«Википедия чизи вижае аст. Чизе монанди як китобхона ё парки ҳамагонӣ аст. Википедия ҳамонанди маъбаде барои зеҳн аст. Ҷое, ки ҳамагӣ метавонем ба онҷо биравем то биандешем, биёмӯзем, ва донишамонро ба иштирок бигузорем.»
Ин сатрҳо мутааллиқ ба яке аз бунёдгузори Википедия –Донишномаи озод Ҷимми Уэйлс аст. Шояд ин ҳарфҳоро замоне навишт ё гуфт, ки ин донишномаи боазамат навпо буд ва ё ниме аз масири имрӯзаи худро тай карда буд. Ва бидуни шак, чунин аст. Ҳоло ин саҳифаи Интернет саршор аз матолиби хонданист. Ҳар касе ба он сар даровард, ҳатман чизе барои худ пайдо мекунанд.
Аз 23 август то 7 сентябри с. 2018 кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Д. Довудӣ (сардори экспедитсия), А. Шарифзода (мушовири илмӣ), сармутахассисон М. Сафоев, А. Қаюмзода, З. Назаров ва М.Каримдодов дар ёдгории Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ковишҳои бостоншиносӣ гузаронданд. Бори нахуст ҳамин ҳайат соли 2016 дар ин ёдгорӣ ковиш гузаронда буданд. Бинобар натиҷаи хуб додани ҳафриёти он сол қарор дода шуд, ки омўзиши ин ёдгорӣ минбаъд низ идома дода шавад. Ва идома ёфт, ки натиҷаи он дар китоби “Шаҳраки кушонии Сайёд” гирдоварӣ шуд.
Ин китоб шуморо бо ҳаёт ва фаъолияти занони сарвари замони Истиқлолияти кишвар ошно месозад. Онҳо дар давраҳои гуногун рушди кишвар вазифаҳои пурмасъулро бар уҳда доштанд ва имрўз ҳам барои ободиву шукуфоии кишвар саҳм мегузоранд. Муаллифон талош кардаанд, ки ҷавондухтарон дар бораи занони сиёсатмадор на танҳо маълумот гиранд, ҳамчунин, барои расидан ба дараҷаи онҳо саъю кўшиш намоянд. Ба гуфтаи Унсурулмаолии Кайковус:
Агар гўӣ, ки битвонам, қадам дарнеҳ, ки битвонӣ,
В-агар гўӣ, ки натвонам, бирав биншин, ки натвонӣ.
15 январи соли равон дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби мутафаккири машҳури Чини кадим Лао-Сзи бо номи “Дао дэ сзин. Китоби роҳ ва фазилат” чоп шуд. Мураттиби китоб сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода буда, он бо кумаки молиявии Маркази мубодилаи фарҳангии Тоҷикистону Чин интишор гаштааст. Ин нашрияи нодир дар Бунёди забони тоҷикӣ таҳти назари доктори илмҳои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода ба чоп омода шудааст.
«Дао дэ сзин» (Китоби роҳ ва фазилат)-и Лао-Сзи ганҷинаи арзишманди андешаву хиради чинӣ ва яке аз бузургтарин китоб
16-уми январи соли равон мулоқоти Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк доир гардид.
Ҳадаф аз ташрифи Сафири тозаинтихоби Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ бо кори Китобхонаи миллӣ, боздид аз бойгонӣ, феҳрист ва
Ин бону аз маъруфтарин муаллифони насри ҷиноию моҷароӣ (дедективӣ) дар тамоми давронҳо эътироф шудааст ва аз нависандагонест, ки бо теъдоди нашри пуршумори осораш то ин дам дар ҷаҳон назир надорад. Ӯро беш аз шаст румони ҷиноӣ, шаш румони психологӣ (бо тахаллуси Мэри Вистмакотт) ва нуздаҳ маҷмуаи ҳикояҳо ба чоп расидааст. Ин низ аз нодиррухдодҳост, ки шонздаҳ пиесаи ӯ дар Ландан ба саҳна гузошта шудааст. Осорашро бо садҳо забони дунёву бо милёрдҳо нусха баргадон ва ба зевари чоп кашидаанд.
Ӯ КРИ́СТИ (Christie) ОГОТО аст, нависандаи инглис, 15 сентябри 1890 ба дунё омада ва 12 январи 1976 аз дунё