ТАФРЕҲ: Ғазали хубе аз Нодири Нодирпур

Эй шаб, эй шаби барфӣ, эй шаби зимистонӣ! 
Гиря дар гулӯ дорам чун ҳавои боронӣ.

Бозувони ман суст аст,зонувони ман сангин,
Бори пирӣ аст ин бор, чун барам ба осонӣ?

Пеш аз ин бар он будам, к-аз сафар напарҳезам,
Баъд аз ин нахоҳам кард бо хатар гаронҷонӣ.

Чун чиҳил фароз омад, бар ситеғи ҷон будам, 
Дар нишеби панҷоҳам инак, эй тани фонӣ!

Дар ҷамоли тан гаштам, то камоли ҷон ёбам, 
Ҳосилам чӣ буд, эй дил, ғайр аз ин парешонӣ.

Дӯст дар миёнсолӣ субҳи маърифатро дид,
Ман чаро набурдам раҳ ҷуз ба шоми нодонӣ.

Нури маънавиятро дар дил орзу кардам,
Барфи хиҷлатам биншаст бар ду сӯйи пешонӣ
.

Равшанӣ маро нашнохт, рӯ ба зулмат овардам,
Кай тавонамат дидан, эй чароғи яздонӣ?!

Пӯзиши гуноҳонро ғайр аз ин наёрам гуфт: 
Вой аз ин мусалмонӣ, вой аз ин мусалмонӣ
.

Барчаспҳо: