Адабгоҳи муҳаббат нози шўхӣ барнамедорад,
Чу шабнам сарбамўҳри ашк меболад нигоҳон ҷо.
АДАБГОҲИ МУҲАББАТ – ин таркиб зоҳиран ифодагари маънии манзил ва ҷое, ки таълими ишқ намоянд, маҳсуб меёбад. Ба иртиботи маънии манзури шоир таъбире барои ифодаи моҳияти ишқ аст, ки дар тафсири ҳақиқати риёзат ва машаққат дар роҳи расидан ба муроди дил эҷод шудааст, яъне адабгоҳи муҳаббат он ҷост, ки дарси ишқ бихонанд ва таҳсили такмили худ бикунанд, то бирасанд ба мақоми инсони комил. Ин ҷо ҳосили сухани шоир он аст, ки барои мактаби ишқ шӯхиву тафреҳу шодмонӣ мафоҳими бегонаанд ва андешаву гуфт
Дар адабиёти аҳли Эҳёи Фаронса Франсуа Рабле аз зумраи чеҳраҳои бузургтарини таҳайюли адабӣ буда, чун донандаи забонҳои атика, илмҳои дақиқ, табиби таҷрибадор ва ниҳоят чун адиби ҳаҷвнигор дар тамоми Европаи Ғарбӣ машҳур гардидааст. Рабле зиндагии аҷиб ва дар айни ҳол пурпечутобро аз сар гузаронидааст. Ў соли 1494 таваллуд ёфта, дар 7 –солагӣ ўро волидайнаш ба мактаби роҳибӣ супориданд. Мактаби роҳибӣ қонунҳои қатъии худро дошт, аз ҷумла хонандаи ин мактаб ё роҳиби оянда ғайр аз китобҳои динӣ ҳуқуқи илмомўзӣ ва китобхонӣ надошт.
Фозил Солиев дар ҳаёти мусиқии ҷумҳурӣ саҳми камназир, мақому мартабаи хос дошта, асарҳои ў ҳамчун намунаҳои ибрати хизмат ба халқу ватани хеш ва санъат абадан дар саҳифаи таърихи фарҳанги миллат сабт ёфтаанд. Сурудҳои «Мепарварам» шеъри А.Шукўҳӣ, «Бихандад лола» шеъри устод Рўдакӣ, «Нигорам ояд»-и О.Лутфӣ, «Ин қадар зебо Душанбеи мо»-и Боқӣ Раҳимзода, «Хандаи лаъли лабат»-и Мирзо Турсунзода, «Боми ҷаҳон»-и Муҳиддин Аминзода ва
Сайидалӣ Маъмур як инсони тарбиятдида, хушахлоқ ва боназокат буда, миёни аҳли қалам эътибори хоса дорад. Шахсан ман, ҳамчун як нафар ихлосмандаш, бо ҳамин фазилатҳои дилрабояш ўро эҳтиром мекунам. Ба аҳли эҷод, пеш аз ҳама дар радифи истеъдод, агар чунин хислатҳои наҷиби инсониро Худо ба ў тақдим медошт, бешак ў пайваста вирди забони хосу ом мебуд. Чунин хушбахтӣ ва некномӣ ба бародари
Чанд сол қабл бар асоси дархости магистрантони кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ин байт шарҳ дода шуда буд. Ҳоло бо дархости бархе аз дӯстон бо таҷдиди назар шаҳри мазкур манзур мегардад.
Ба авҷи кибриё к-аз паҳлӯи аҷз аст роҳ он ҷо,
Сари мӯе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо.
Азизи Азиз-нависандаи маъруфи кӯдакон, ки замоне худ омӯзгор ҳам буд, ба муаллимон дар мавриди қироати матни ҳикоя ё қисса тавсияҳо додааст. Ин тавсияҳо дар силсилакитобҳои ӯ бо номи “Қиссаҳои айёми таътил”, ки ҳамакнун се китоби он чоп шудааст, интишор ёфтаанд. Яъне, адиби шинохта дар поёни ҳар китоб ба омӯзгорон рӯ меорад ва аз онҳо хоҳиш мекунад, тибқи ин маслиҳатҳо ба хонандагон тарзи хондани матнро омӯзанд, то онҳо имкони бештаре барои дарки қиссаву ҳикояҳо дошта бошанд. Тавсияҳои муфиди адиб ба ин қароранд: Омўзгори гиромӣ !