Китобномае, ки ахиран бо ин ном интишор ёфт, осори чопию электронии нависанда, барандаи ҷоизаи ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, роҳбари хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маҷид Салим ва адабиёт оид ба фаъолияти эҷодию адабии ўро дарбар гирифта, ба ифтихори 50- солагии вай таълиф гардидаст. Китобнома нахустин дастурест, ки оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи эҷодию илмӣ-адабии то ин дам ба сомон расондаи Маҷид Салим маълумоти пурра медиҳад.
«Олонҳо» эпоси қадимии ёқутҳо буда, дар бораи корнамоиҳои паҳлавонон, муборизаҳои онҳо алайҳи паҳлавонону махлуқоти бадҳайбат қисса мекунад. Этимологияи калимаи олонҳо маълум набуда, онро бо калимаи суруд ҳаммаъно донистаанд. Ин эпос аз миқдори зиёди сурудҳо ё асарҳо иборат буда, хонандаи онро олонхосутҳо ном мебаранд. Муайян намудани миқдори умумии чунин асарҳо, номбар намудани унвони онҳоро аз имкон берун донистаанд. Чунончи 125 сабти дар архиви Ёқутистон буда ва 16 матни комилу пораҳои алоҳидаи боқимондаро танҳо як қисми олонҳо шумурдаанд.
«Мунтахаби осор»-и нависанда Сайдаҳмади Зардон баргузидаи асарҳоест, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд. Бахусус дар ин миён романи «Сарзамини меҳр» ҷойгоҳи вежа дорад, ки он муҷази романи сегонаи «Вахш» мебошад. Романи мазкур аслан бозгўи эҳсосоти қалбии мусофирони кории тоҷик аст. Қаҳрамони марказии асар Аҳмад Ҳабибзода зимни озмудани ранҷҳои зиндагӣ, бахусус муҳоҷират, маьнавият ва ахлоқи волои миллиро ҳифз намуда, бо хислатҳои нек дар муҳити худ таьсир мегузорад.
Устоди устодон, яке аз доннадагони хуби забони тоҷикӣ, муаллифи даҳҳои рисолаи илмӣ, устоди даҳҳо профессору дотсентон, пири забоншиносони тоҷик Баҳриддин Камолиддинов дар синни 85-солагӣ бар асари бемории вазнини короновирус тарки олам карданд. Худо биёмурзад! Устод Баҳриддин Камолиддинов яке аз маъруфтарин устодон дар риштаи забон, ки умре аз услубшиносӣ дарс гуфтаву даҳҳо китобу садҳо мақола дар бораи
«Калевала» - эпоси халқии кареливу финн буда, аз маҷмўи сурудҳои эпикиву маросимӣ ва матнҳои азоимӣ (илтиҷо, зорию тавалло) иборат аст. Ин эпоси халқӣ аз ҷониби донишманди фин Э.Лёнрат ба шакли яклухти қиссапардозӣ дароварда шуда, асосан аз сурудҳои халқии карелӣ, ижорӣ ва финӣ фароҳам омадааст ва аз забони сарояндаи сурудҳои халқӣ Архип Пертунен дар нимаи авали асри XIX сабт гардидааст.
Одамизод пас аз марги шахси наздикаш бо ҳар роҳу восита ашёву инсону маконеро, ки ба пораи дили талафдодааш вобастагӣ дорад, девонавор меҷӯяд. Пайвандон, дӯстон, либосҳо, китобҳо ва ҳатто онҳоеро, ки аз дидаҳо дур, вале ба дилаш наздик буданд. Бо умеди он, ки шояд роиҳаи азизаш аз ӯ ояду андаке бошад ҳам, хумораш шиканад. Айнан ҳамин ҳиссиёт бо дили лабрез аз таваққуъ, ки мабодо ҳамон бӯи кайҳо гумкардаамон дарёфт мегардад, моро водор намуд то аз пойтахти Федератсияи Русия роҳ пеш гирем. Сӯи бузургзане, ки тӯли солҳои дароз содиқ бар рафоқату дӯстӣ бо Норинисои ширинкаломаш монд…