Ташрифи намояндаи Агентии туркии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Рӯзи 14 январи соли равон Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол бо ҳамоҳангсози Агентии туркии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Ҳоҷӣ Иброҳим Эрбир мулоқот намуд.

 Ҳадаф аз ин мулоқот ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Агентии туркии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд.

Дар ҷараёни мулоқот, тарафҳо доир ба ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ, такмили ихтисос дар соҳаи таъмиру тармими китоб, таъмини китобхона бо дастгоҳи таъмиру тармими китобу дастхатҳои ба таъмир ниёздошта ва ба хотири тавсеаи робитаҳо ба роҳ мондани лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот меҳмонон аз шуъбаҳои таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо, шуъбаи адабиёти хориҷӣ, “Осорхонаи китоб”-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, толори Намоишгоҳи китоб ва дигар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дидан намуданд.

Фарзонаи МИРЗО,

Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ.