Дарсҳо аз диншиносӣ

 Китобе бо номи “Диншиносӣ”, ки ахиран дар нашриёти “Маориф” нашр гардид, аз ҷониби  Саид Нуриддин Саид, Саид Аҳмадов, Нуриддин Камар, Рустам Назаров  навишта шуда, ба сифати китоби дарсӣ пешниҳод шудааст. Муҳаррири  масъул доктори илмҳои фалсафа профессор Зиёӣ Хуршед Махшулзода буда, ба он  доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, доктори илмҳои фалсафа, профессор Рамазон Назриев Рамазон, доктори илмҳои фалсафа Меҳриниссо Маҳмадова ва доктори илмҳои фалсафа З.Диноршоева тақриз навиштаанд.

Боздиди собиқадорони ҷангу меҳнат аз Китобхонаи миллӣ

 27-январи соли равон собиқадорони ҷангу меҳнат ва иштирокчиёни барқарории сохти конститутсионии Тоҷикистон «Сипарони Ватан»-и ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва бо шароити  ин боргоҳи маърифат аз наздик ошно гаштанд. 

 

Китоби нав: Донишномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино “Донишнома”-и нав интишор дод. Ректори Донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор М.Гулзода дар сарсухани китоб аз ҷумла навиштааст: Донишномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино китобест, ки хонанда аз он маълумоти зарурӣ ба даст меорад.

Китоб аз ду бахши бузург иборат мебошад. Дар бахши аввал роҳи дар тӯли 80 сол тайкардаи донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфи форсӣ ба қалам дода шудааст. Ин муддатест, ки донишгоҳ ба муваффақияту нокомӣ ва пирӯзию шикастҳо рў ба

Дувоздаҳ панди падар

​ ЯК ШАРҲИ КУТОҲ: Наримон Бақозода-адиби маъруфи кишвар аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфест, ки дар рӯзи мавлудаш ҷон ба ҷонофаринаш таслим кардааст. Ӯ 26-уми январ ба дунёд омад ва дар 74-солагӣ боз ҳам дар ҳамин таърих тарки олам кард. Аз ин рӯ, фарзандонаш ин рӯзро рӯзи падари худ медонанд.

 ВА МУАРРИФИИ МУХТАСАР: Наримон Бақозода, 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи "Овози тоҷик" ба дунё омадааст. Тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст.

Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада!

 Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ў бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.

Нависандае, ки ба касе монанд нест. 80 соли адиби маъруф Сорбон

 Сорбон нависандаи нозукбаён буда, дар симои қаҳрамонони асарҳояш тавонистааст азамату ҳашамати мардум ва бурду бохти зиндагиро соддаю оммафаҳмона ба қалам оварад ва яке аз маҳбубтарин нависандагони кишварамон шинохта шавад. Ҳикояҳои Л.Толстой (1970), Ф.Достоевский (1971), «Пӯлод чӣ тавр обутоб меёбад»-и Н.Островский (1973), романи Н.Думбадзе «Ман офтобро мебинам», қиссаи Ч.Айтматов «Киштии сафед» ва ғайраро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Дар муаррифии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мехонем:

СОРБОН (Пури Хамроҳ) 27 январи соли 1940 дар деҳаи

Страницы