Равшангари маърифати мардум. Аз Гунди Шопур то Китобхонаи миллӣ

Аниси кунчи танҳоӣ китоб аст, 

Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст.

Оре, китоб ёр, беҳтарин дўстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омўзиши он машғул бошад, чизеро талаф 

Кормандони Китобхонаи миллӣ Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона шуниданд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ чун дар ҳазорон муассисаву корхонаҳои кишвар кормандон дастаҷамъӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро шуниданд. Як бахши муҳими ин паём бевосита ба китобу китобхонаҳо дахл дошт. Пешвои

Аз Паёми Пешвои миллат: Ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад

​Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

​Китобхонаи миллӣ аз Паём то Паём

​​Паёмҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаи пурҷилоест, ки дар он имрӯзу фардои Тоҷикистон равшан таҷассум ёфта, Ватани моро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамо хоҳад буд. Таваҷҷуҳ ба рушди илму маърифат дар ҳамаи давру замон василаи расидан ба зиндагии беҳтар шинохта шуда, гузаштагони  пурифтихори мо донишро “чароғи равшан” ва “қулфкушои ҳама дарҳо” донистаанд.

Муаррифӣ: ФАЛАК

Ин китоби дарсии амалӣ зимни методикаи суннатии фалакхонӣ мурратиб гардидадаст. Методикаи суннатии устод-шогирд ба назарияи пўшидаи муқом (парда) такя карда, заминаи илмӣ-методии санъати касбии фалакхониро ташкил медиҳад. Китоби дарсии амалӣ дар омўзиши қонунҳои асосии он – муқом, зарб ва композитсия (таълиф, муқомбандӣ) дар асоси қавоиди мактаби суннатии устод-шогирд сохта шудааст.

Китоби дарсӣ барои истифода дар таълиму иҷроиши фалак тавсия дода мешавад. Дар мақолаи аввалини он, ки “Хиради фалаку фалакхонӣ” ном дорад, мехонем: “Омўзиш ва пажўҳиши

Баргузории семинари илмӣ-оммавии “Маърифати китобдор” дар Китобхонаи миллӣ

​22 юми январ дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ семинари илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Маърифати китобдор» баргузор гардид. Чорабиниро директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази илмӣ-методӣ ва

Страницы