“Чорчаман”: Китоби нави Нуриддини Ҷаронӣ

Китоби дигари ҳунарпеша, коргардони театр, шоир ва донишманди тоҷик Нуриддини Ҷаронӣ “Чорчаман” аз чоп баромад. Ин чорумин китоб Нуриддини Ҷаронӣ буда, то ин замон китобҳои ӯ бо номҳои “Найнаво”, “Растохези гул”, “Ҳидоят ва ҳикмат”, “Ғазалбирён” ба дасти хонанда расида буд. Дар муаррифии китоб омада: Нуриддин Ҷаронӣ аз зумраи суханварони ирфонии то­ҷик аст ва беҳуда китоби навбатии хешро "Чорчаман" нагу­зошта. Шояд ба хотири баъзе касон расад, ки азбаски муал­лифи ин китоб дарвозист ва дар ноҳияи Дарвоз истироҳатгоҳи машҳури "Чор­чаман" воқеъ гардидааст, аз ин рў,  ин маҷмўа чунин номгузорӣ шудааст. Вале дар асл ин тавр нест."Чорчаман" чаҳор

Донистан хуб аст...

Донишманди бузург Абўрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ (соли таваллуд 973, шаҳри Кот-маркази қадимаи Хоразм-вафоташ соли 1048, Ғазна) оиди илмҳои табиатшиносӣ, тиб ва ғайра аз 150 асар таълиф кардааст, ки аз ҷумла 70 асараш ба илми ситорашиносӣ бахшида шудааст. Дар офаридани китоби тиббиаш «Китоб-ус- Сайдана» адабиёти зиёда аз якуним ҳазор сол таърих доштаро истифода

Маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо ширкати Маҷид Салим

Маҷид Салим-адиби табиатшинос пайи як даъват аз ҷониби хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасон ба Китобхонаи миллӣ омад ва бо ширкат дар маҳфили “Дар сӯҳбати адиб” бо китобхонони наврас муколама кард. Ин маҳфил аз ҷумлаи чанд маҳфили фаъоли Китобхонаи миллист, ки ҳар моҳ бо иштироки як нависанда ё шоири кишвар баргузор мешавад.

Масъалаи дастгирии маъюбон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 январи соли равон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи дар ҷумҳурӣ”  доир  гардид. Пешвои миллат дар оғоз қайд намуданд, ки соли сипаригардида барои тамоми кишварҳои ҷаҳон вобаста ба таъсири пандемия аз нигоҳи молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хеле мураккаб буд, ки Точикистони мо низ аз ин вазъи 

ИНТЕРНЕТ: Мафҳумҳои бунёдй дар хадамоти китобдорй ва иттилоърасонй

Дар ҷаҳони иртибототӣ ва иттилоотӣ ҳамакнун аз шабакаи ИНТЕРНЕТ ба унвони шабакаи шабакаҳо ёд мешавад ва яке аз бузургтарини шабакаҳо компютерии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Лозим ба ёдоварист, ки пайдоиши шабака  аз соли 1969 оғоз мегардад ва дар ин сол ожонси пружаҳои  пешрафта таҳқиқотии вобаста ба Вазорати дифои Амрико шабакаи озмоишӣ зери унвони ARPANET таъсис кард.

Гули худрӯй, Ҷулйетта ва сад қиссаи дигар

​Журналисти шинохтаи тоҷик Талъат Нигор як китобе бо номи “Гули худрӯй, Ҷулйетта ва сад қиссаи дигар”, ки ба фаъолияти ҳунарии Хайрӣ Назарова –ҳунарманди нотакрор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон бахшида шудааст, таълиф кардааст. Китоб соли гузашта ба муносибати 90-солагии ҳунарманд чоп шуд. Вале моҳи май Хайрӣ Назарова бар асари беморӣ аз олам рафт ва ҷашнвора ба муносибати 90-солагии ӯ ба таъхир уфтод. Муаллиф дар муқаддим а менависад:

Мусоҳибаи камина бо Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон Ҳайри Назарова маҳсули  ҳамнишиниву суҳбатҳои зиёд бо устод аст.

Страницы