Дар Китобхонаи милли Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мизи мудаввар бахшида ба ҷашни Сада зери унвони “Сада – башорати Наврӯзи оламафрӯз”доир гардид.
Салима Раҷабова – муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ фарорасии ин ҷашни бостониро ба кулли
Моҳи ноябри соли 1913 васоити ахбори оммаи Британияи Кабир дар тамоми ҷаҳон хабареро оид ба додани Мукофоти Набелӣ дар бахши адабиёт, паҳн намуд, ки аз аз шунидани он ҳам аврупоиён дар ҳайрат монданду ҳам мардумони Шарқ. Ин хабар аз он лиҳоз боиси ҳайрат шуда буд, ки як шоири шарқӣ аз Ҳиндустони мустамликавӣ ба гирифтани чунин мукофоти олӣ ба мисли Мукофоти Нобелӣ сазовор шудааст. Ин шахсияти бузург Равиндранатҳ Тҳакур (1861-1914) буд, ки аллакай қариб сӣ сол боз дар ватани худ – Ҳиндустони бостонӣ ҳамчун адиби беҳамто шуҳрат дошт. Чунин мукофоти олӣ ба шоир барои он ашъоре, ки зери унвони «Гитанҷалӣ» (Gitanjali) маълум аст, муносиб дониста шуд. Gitanjali дар талафузи банголӣ
«Ҳофиз ҳофизаи мост. Зеҳну забону зиндагии мо сиришта бо Ҳофиз аст. Девони Ҳофиз фақат як дафтару девон нест, номаи зиндагиву зиндагиномаи мост. Ҳофиз фаротар аз адабиёт аст. Ҳофиз ба мо жарф зистану шод зистан меомўзаду яктана такягоҳи мост. Ҳеҷ кас чун ў зеру бами зиндагии моро намедонаду дар ғаму шодии мо шарик нест».
Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ
Муддатест сомонаи адиби маъруфи тоҷик Баҳром Фирӯз дар фазои маҷозӣ гардон аст. Тӯли ин муддат садҳо тан аз ҷумла ҳаводорони эҷодиёти адиб аз он дидан карданд ва китбҳояшро мутолиаву аз шарҳи ҳолат бохабар шуданд. Ин як сомонаи пурмуҳтавоест, ки ба муносибати ҷашни 80-солагии адиб бастагонаш фаъол намуданнд. Гуфта мешавад, ки сомона қаблан ҳам буд,
17 нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ва Китобхонаи илмӣ-тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба як давраи нави омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Субҳи имрӯз бо ҳузури ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ин давраи омӯзишӣ оғоз шуд ва қарор аст то 31-уми январи соли
Китоби профессор Зумрад Ямоқова “Методикаи экспертизаи хатшиносӣ” барои донишҷўёни факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ, аспирантҳо, докорантҳо, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, коршиносоне, ки ба масъалаҳои мубориза алайҳи ҷинояткорӣ машғуланд, тавсия шудааст.
Дар байни илмҳое, ки асоси омодагии касбии муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, кормандони оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳимоятгаронро ташкил медиҳад, экспертиза мавқеи асосиро ишғол мекунад, ки таҷрибаи мубориза бар зидди ҷинояткориро меомўзад, хулосабарорӣ мекунад, роҳҳо, восита ва усулҳои ошкор кардани ҷиноятро пурра мегардонад.