Китоби нав. Ҳаким Гўё. “Тоҷикистони биҳиштосои ман”

 Хаким Гўё аз табибонест, ки ба сухан ва эъҷози шеър шавқу ҳаваси беандоза дорад. Ин қаламкаш  дар баробари табабот пайваста шеър эчод мекунад. Мавзўи асосии ашъориаш муҳаббату садоқат ба халқу Ватан, модар, ҳамдиёрон, дўстон, муҳаббат ба забони модарӣ, тарғиби дўстиву рафоқат байни инсонҳо буда, афкораш манбаи ғояҳои тарбиявию ахлоқӣ мебошад.То имрўз чанд маҷмўаи шеърҳояш ба чоп расидаву дастраси хонандагон гаштааст. “Тоҷикистони биҳиштосои ман” китоби чоруми ашъори ӯст, ки пешкаши ҳаводорони каломи мавзун шудааст. 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19...” содир шуд

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир шуд. Сарвари давлат бо имзои ин санади муҳим як  барномаи мубориза зидди коронавирус дар Тоҷикистонро муаррифӣ карданд ва Ҳукумати кишвар вазифадор шудааст онро дақиқан амалӣ созад.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида: 

Марям Давлатова – шоир, журналист, равоншинос...

Кам донишмандоне дорем, ки масоили равониву гендериро бо забони содаву фаҳмо ва равону мантиқӣ шарҳ диҳанд. Марям Давлатоваро шояд бисёриҳо дар оинаи нилгун мебинанд, чун дар аксари шабакаҳои телевизионии кишвар бо барномаҳои ҷолибу дидани ҳузур меёбад ва дар атрофи масоили равонӣ, мушкилоти оиладорӣ, розҳои хушбахтӣ ва ғайра баҳс мекунад. Ӯ журналист аст, таҳлилгар аст, равоншинос аст, шоир аст...

Нақиб Саид (1930-1992)

 Журналист Нақиб Саид умри дароз надид. Дар синни 62-солагӣ тарки олам кард. Яке аз рӯзноманигорони пурталош буд. Хуб менавишт, барои иншои мақолаҳояш мавзӯъҳои ҷолибро интихоб мекард. Ва шеър ҳам менавишт ва осораш дар чандин маҷмӯъаҳои дастаҷамъӣ интишор ёфтаанд.

 Шоир, ашъораш содаю равон ва оҳангдор аст, дар шакл ба осори классиконамон пойбанд буд, 

Адабиёти ҷаҳон. Антуан де Сант - Экзюпери (1900- 1944)

Антуан  де  Сант   нависанда ва халабони аҳли Фаронса буд. Шахсе буд, ки баъди маргаш ба як қаҳрамони мардумӣ дар Фаронса табдил ёфт. Вай 20 июни соли 1900 дар шаҳри Лиони Фаронса дида ба олам кушода, 31 июли соли 1944 фавтидааст. Яке аз фаъолтарин ширкаткунандагон дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон буд ва чун халабон барои ҳифзи Фаронса аз таҷовузи фашистон ҷангид. 31 июли соли 1941 вай  ба фурудгоҳи Борго воқеъ дар ҷазираи Корсика (яке аз ҷазираҳои кишвари Фаронса, чаҳорумин ҷазираи

Васфи тиб ва табибон дар "Маснавии маънавӣ"

Як муҳаққиқи тасаввуф ва орифи машҳури ҳинд ҳазрати Иноятхон дар бораи донишманд ва адиби бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ (1207-1273) сухан гуфта, дар китоби худ «Ирфони овозу садо» таъкид доштааст, ки «осори Румӣ чунон бузург аст, ки касе онро бихонад ва бифаҳмад, дониши тамоми фалсафаи ҷаҳониро мегирад». Дар ҳақиқат ҳам, дар осор ва таълимоти Мавлоно, аз ҷумла дар асари машҳури ӯ «Маснавии маънавӣ», 

Страницы