Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: АДРАСБОФӢ

Бофандагон  барои рангубори адрас рангҳоро аз пўстлохи анор, испарак ва ғайра тайёр мекарданд. Аз маъданҳо купороси оҳан, шанҷарф, суринҷ, лоҷвард, оксиди мис ва чанде дигар истифода мешуданд.  Адрас дар шаҳру ноҳияҳои гуногун фақат бо нақшунигор фарқ дошт, вале усули бофтани он дар ҳама ҷо яксон сурат мегирифт.

Тарзи истеҳсоли адрас-матои мунаққаши дастибофи тораш абрешиму пудаш аз ресмон. Дар Хуҷанд адрасро “подшоҳӣ”ва адраси сурхро “подшоҳи сурх” низ меномиданд. Дар гузаштаи начандон дур адрасро аз абрешими нисбатан дурушт мебофтанд, ки нахи он аз 15-20 пилаи даҳбандӣ иборат буд. Ҳар банд 200 нах дошт. Аз ҳар сўрохи теғи дастгоҳи бофандагӣ чор нахи торро мегузаронданд. Нахи тори беқасаб борик, вале адрас тори ғафс ва пуди борики ресмонӣ дорад. Пуди адрас аз се ресмони борики тори сафед ё ранга иборат буд. Андозаи бари адрасҳо маъмулан се навъ мешавад: одӣ (одмиёна) – 40 см, сербар (олчибар)-70 см ва камбар (якбара)-26 см. 

Адрасбофҳо ба ду гурўҳ ҷудо мешуданд.“Бофанда”устое буд, ки дар дастгоҳи адрасбофӣ кор мекард ва коргаре, ки ба таркиби ресмонҳо назорат менамуд, ўро “иштибар” меномиданд. Устоҳои дигар нақшҳои адрасро таҳия мекарданд, ки ин амалро абрбандӣ мегуфтанд.   

 Бофандагон  барои рангубори адрас рангҳоро аз пўстлохи анор, испарак ва ғайра тайёр мекарданд. Аз маъданҳо купороси оҳан, шанҷарф, суринҷ, лоҷвард, оксиди мис ва чанде дигар истифода мешуданд.

 Адрас дар шаҳру ноҳияҳои гуногун фақат бо нақшунигор фарқ дошт, вале усули бофтани он дар ҳама ҷо яксон сурат мегирифт.

Адрасро абрбандӣ карда, аз ду то ҳашт навъи рангҳоро дар нақшу нигор истифода мебурданд. Вобаста ба сабки ороиш ва тобиши рангҳо адрасро пудавлон, шоҳзабз, зангор, пудсафед, бунафш, барги карам, хумӣ, нағора, шона, мурғобӣ, галашоҳ ва ғайра меномиданд. Адрасе, ки дар ду тарафаш гул партофта шуда бошад, адраси дурўя ном дошт.

Адрасро бештар дар дастгоҳҳои махсус ороиш медоданд, ки сифаташ беҳтар ва намудаш ҷилодор мешуд. Аз адрас кўрпа ва дигар лавозими рўзгор медўхтанд.

ШАРҲ: Ин мақола аз китоби  “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” (қисми якум), ки соли  2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик чоп шудааст, иқтибос шуд.  Хонандагон метавонанд бо он дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи чоруми Китобхонаи миллӣ ошно шаванд. 

Таҳияи Зебуннисо Сафарова, мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар