Муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика 80-сола шуд

 Саидҷаъфар Қодирӣ яке аз физикдонҳои шинохта дар кишвар аст. Донандаи хуби забони  тоҷикист, ки борҳо сари истилоҳоти физикӣ дар матбуот баҳсҳо ҳам доштааст. Аз фаъолтарин муаллимони ин фан дар матбуоти кишвар аст. Навиштаҳо ва таҳлилҳои илмиаш борҳо мавриди баҳсу баррасиҳо қарор гирифтаанд. Муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика мебошад, ки соли 1985 чоп 

Ричард Фрайро мешиносед?

 Ричард Фрай, ки агар зинда мебуд ба синни мубораки 100 қадам мегузошт, аз ҷумлаи маъруфтарин шарқшиносони олам аст. Донишманде, ки солҳо дар Тоҷикистон зиставу барои рушди илми ховаршиносӣ талошҳои зиёде карда ва дар таълифи китобҳо, тарҷумаи осори ниёгони мо ба инглисӣ ҳиссаи сазовр гузоштааст. Ин олими пуркор ва маъруф баҳори соли 2014 дар Бостон (ИМА) дар синни 94-солагӣ тарки олам кард.

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор…

​ Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимиии халқҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 - уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини 

Китоби нав барои донишҷӯёни макотиби тиббӣ: ФАРМАКОЛОГИЯ

Муаллифи ин китоб профессор Бӯстон Ишонқулова мебошад. Бӯстон Ишонқулова дар омўзиши гиёҳхои шифобахши Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорад ва натиҷаҳои ин таҷрибаҳо ба рисолаи докториаш ворид карда шуданд. Бустон Астановна муаллифи монографияи «Гиёҳҳои шифобахши қандпасткунандаи Тоҷикистон” низ мебошад.

 Фармакология яке аз бахшҳои асосии илми тиб буда, бо маводҳои доругии таъсирбахши зиёде тибби амалиро бою ғанӣ гардонидааст. Рушди фармакология ва саноати фармасевтӣ бо дастовардҳои бузурги тадқиқотҳои фундаменталӣ 

Китоби нав: “Фимоз усулҳои ташхис, амалиёт ва оризаҳои амалиёти хатна”

 Ин дастурамали таълимӣ аз ҷониби  А.А.Азизов, Р.Султонов, Б.М. Займудинов  таҳия шудааст. Муаллифон дар пешгуфтор овардаанд:, ки ҳар як халқ дар тўли мавҷудияташ даҳҳо маросимҳои диниву миллӣ, маҳаллӣ, давлативу ҷомеавиро эҷод кардаву аз сар мегузаронад,қисматеро ба дасти фаромўшӣ супурда ва қисматеро ҳамчун ҷузъи таркибии зиндагияш нигаҳбонӣ менамояд. Дар миёни халқҳои  гуногуни дунё маросим ва урфу одатҳои зиёде вуҷуд доранд, ки вобаста ба ҷисми инсон амалӣ карда мешаванд.Масалан, сўрох кардани гўш, дар баъзе халқҳо сурох кардани бинӣ барои овезаҳои ороишӣ, шикастани як дандони пеш, холкӯбии бадан дар ин шуморанд.

Сарсухани академик Абдулғанӣ Мироев ба китоби "Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ"

«Тоҷикон ва ўзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дўстию бародарӣ кўшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дўстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошад. Мо бояд барои халқҳоямон фазои дўстию самимияти ва ҳамдигарфаҳмию ҳамкориро, тавре дар 

Страницы