Беш аз панҷ ҳазору ҳафтсад хонандаи толори кӯдакону наврасон дар чиҳил рӯзи охир

​ Зарфи чиҳил рӯзи сипаришуда 5 ҳазору 758 нафар хонандагони наврас ба толори кӯдакону наврасон ташриф овардаву 158327 китоб дархост кардаанд. Як ҳазору бист нафари онҳо касоне мебошанд, ки нав ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Афзоиши сафи хонандагон ва ҳузури ҳамарӯзиашон нишондиҳандаи майлу рағбати онҳо ба мутолиаи китоб дар қиёс ба солҳои пеш аст.

Хирад - неруи тавоно

​ Чунин ном дошт мизи мудаввар, ки охири ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи милли Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарон, кормандони китобхона ва хонандагон баргузор гардид. Дар нишаст ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, идораву муасисаҳои дигар иштирок доштанд.

 Мавзӯъи меҳварии мизи мудаввр ифротгароӣ ва

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳар як оила туҳфа карда шавад. 

Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ

Ин китоб соли 2017 чоп шудааст ва барои хоннадагони навраси худ, ки дар толори кӯдакону наврасон саргарми мутолиа мешаванд, тавсия медиҳем. Донистани фарҳанги номҳои миллӣ хеле муҳим аст, то руҳияи милли мо боло гирад, аз номгузориҳои бегона парҳез кунем. Муаллифон дар муқаддима овардаанд: “Номхо аз умқи забон маншаъ гирифта, забони гўёи суннатҳо, расму анъана ва фархангхо маҳсуб меёбанд. Ҳар номе, ки бунёди қадимӣ дорад, чун нигорае дар осорхонаи манънавии ҳар қавму миллат, намоишдиҳандаи раванди инкишофи таърихии андешаву ҷаҳонбинии ниёгони онҳо ба ҳисоб меравад.

Китоби файласуфи шодравони тоҷик дар Теҳрон чоп шуд

Нозир Арабзода дар Теҳрон чоп шуд

Нозир Арабзода дар корномаи илмӣ ва пажӯҳишии худ осори зиёде дар ҳавзаи муҳимтарин масъалаҳои таърихи фалсафа дорад, ки пажӯҳишҳои бунёдӣ дар мавзӯи таълимоти фалсафии Носири Хусрав, Фахриддини Розӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Сино, Ибни Ямин, Абубакри Розӣ, Насириддини Тӯсӣ, Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарон аз ҷумлаи онҳост.

Ҳамчунин аз ин устоди фақид беш аз 30 мақолаи илмӣ дар Донишномаи шӯравии тоҷик ба ёдгор мондааст, ки бештар ба

Се амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Китобхонаи миллӣ

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Файзализода Ҷумахон Хол директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Страницы