“Адабиёти бачагона дар замони Истиқлол”

​ Муаллифи ин китоб пажӯҳишгари тоҷик Саидраҳмон Саидов аст ва он аввали соли равон  интишор ёфтааст. Китоб барои омўзгорону магистрҳо ва донишҷўёни факултаҳои филологӣ, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии ихтисосҳои омўзгории донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои омўзгории ҷўмҳурӣ,таҳсилоти ибтидоӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, мухлисону ҳаводорони адабиёти тоҷик тавсия дода шудааст.

  Дар пешгуфтор муаллиф навиштааст: “Нахустин китоби бадеӣ барои кўдакони тоҷик бо унвони «Таронаи бачаҳо» соли 1927  ба табъ расидааст, ки он ба қалами олими дақиқаназар 

Китоби нав: “Фароштурук”

​ Китоби нави Адиби табиатшиноси тоҷик Маҷид Салим бо ҳамин ном аз чоп баромад, ки маҷмӯи ҳикояҳои тозаи нависандаро дар бар гирифтааст. Хонандагон бо ҳикоя ва қиссаҳои адиби табиатшинос, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим ошноӣ доранд.

 Фароштурук  парандаи хурди тезпарвоз буда, болҳои тез ва думи дарози қайчимонанд дорад. Дарозии бадани ин паранда 14-19 см, паҳноии болҳояш то 30 сантиметрро ташкил дода, 17-20 грамм вазн дорад. Ба оилаи фароштурукҳо ва қатори гунҷишкшаклон мансуб аст. 

Ояндаи сайёҳӣ дар Бадахшон

 Дар Бадахшон ноҳияи Ишкошим яке аз ноҳияҳое, ки дорои ёдгориҳои таърихӣ буда, силсилақалъаҳои қадимаро дорост, ки бунёдашон ба асрҳои 2-3 то мелод рост омада, аз таърихи гузаштаи ин вилоят дарак медиҳад. Чун дигар манотиқи Бадахшон водии Вахони Ишкошим макони шикорчиёни қадима будааст, ба ин хотир дар назди остонҳо, ҷойҳои муқаддас ва  қариб дар ҳамаи хонаҳои бадахшонӣ, сари бомҳо ва даруни хонаҳо 

Азизи Азиз: Адабиёти бачагона дар кишваре рушд мекунад, ки кўдак бачагӣ дорад

Ин суҳбати ихтисосӣ Бо Азизи Азиз-яке аз адибони маъруфи бачаҳо чор сол пеш доир ва дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп шуда буд. Субҳи имрӯз паём аз зодрӯзи адиби маъруф расид. Мусоҳибаро бори дигар хондам ва онро боз ҳам дархури рӯз ёфтам. Басо нуқтаҳои ҷолибе дорад ин суҳбат, ки хондани он талафи беҳудаи вақт нахоҳад буд. Мушкили имрӯзи адабиёти кӯдак дар Тоҷикистон ва минтақа,  

Драматургияи Сотим Улуғзода

 Устоди шодравон Сотим Улуғдода аз ҷумлаи маъруфтарин адибони кишвар мебошад, ки бо повесту роман, ҳикояву асарҳои саҳнавии худ шуҳрат ёфтааст. Адиби нуктасанҷу донишманд омӯзиши таърих ва гузаштаи пурифтихори миллатро ба як бахши муҳими эҷодиёти худ қарор дода буд. Ин асарҳо имрӯз бидуни шак ганҷинаи прубаҳои адабиёти муосиранд ва вуҷудашон ин сарватро ғанитар кардааст.

«Аҳмади Дониш», «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ», «Пири ҳакимони Машриқзамин», «Субҳи

Вазири ботадбир

 Дар замони вазирии Меҳрубон Назаров фарҳанги миллии тоҷик инкишофи назаррас ёфт. Масъалаҳои ташкил намудани ҷавонони овоздори мо ба номи Маҳмуҷчон Воҳидов  ва ба кор андохтани донишкадаи санъат дар пойтахт, фаъолияти ансамблҳои «Лола», “Гулшан» ва ғайра дар ҳамон вақт ба вукўъ пайваста буданд. Як зумра ҳунарварони ҷавон ба мисли Малика Собирова, Ҷўрабек 

Страницы