Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба. Ҳикояте аз рӯзгори Партов Буйдоқов

 Толибилмон мегуфтанд , ки Партов Ҷалилович падари маънавии мо ҷавонони  аз қишлоқ омада буд. Ў мураббии собиқадор, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон дода, чандин бор ҷароҳат бардоштааст. Ба омўзишгоҳ бошад, баъди ҷанг омад. Тўли солҳои зиёд дар ин ҷо садҳо ҷавонони  болаёқатро ба воя расонида, ба соҳаҳои  гуногуни хоҷагии  халқи ҷумҳурӣ гуселонид. Сари даҳҳо ятимонро падарвор бо даст сила карда, шебу фарозашонро бо эшон якҷоя дидааст…Ман инро акнун фаҳмидам. Фаҳмидам вақте ки саҳифаҳои чанд рўзномаро варақгардон кардаву ба чанд бойгоние сар халондам. Фаҳмидам вақте, ки бо шогирдони ў ҳамсўҳбат шудам. Фаҳмидам, вақте расми ниҳоят зебои ўро дар 

Зарфи чор моҳи ахир беш аз 30 ҳазор нафар вориди Китобхонаи электронии Китобхонаи миллӣ шудаанд

Дар 4-моҳи соли 2020 аз Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар 30 - ҳазор хонанда истифода бурдааст. Мутахассисони шуъба мегӯянд шаҳрвандоне, ки ба шабакаи ҷаҳонии интренет дастрасӣ доранд, баъд аз сабти ном  дар сомона имкони дастрасӣ ба  беш 321 ҳазор  китобро пайдо мекунанд. Кормандони 

Аз мавлуди Барно Исҳоқова 93 сол мегузарад

  Чун танинандоз шуд мавҷи садояш дар ҳаво,

  Оҷизу хору забун шуд номеҳрубонони Шашмақом.

Дар тўли фаъолияти эҷодии зиёда аз нимасраи хеш бо ҳунари воло, санъати асил ва қобилияти нотакрори хеш ба дилу дидаи мардуми  Машриқзамин ҷо гирифтааст. Суруду таронаҳои ҷаззобу форами ў  дар замири пиру ҷавон мазмуни амиқу ғояҳои олии ватанхоҳона ва башардўстонаи бузургони фарҳангу адабро парвариш намудааст.

Китобдорони шоистаи Тоҷикистон:Рина Талман

Талман Рина Осипова  моҳи феврали соли 1944 директори китобхона таъин гардид ва то моҳи октябри соли 1946 дар ин вазифа заҳмат кашид. Ў соли 1903 таввалуд шудааст. Соли 1925 Донишгоҳи педагогии Ростовро хатм карда, дар макотиби ҳамагонии Ростову Дон аз фанни таърих дарс гуфтааст.

Соли 1930 ба пойтахти  Тоҷикистон омада, бо ифтитоҳи  Китобхонаи марказӣ  дар ин ҷо фаъолияташро 

Таърихи адабиёти ҷаҳон. «Рамаяна»

Ҳиндуҳо аз халқҳои қадим ва соҳибтамаддун ба ҳисоб рафта,тавассути мероси зиёди таърихӣ, адабӣ, меъморӣ ва илмии худ дар бунёди фарҳанги умумиҷаҳонӣ мақоми муҳимеро соҳибанд.

 Адабиёту санъати муосири ҳиндӣ аз асотир ва ёдгориҳои таърихӣ маншаъ гирифта, дар заминаи онҳо ба давраи нави ташаккул расидааст.

 Яке аз ҳамин гуна шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ хамсаи қадими Ҳинд «Рамаяна» буда, дар олами адаби Ҳиндустон 

Абубакр Зубайдов аз олам даргузашт

 Донишманди хуби Шашмақом ва сарояндаи мумтози таронаҳои классикӣ Абубакр Зубайдов бар асари бемории короновирус тарки олам кард. Абубакр Зубайдов 62 сол дошт ва яке аз донишмандони варзида дар илми Шашмақом ва Фалак маҳсуб мешуд. Таърихи мусиқии муосири тоҷик хеле кам касонро суроғ дорад, ки мисли Абўбакр Зубайдов дар санъати мусиқӣ назарияро бо амалия омезиш дода бошанд. Мавсуф на танҳо сарояндаи мумтози “Шашмақом” буд, балки аз пажӯҳишгарони шинохтаи санъати мусиқии классикии тоҷик низ маҳсуб меёфт. Вай дар илми 

Страницы