Хирмани сухан

​ Насри ӯзбек дар давоми сад соли охир на танҳо дар хиттаи Осиёи Миёна ҳамчунин  дар миқёси ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Дар пешрафти он бештар аз чаҳорсад нафар адиб бо осори каму беши худ саҳм гузоштаанд. Дар канори ҳикояҳо  даҳҳо қиссаю романҳои ӯзбекӣ ба забонҳои гуногун тарҷума шуда дастраси дӯстдорони адабиёт гардидаанд. Аз ҷумла, хонандаи тоҷик низ бо беҳтарин намунаҳои  насрии ӯзбек ошно аст.

 Ин китоб бо саъю эҳтимоми адиб ва мутарҷими нозукбин Юнуси Имомназар  фароҳам омада, бар замми шарҳи мухтасари  зиндагию осори чанд тан нависандаи шинохтаи ӯзбек намунаҳо аз

Таблиғи китобҳои тозанашрро чӣ гуна бояд ба роҳ монд?

​ Дӯсти дар Ҷопон таҳсилкардаам гуфт: Дар тамоми ҷойҳои серодами кишвари мавриди назар, мониторҳои калон насб шудаву тавассути онҳо навгониҳо ва ихтироъкориҳо таблиғ карда мешавад. Дар ин росто ҳамчунин доир ба китобҳои тозанашр иттилоъ дода шуда, китобхонӣ низ ба таври хеле густурда таблиғ мегардад.

ТАФРЕҲ: Ғазали хубе аз Нодири Нодирпур

​Эй шаб, эй шаби барфӣ, эй шаби зимистонӣ! 
Гиря дар гулӯ дорам чун ҳавои боронӣ.

Бозувони ман суст аст,зонувони ман сангин,
Бори пирӣ аст ин бор, чун барам ба осонӣ?

Пеш аз ин бар он будам, к-аз сафар напарҳезам,
Баъд аз ин нахоҳам кард бо хатар гаронҷонӣ.

Чун чиҳил фароз омад, бар ситеғи ҷон будам, 
Дар нишеби панҷоҳам инак, эй тани фонӣ!

Паёми наҷотбахши Мавлоно барои башарият

 Ишқ пуле миёни инсон ва Худост ва ин пул дер замоне аст, ки шикастааст. Аз дили ҳар инсон ба сўи Худо роҳе аст, ки розҳо ва ҳақоиқро бевосита метавон дарёфт кард. Башар ин роҳро дар ғубори худхоҳӣ ва худбоварӣ гум кардааст. Мавлавӣ дасти инсони саргаштаро мегирад ва дар байт байти ашъори худ ба ишқ раҳнамоӣ мекунад. Ишқе, ки Мавлоно ба инсон муаррифӣ мекунад, аз таваҷҷуҳ ва дилбастагӣ ба мазоҳири инсонӣ оғоз мешавад, аммо рў ба

Агар Файзалӣ Наҷмонов зинда мебуд...

 Файзалӣ Наҷмонов-донишманди маъруф, яке аз шарқшиносони шинохта 80 сол пеш дар чунин рӯзҳои сарди зимистон дида ба олам боз карда буд. Ва 27 сол пеш аз олам рафт. Аз зумраи касоне буд, ки дар рушди шарқшиносии кишвар саҳми сазовор дошт. Солҳо факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро сарварӣ кард ва имрӯз садҳо нафар аз хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат Файзалӣ Наҷмоновро бо ифтихор устоди худ меноманд.

Китобҳои тозавуруд: “Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ”

 Ин китоб бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода нашр шудааст.

Муаллифон:

Шарофзода Г., Матробиён С., Шодиев Р.   Бобоназаров Б.. Зулфониён Р.. Исмоилов Ш., Маҳмадҷонов О.,   Мирбобоев А., Мирзоев С.. Муҳтарам Ҳотам, Назарзода С.,  Офаридаев Н.,  Рустами Ваҳҳоб,  Султонов М.,  Тураев Б., Ҳомидов Д.

Страницы