Агар Зафар Нозим зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 80 медаромад. Сад ҳайфо, ки ин ҳунарманди нотакрор хеле бармаҳал ҷамъи моро тарк кард ва ва ҳазорон мухлисонашро дар суг нишонд. Ҳунарманде буд соҳибмактаб, донишманд ва дар интихоби таронаву оҳанг мумтоз. Руҳаш шоду хонаи охираташ обод бод! Бо чанд ҷумла аз ӯ ёд мекунем.
Зафар аз хурдӣ ба ҷодаи ҳунар по монда ва ҳамеша кўшиш доштааст, ки ба кўи мурод бирасад. Аз ин рў, шавқу рағбати ў ба санъати овозхонӣ пайваста меафзуд. Ва нахустин ҳунарварзӣ дар озмуни саросари ҷумҳурии Тоҷикистон (1957) аз истеъдоди ў гувоҳӣ дод. Баъдтар ба кохи
Алигери Денте аз чеҳраҳои маъруфи тамаддуни ҷаҳонӣ ва аз шахсиятҳои барҷастаи адабиёти замони Эҳёи Италия буда, барои озодии инсон, қадри хиради инсонӣ ва барқарор намудани забони модарияш –италявӣ то охири ҳаёташ мубориза бурдааст. Ф. Энгелс дар бораи Данте чунин гуфтааст: «Вопасин шоири асрҳои миёна ва нахустин шоири замони нав». Данте ҳанўз аз қайди як қатор фаҳмишҳои асримиёнагӣ раҳоӣ наёфта, дар як вақт ба адабиёти ҷаҳон ақоиди тозаи гумистиро ворид сохт.
Рўзи ҳифзи кўдакон ҷашни байналмилаллӣ мебошад, ки аз соли 1950 инҷониб таҷлил мегардад. Тоҷикистон чун узви ҳамин ҷомеаи байналмилалӣ ҳамасола ин рӯзро ҷашн мегирад. Ҳамасола ин рӯз дар Тоҷикистон низ бо шукуҳ таҷлил мешуд, беҳтарин расмҳо ва аксҳои кўдакон ба тамошо гузошта мешуданд, консертҳои идона ташкил мегардид. Вале имсол чун дар тамоми олам ин рӯз таҷлил намешавад. Бемории короновирус ҳамин лаҳзаҳои хурсандии кӯдаконро ҳам гирифт.
Дар ин китоб моҳияти методология, асосҳои методологии маърифати илмӣ, маҷмўи методҳои маърифати илмӣ, махсусияти назарияи ВАО, ҷанбаҳои методологии он, самтҳои асосии пажўҳишҳои илмии муосир дар назарияи журналистика, сохтори методологии таҳқиқи диссертатсионӣ ва амсоли ин мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст.
Он барои муҳаққиқон, аспирантону унвонҷўён, магистрҳо ва ҳаводорони илмҳои гуманитарӣ, хосса илми журналистика пешниҳод мешавад.
Монографияи мазкур ба таҳқиқи илмӣ-амалии функсияи ҳифзи ҳуқуқии давлат, шаклу усулҳои амалисозии он бахшида мешавад. Дар он ҷанбаҳои гуногуни мафҳум, мазмун намудҳои функсияҳои давлат, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ, низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ гардида, мустақилияти функсияи ҳифзи ҳуқуқӣ дар низоми функсияҳои давлат муайян карда мешавад. Дар раванди таҳқиқи функсияи ҳифзи ҳуқуқӣ заминаҳои илмӣ ва амалии мустақилияти он, таносубаш бо функсияҳои дигари давлат, аз он ҷумла бо фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ чун шакли махсуси амалисозии функсияҳои давлат муайян ва таҳлил карда мешаванд.
Умре саҳна оро додааст. Дар беҳтарин намоишномаҳо ба ҳайси ороишгари саҳна интихоб шудааст. Маҳорати хуби эҷодӣ дорад, метавонад саҳнаро тавре оро диҳад, ки ба муроди дили коргардони он бошад. Истеъдоди фитрӣ ёраш. То кунун дар даҳҳо намоишномаҳои театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ номи ӯро чун рассом мехонем. Имрӯз умраш ба 70 расид.
Шобутолибов Шобутолиб Шоиброимхонович рассоми театри тоҷик 30 майи соли 1950 дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнони