“Роҳҳои татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”

​ Баъд аз зуҳри рӯзи 19-уми феврали соли равон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Муассисаи давлатии  «Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон» мизи мудаввар бо иштироки коршиносони соҳаи  китобдорӣ  зери  унвони  “Роҳҳои татбиқи равандҳои инноватсионӣ  дар  фаъолияти  китобхонаҳои  Ҷумҳурии 

Пандномаҳои Ҳусайни Ҳоҷимурод бо номи “Ҳазору як таманно”

 “Ҳазору як таманно” дарбаргирандаи пандномаи шоир Хурсанди Ҳоҷимурод аст, ки паҳлуҳои гуногуни зиндагии як инсонро дар бар мегирад ва хонандаро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Хурсанди Ҳоҷимурод 14 январи соли 1958 дар деҳаи Чўянгарони ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат) дар оилаи хизматчӣ чашм ба оламии ҳастӣ кушодааст.

     Баъди хатми мактаби миёна соли 1975 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1980 ба ихтисоси муҳандиси сохтмони гражданӣ ва саноат хатм намудааст. Пас аз хатми донишкада бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи

Ғоиб Сафарзода – шоири ватанпарвар ва истиқлолхоҳ

 Агар Ғоиб Сафарзода зинда мебуд, имсол 80-умин солгарди умрашро ҷашм мегирифт. Дардеву дареғо, ки дар як садама дар синни 32-слагӣ бо ҳаёт падруд гуфт. Рафт, дар лаб шеъри ногуфта ва шояд садҳо мақолаҳои хуби хонданӣ нонавишта. Чун он замон рӯзноманигорӣ мекард ва даҳҳо мақолаҳои хубаш дар саҳифаҳои “Тоҷикистони саветӣ” чоп шуда буданд. Вале ӯро чун шоир 

Таҳқиқи пурарзиш дар библиографишиносии миллӣ

 Дар дебочаи китоб омадааст, ки муаллифон зимни таҳияи ин асар бештар аз осори илмии олимони соҳаи библиографишиносии рус ва библиографишиносони тоҷик истифода шудааст ва ба донишҷӯёну омӯзгорон ва мутахассисони соҳа пешниҳод мешавад. Зеро, асари мазкур ба  масъалаҳои назариявии библиографишиносӣ: аз ҷумла мафҳумҳо ва истилоҳоти бунёдии библиографишиносӣ, ки заминаи назариявӣ ва методологии силсилаҳои фанҳои библиографиро ташкил медиҳанд, пешбинӣ шудааст.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ бахусус азму талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти

Аввалкитоби Мадинаи 12-сола: “Ҳамешабаҳор”

​Дар ин китобча нахустин нигоштаҳои талабаи синфи 5-и МТМУ рақами 47-и ноҳияи Сино Мадина Каримзода гирд оварда шудааст. Мадина узви фаъоли махфили «Ҳамешабаҳор» аст, ки ба он шоири шинохта Хайрандеш роҳбарӣ мекунад. Ба китоби нахустинаш «Ҳамешабаҳор» ном гузоштани Мадина низ арҷгузорӣ ба устодаш Хайрандеш ва маҳфили “Ҳамешабаҳор” аст. Албатта, нигоштаҳои Мадина ҳанўз шогирдонаанд ва аз камбуд орӣ нестанд.  Вале аз азми устувор ва меҳру муҳаббати самимиаш ба сўханварӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Ин ду шеър чун муште аз хирвор аз китоби “Ҳамешабаҳор”-и 

Зодрӯзи марди хираду андеша. Агар Зоҳир Аҳрорӣ зинда мебуд, дар 90 медаромад

​ Аз мавлуди олими забардаст ва донишманди фозил Зоҳир Аҳрорӣ 90 сол мегузарад ва аз маргаш 11 сол. Ба қалами Аҳрорӣ беш аз 100 монографияву рисола, мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои публитсистӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Вай ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруф Абдураҳмони Мушфиқиро омўхта, дар борааш рисолаи номзадӣ навишт ва осори ўро ба шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон намуд. Аҳрорӣ яке аз таҳиягарони матни интиқодии «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ (дар 9 ҷилд) мебошад, ки аз соли 1964 сар карда то соли 2009 се бор ба табъ расидааст.

Страницы