Таваллуд ва марги ҳунарманди маъруф Борис Наматиев моҳи январ будааст. 10-уми январи соли 1930 дар шаҳри Киркии Туркманистон дида ба олам кушодааст ва 19 январи соли 2016 дар синни 86-солагӣ дар Байтулмуқаддас тарки олам кардааст. Яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳунари тоҷик буд, ки ҳатто баъди кӯч бастан ба Исроил ансамбли тоҷикӣ бо номи “Бухоро” таъсис додаву муваффақ шудааст. Дар бойгонии радио ва телевизиони тоҷик таронаҳои зиёде аз ӯ маҳфузанд, ки чун фонди тиллоӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Бо номи ў нахустин қадамҳои театри тоҷик вобастаанд. Яке аз ҳунарварони пешқадами касбии драмавии тоҷик, иҷрокунандаи нақшҳои лирикию драмавӣ дар асарҳои саҳнавии миллӣ ва классики ҷаҳон, яке аз аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик мебошад.
Ҳунарпешае, ки дар ягон мактаби театрӣ таҳсил накардааст ва бо роҳи хеш қадам ниҳода бисёр душворӣ ва азиятҳоро паси
Муқаддас Набиева – овозхони маъруф ва яке аз маҳбубтарин ҳунармандони кишвар аз солҳои 70-и асри гузашта то ба имрӯз аст. Шояд ҳеч сарояндаи эстрада дар Тоҷикистон маҳбубияти ӯро надошта бошад. Хеле ҷавон рафт ва риштаи ҳаёташ фоҷеавӣ канда шуд. Аз рӯзи маргаш, ки инак 41 сол мегузарад, ҳамоно реҳлати фоҷеабораш муаммост. То кунун даҳҳо мақолаҳо навишта шудаанд, таҳқиқотҳои журналистӣ анҷом шудаанд, вале ба суоли аслии сабаби фоҷеа ҷавоби қотеъ дода нашуд. Зарфи ин ду-се соли охир ҳатто аз муаммоҳои ҳаёти шахсии ӯ, ишқи ӯ, маҳорати ҳунариву касбиаш даҳҳо
Ӯро аксари мардум, замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, Ленини тоҷик меномиданд. Чун аз муваффақтарин ҳунармандони кишвар буд, ки образи Владимир Ленинро бо маҳорати хоса бозид. Дар эҷодиёти вай ҳам лениннома нақши бузург дорад. Ҳунараш дар офариниши нақши доҳӣ ба ҳадде писанд омад, ки шоситаи унвони Артисти халқии СССР шуд.
Бурҳонов Аслиддин Бадриддинович актёри театр ва режиссёри тоҷик 8 январи соли 1915 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Ў соли 1965 Артисти
Паёмро бори дигар ботаваҷҷуҳ мутолиа кардам. Ва иқтибосотеро аз он дар бораи рушди фарҳангу илму ҳунар гулчин кардам. Гумон мекунам донистан хуб аст, ки соли ҷорӣ кишварро чӣ беҳбудиҳое дар самти маориф, илм ва фарҳанг интизоранд. Инак:
Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ
Суҳбат бо Нилуфар – набераи шоираи баноми тоҷик марҳум Норинисо Алимуҳаммадова шояд шабеҳи як суҳбати сарироҳӣ бошад, ки тасодуфӣ сурат гирифт. Ташаббускори суҳбат ҳам Нилуфар буд, ки шояд хоста ё нохоста аз аввалин таассуроташ баъди дурии басо кутоҳ аз пойтахт таваҷҷуҳамро ба худ кашид. Гуфт, ки гӯё ба Душанбе меҳмон шудаму аз зебогии он ба ваҷд омадам ва дар як вақт ошуфтаҳол гардидам, ки дигар наметавонам чун пештара бо модаркалонам дар хиёбонҳои