Ояндаи сайёҳӣ дар Бадахшон
Дар Бадахшон ноҳияи Ишкошим яке аз ноҳияҳое, ки дорои ёдгориҳои таърихӣ буда, силсилақалъаҳои қадимаро дорост, ки бунёдашон ба асрҳои 2-3 то мелод рост омада, аз таърихи гузаштаи ин вилоят дарак медиҳад. Чун дигар манотиқи Бадахшон водии Вахони Ишкошим макони шикорчиёни қадима будааст, ба ин хотир дар назди остонҳо, ҷойҳои муқаддас ва қариб дар ҳамаи хонаҳои бадахшонӣ, сари бомҳо ва даруни хонаҳо шохҳои бузи кӯҳиро дидан мумкин аст, ки ин аз муқаддас будани онҳо ва ҳосияти нек доштани онҳо шаҳодат медиҳад.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муарификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Пайдоиши сайёҳӣ дар дунё аз ҳисоби муносбатҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо ба миён омадаст. Сайёҳӣ ин асосан барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва шинохти фарҳангу миллати халқиятҳои гуногун мебошад.
Маҳз барои ҳамин ворид шудани сайёҳон ба кишвари мо Тоҷикистони азиз ва алалхусус кӯҳистони Бадахшон сол аз сол зиёд шуда истодааст ва «Боми ҷаҳон» ном гирифтани ин вилояти зебо имрӯзҳо вирди забони ҳамагон буда, онро эҳтиром менамоянд. Ба гуфтаи баъзе аз сайёҳҳони хориҷӣ Боми Ҷаҳон ягона гӯшаи дунёе аст, ки дар онҷо нишонаҳои чор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст. Зимистон сербарф, баҳор эҳёи табиат, тобистон гармии хуш аз барои иҳота намудани кӯҳҳои сарбафалаккашида саҳаргоҳон ва бегоҳирӯзӣ салқин, рӯзона гарм ва мавсими тирамоҳ бошад зарин, бисёр зебо, агар дар дигар минтақаҳо мева ва сабзавот аз пухтан боз монад дар дар Бадахшони азизамон бошад меваҳо дар пухту пазанд ва сабзавот дар ҳоли сабзиш ва то охири моҳи тирамоҳ халқ бошад аз меваҳо ва сабзавоти тару тоза истифода мебаранд.
Дар Бадахшон ноҳияи Ишкошим яке аз ноҳияҳое, ки дорои ёдгориҳои таърихӣ буда, силсилақалъаҳои қадимаро дорост, ки бунёдашон ба асрҳои 2-3 то мелод рост омада, аз таърихи гузаштаи ин вилоят дарак медиҳад. Чун дигар манотиқи Бадахшон водии Вахони Ишкошим макони шикорчиёни қадима будааст, ба ин хотир дар назди остонҳо, ҷойҳои муқаддас ва қариб дар ҳамаи хонаҳои бадахшонӣ, сари бомҳо ва даруни хонаҳо шохҳои бузи кӯҳиро дидан мумкин аст, ки ин аз муқаддас будани онҳо ва ҳосияти нек доштани онҳо шаҳодат медиҳад.
Бояд қайд кард, ки дар Бадахшон машҳуртарин чашмаҳои шифобахши аз ҷумла Гармчашма, чашмаи Бибифотимаи Заҳро, Авҷ, Ямчун ва Зонг мавҷуданд, ки обҳояшонро мардуми маҳал шифобахш меномад ва дар ҳақиқат дар мавриди давои дардҳо будани оби ин чашмасорон даҳҳо мақолаҳо навишта шудааст. Обҳои шифобахш худ як василаи худи ҷалби сайёҳон аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки аз ин чашмаҳо самаранок истифода барем ва табобат бо обҳои шифобахш ба як анъанаи деринаи мо табдил ёбад. Ин кор агар аз як ҷониб боиси ривоҷу равнақ ёфтани туризми дохилӣ гардад, аз тарафи дигар бо ин роҳ сокинон ҳам барои табобат ба чашмаҳои табобатӣ ва сайёҳат ба манотиқи дурдасти ин ноҳия мераванд ва ҳам ошноии онҳо бо мардумони ин маҳал бештар мешавад.
Имкониятҳои густариши сайёҳӣ дар Бадахшон хеле зиёд аст. Агар фақат кӯлҳоро гирем, дар ҳудуди Бадахшон бештар аз 140 обванди хурду бузург мавҷуд мебошад. Ин воқеият сарзамини пурасрор ва биҳиштосоро ба чашми бинандагон боз ҳам зебо нишон медиҳад. Яке аз нухустин сайёҳони рус бо таассуроти амиқ аз шукӯҳи кӯлҳои минтақа онҳоро «чашмони нилгун»-и Помир унвон намудааст, ки ин кӯлро кӯҳҳои осмонбӯс дар баландии 3200 метр аз сатҳи баҳр бо захоири 17 миллиард метрии мукааб оби ширин дар каф гирифтаанд. Сарезро бархе аз мутахассисон барои эҳтимолияти хатароти рахнашавӣ «аждаҳои хуфта», аммо иддае барои зебои ва табиати нотакрораш «нозанини хуфта» унвон мекунанд. Кӯли Сарез ба яке аз ҷойҳои диданӣ барои дӯстдорони зиёди сайёҳии дохилу ҳориҷи кишвар табдил ёфтааст.
Қуллаҳои бо виқору сарафрози Бадахшон рамзи мардуми сарбаланди ин сарзамин буда, «чашмони нилгун» ба ин пайкар шукӯҳ ва зебоии бештаре мебахшанд. Балантарин қуллаҳои Осиёи Марказӣ Исмоили Сомонӣ (собиқ Коммунизм) ва Истиқлол (собиқ Ленин), пиряхҳои Федченко ва Грум-Грижимайло дар Помир ҷой дошта, ҳамасола кӯҳнавардони зиёд ба манзури фатҳи онҳо ва пажӯҳишу тамошои пиряхҳо ба Тоҷикистон меоянд. Бо ибтикори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ тарҷумонҳо дар забонҳои гуногун ва роҳбаладони сайёҳӣ омода гардидаанд.
Адабиётҳои истифодашуда
1. Бадахшон макони саёҳист [Манобеи электронӣ]:. – Низоми дастрасӣ // http://environment.tj/badahshon-makoni-sajjohist/
2. Давлатмамадов, Ш. Чашмаҳои дармонбахши Бадахшон. / Ш. Давлатмамадов. – Душанбе, 2006. – 63 саҳ.
3. Таърихи Бадахшон. – Душанбе: Маърифат, 2007. – 132 саҳ.
Таҳияи Оинамо Имомназарова
мутахасиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.