Шоир нависанда, ходими намоёни ҷамъиятӣ ва асосгузори назми инқилобии Туркия, Нозим Ҳикмат аз худ зиндагиномаи ибратомўз ва мероси ғаниву пурмўҳтаво боқӣ гузоштааст. Ӯ 20 –январи соли 1902 дар оилаи ашроф тавлид ёфта, ҳанўз аз наврасӣ бо воқеаву ҳодисаҳои пуртўфони ҳаёти он давр ошно шуд ва тадриҷаи яке аз муборизони асили роҳи озодӣ асили роҳи озодӣ гардид. Фаъолияти эҷодӣ ва сиёсии Н. Ҳикмат мусовӣ ҷараён гирифтааст. Аз соли 1917 маҳсули қалами
Сомонаи Китобхонаи миллӣ саҳифаи вижаи “Мӯъмин Қаноат”-ро ба ифтихори зодрӯзи адиби маъруф ба анҷом расонд ва ҳоло он дар фазои маҷозӣ дар гардиш аст. Ин саҳифа иборат аз сарсухан, тарҷумаи ҳол, муруре ба сори адиби номвар, мақолаву шеърҳо дар ситоиши адиб, наворҳои видеоӣ аз шоир ва пайравону шогирдон, адибон ва мухлисон, қироати ашъори шоир аз дигарон ва албатта, кулли осори шоири маҳбубро дар шакли электронӣ дар дастрасии хонадагон қарор дод.
Манижа Аминова ва Парисо Давлатова ду ноболиғе, ки ахиран аз ду гӯшаи олам порае аз достони устод Мӯъмин Қаноат “Суруши Сталинград”-ро қироат карданд. Парисо дар як озмуне ширкат дошт ва соҳиби Шоҳҷоиза шуд. Манижа порае аз достонро замоне қироат кард, ки бо волидонаш дар Русия дар ҳоли карантин ба сар мебаранд. Манижа сарояндаи тавоно миёни наврасон аст, ки дар озмуни байналмилалии “Голос дети”-и ТВ Русия ҳамроҳ бо
Ба Мӯъмин Қаноат
Шеъри нав бархост ҳамчун одами нав,
Ҳамчу тифли инқилоб
Бо саволу бо ҷавобу бо хитоб.
Захмҳои пушти Айнӣ сатрҳои ӯ шуданд,
Оҳҳои хашмолудаш нидои ӯ шуданд.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА. Шаҳодати Инсон
Ба таъзими устод Муъмин Қаноат
Нигоҳи равшани ту обшори Яздон буд,
Сукути лаҳзаи ту достону девон буд.
Силеҳи сулҳ намондӣ зи даст то дили хок,
Ҳамеша хонақаҳат арсагоҳу майдон буд.
Сурӯши минавият раъди аҳриманафкан,
Ниёишат нафаси ҷонфишони Раҳмон буд.
Масъалаи таъсири шеъри русӣ ба ашъори Мӯъмин Қаноат ва адибони дигар ҳанӯз ба андозаи бояду шояд омӯхта нашудааст ва мо ҳам фақат ба баъзе ҷиҳати он дар мавриди таҳлили асарҳо ишораҳо мекунем. Мӯъмин Қаноат ёддошт медиҳад, ки адибони ба монанди Олжас Сулаймонов ва Чингиз Айтматов маро ба навиштани шеър ба забони русӣ ташвиқ менамуданд. Мегуфтанд, ки ту забони русиро хуб медонӣ ва шеъри русият якбора дар муҳити васеътаре интишор меёбад. Ин ду адиби қазоқ ва қирғиз, дар ҳақиқат, русинавис буданд ва асарҳояшонро ба ин забон менавиштанд, ҳамдиёрони қазоқӣ ва қирғизиашон баъд онҳоро ба забони қавми худ таҳвил медоданд. Мӯъмин