Хонандагон бо осори се тан адиби роҳафтода – Юнуси Имомназар, Шариф Халил ва Фаридуни Фарҳодзод, ки имрӯз дар майдони насри тоҷик дар Ӯзбекистон корнамоӣ мекунанд, аз наздик ошноянд. Ин эҷодкорон ба унвони муаррифгари адабиёти насрии тоҷик дар Варорӯд бештар бо ҳикояҳо, қиссаҳо, ҳикояҳои ҳаҷвӣ, ҳикоёти хурд, новеллаҳо ва осори публитсистии худ шинохта шудаанд.
Китоби мазкур низ аз намунаҳои эҷодии ин нигорандагони каломи бадеъ, ки ахиран ба нӯги хома омода ва аҳёнан дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ ба табъ расидаанд, фароҳам омадааст.
Малика Ҷӯрабекова ба синни мубораки 75 қадам гузошт. Ҳам ҳунарманд аст ва ҳам устоди ҳунармандон. Муассиси аввалин театри анъанаҳои миллӣ бо номи “Гаҳвора”. Ва дар суҳбате гуфта буд: “Тифли ормонҳоям дар гавҳора калон хоҳад шуд”.
ҶЎРАБЕКОВА Малика Ҳалимбековна 11 январи соли 1945 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Санъатшинос, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991).
Дар нашриёти «Контраст»-и ш.Душанбе китоби нави соҳибкори фозилу донишманди мамлакат Акрам Воҳидов ва доктори илмхои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода бо номи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – чароғи роҳи пешрафт» ба забони тоҷикӣ чоп шуд.
Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин
Маҷмўаи «Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба масоили назарӣ, методӣ ва амалии соҳавӣ натиҷаи таҳқиқоти илмию амалии олимону мутахассисонро дар худ таҷассум намудааст. Таҳиягарони маҷмўа тасмим гирифтаанд, ки оид ба таърих, фарҳанг истифодаи навгониҳо ва сарчашмаҳои нодири бойгонии Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмиллалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон ва масоили вобаста ба он, маводи ҷолиб ва арзишманд ба муҳаққиқону, мутахассисон, омўзгорону донишҷўёни соҳа манзур намоянд.
Чунин ном дорад китоби нависандаи тоҷикзабони муқими шаҳри Тошканд Юнуси Имомназар, ки ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ расидааст. Ин китоб аз ҳикоя, қиссаҳо, очеркҳо ва мақолаҳои публитсистӣ, таҳлилӣ ва фарҳангии муаллиф мураттаб шудааст.
Зиндагии инсонро бе мушкилот тасаввур кардан амри маҳол аст. Бо ин ҳол, бани башар доимо дар такупост ва аз паи ҳалли мушкилот оромӣ надорад. Аз як сӯ, ба хотири кушодани басту бандҳои пешомада ва аз ҷониби дигар, барои аз байн бардоштани нобаробарӣ, дурӯғ, кинаю адоват, коҳилӣ, ҳасодат, тамаллуқу таарруз ва соир хислатҳои манфур талош мекунад.
Устураи варзиши тоҷик Зибинисо Рустамова ба синни мубораки 65 даромад. Зебинисо Рустамова аз чеҳраҳои маъруфи варзиши кишвар ва ҷаҳон буду ҳаст. Ҳеч бонуи варзишкори тоҷик ба ҳадди Зибинисо ба зинаҳои шуҳрати варзиш нарасидаву ба ҳадди вай ҷоизаву унвон нагирифта. Илова ба ин Зебинисо Рустмова аз маҳорати хуби роҳбарӣ бархӯрдор аст ва солҳо дар корҳои сарварӣ ҳам будаву дар рушди варзиши кишвар саҳм гузоштааст.
Рустамова Зебинисо Сангиновна соли 1955 дар