону донишҷўёни макотиби олии мамлакат ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

 Дар сарсухани китоб мехонем:

Китоб ва китобат дар таърихи кўҳан. Бахши аввал

Ибни Надим дар асари бисёр боарзишу мўътабари худ «Ал- феҳрист» ба нақл аз Ибни Муқаффаъ ба анвоъи гуногуни хутуте, ки дар байни ирониён ривоҷ дошта, таҳти ановине чун: дин дафария, вишдабирия, каштач, ним каштач, шоҳдабирия, ҳам дабирия ва ном дабирия ишора намуда аст, ки имрўз дар байни онҳо танҳо ду хат, яъне дин дабирия ё хатти Авесто ва хатти гашта дабира ё хатти паҳлавӣ қобили шиносоӣ аст. Ин сухани Ибни Надим шояд ба эътибори надоштани шиносоии дақиқ ранге

Рустам Ваҳҳобзода. Мухтасари гузориш ва мулоҳизаҳо пиромуни озмун. “Шоирӣ”

Имсол барои ширкат дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз саросари Тоҷикистон 23 нафар довталаб  иҷозаи ширкат дарёфт намуданд. Аз ин 23 нафар 20 нафар ширкат карданд ва 3 нафар бо сабабҳои гуногун ҳузур надоштанд. Озмун дар ошёнаи дувуми Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар муддати 07 – 13 декабри соли

Раъно Насриддинова: Ҳатто ба сарам ҳам наомада буд, ки ман шоистаи Шоҳҷоиза мешавам

Поёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ идгоҳро мемонд. Ман ба ҷустуҷӯи барандаи шоҳҷоиза Раъно Насриддинова паси саҳна гузаштам. Аммо ба назарам расид ин паси саҳна набуд, ин худи саҳна буд. Раъно дар иҳотаи хабарнигорон асту ба суолҳои ҳамагон посух медиҳад. Гоҳ аз телевизион суол мекунанд, гоҳ аз радио ва гоҳ аз нашрияҳо. Билохира, аз радиову телевизионҳо ҳам фориғ шуд ва як фурсати кутоҳе буд, ки ба чанд суол ба ӯ муроҷиат кардам.

- Раънохон шоҳҷоиза муборак шавад, медонем, ки айни ҳол Шуморо ҳаяҷон фаро гирифтааст, мегуфтед оё

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба анҷом расид. Шоҳҷоиза насиби Раъно Насриддинова шуд

Ҳеч гузорише беҳтар аз суратгузориш нест. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар як суратгузоришест, ки қисман аз саҳифаҳои иҷтимоӣ гулчин шуд, вале қисмати асосии онро аз гузориши дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки махсус барои расонаҳо таҳия шуда буд, гирифтем. Сипос ба ҳамкасбони мо аз дафтари матуботии Вазорати маориф ва бахусус ба

80 соли Нозирҷон Арабзода – пажӯҳишгари мумтози осори фалсафии Саъдӣ, Розӣ, Носири Хусрав

Агар умр вафо мекард, Нозирҷон Арабзода – ин файласуфи шинохтаву пажӯҳишгари донишманди осори фалсафии адибони классики форсу тоҷик ба синни мубораки 80 қадам мегузошт. Устод Арабзода аз ҷумлаи касонест, ки тӯли солҳои дароз фаъолият дар донишгоҳҳои мухталифи кишвар садҳо шогирдонро дарси фалсафаву ҳикмат додаву даҳҳо нафар таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои илмӣ навиштаанд.

Фишурдаи зиндагинома

Нозир Арабзода - доктори илмҳои фалсафа, профессор. 20

Страницы