Мулоқоти хотирмони маъюбон бо Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким. Ӯ гуфт: Барои миллат менависам!

Охири ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон маҳфили адабии «Ганҷи сухан» бо иштироки Шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким доир гардид.

Ӯ дар оғози сӯҳбаташ аз афзудани шавқу завқи китобхонии мардум пас аз эълон шудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ибрози назар намуда, афзуд, ки дар озмун хонандагон на танҳо бо забонони тоҷикӣ, балки бо инглисиву русӣ китобҳои хондаашонро қисса мекарданд. Ин барои мо ифтихори бузург буд. Фикр мекунам, ки даъвати ман ҳам давоми озмуни «Фуруғ…» аст, зеро аз ҷониби шумо хоҳиш шудани вохӯрӣ бо нависандаи китоб аз он

Пажӯҳишҳои шогирдонаи судманд. Профессор Мурод Муродӣ дар бораи як таҳқиқоти Муҳаммадиқбол Атозода

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имконияти омӯзиш ва пажӯҳиши нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» бештар гардид. Аз ин имкон ва фазо истифода намуда, муҳаққиқони соҳаҳои таъриху адабиёт ва матбуоти тоҷик Ⱪ. Расулиён, А. Набавӣ, П. Гулмуродзода, Н. Ковиёнӣ, Ⱪ. Шарифзода, М. Абдуллозода, Ш. Муллоев ва дигарон ба пажӯҳиши ҷанбаҳои гуногуни ин нашрия даст заданд. Тавассути пажӯҳишҳои ин муҳаққиқон дар фазои илмӣ ва фарҳангии тоҷик таассуроти нисбатан комил доир ба

Умри ҷовидонаи санъаткор. Агар умр вафо мекард, Аҳмад Бобоқулов 90-сола мешуд

Эҳтимол дигар касе мисли ў суруди ватандўстонаи «Республикаи ман»-ро бо чунин маҳорати баланд насарояд. Ўро устоди «Шашмақом» бо сабки белкантои итолиёвӣ меноманд. Сабки нотакрори сарояндаи нотакрор. Артисти  Халқии СССР Аҳмад Бобоқулов, ки рӯзи 17 январ 90-сола шуд, дар ҳақиқат аз зумраи касоне буд, ки ҳар чизе сароид, дар зоти худ нотакрор буд. Ӯ на танҳо як сарояндаи мумтоз, балки муаллиму устоди

Китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи  Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Боқӣ Раҳимзода аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти асри 20 аст, ки осораш дар радифи шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода ва Мирсаид Миршакар ба зумраи ашъори мондагор дохил шудааст. Дастури мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ, мураттибон З. Ғолибов, И. Ормонов,  пажўҳишгари библиографӣ ва ҷамъоварандаи мавод Б. Наботова, Б. Қурбонова ва муҳаррирон Г. Маҳмудов, Н. Валиева таҳия шудааст.

Маҷмўа дар Нашриёти «ЭР-граф» бо теъдоди 100 нусха дар ҳаҷми

Маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо ширкати Бахтиёр Муртазо

​Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Дар суҳбати  адиб» бо иштироки нависанда ва рӯзноманигори шинохта Бахтиёр Муртазо баргузор шуд, ки дар он хонандагони фаъоли шуъба ширкат доштанд. Маҳфил аз ҷониби   телевизиони кўдакон ва наврасони “Баҳористон” ба навор гирифта

Ташрифи намояндаи Агентии туркии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон

​Рӯзи 14 январи соли равон Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол бо ҳамоҳангсози Агентии туркии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Ҳоҷӣ Иброҳим Эрбир мулоқот намуд.

Ҳадаф аз ин мулоқот ба роҳ мондани

Страницы