Даргузашти Ҷӯрабек Назрӣ – хунёгари мумтоз ва олими шинохта

Ҷӯрабек Назрӣ, хунёгари маъруф, олими шинохта, пажӯҳишгари беҳамто бар асари бемории КОВИД-19 тарки олам кард. Рӯзи иди мубораки Фитр буд, ки ба хок супурда шуд. Ошиқи Худо даъвати Офаридгорашро дар чунин рӯзи Сайид пазируфт ва ошиқонаву муштоқона ба дидори ҳазрати Дӯст шитофт. Руҳаш шоду манзили охираташ нуронӣ бод! 

Китоби нав. Фарзона. ”Найсон”

 Маҷмуаи  рубоӣ, дубайтӣ  ва тарҷумаҳо, ки охири соли гузашта дар Хуҷанд чоп шудааст. Ба  маҷмўаи  мазкур  силсилаи  рубоиву  дубайтӣ  ва  тарҷумаҳои  Шоири  халқии  Тоҷикистон,  барандаи  Ҷоизаи  давлатии  ба  номи  Абўабдуллоҳ  Рўдакӣ  Фарзона, ки бархе  аз  онҳо  бори  аввал  ба чоп  мерасанд, ворид шудаанд.

 Дар сарсухани китоб аз ҷумла мехонем: “Дар китоби  ҳозир  тақрибан  800  рубоиву  дубайтӣ  ва  ашъори  тарҷумакардаи  шоира  ҷой дода шудаанд  ва  миқдори  рубоиву дубайтҳо  қариб мусовист. 

Китоби нав: “Достони гандум”

Муаллифи ин китоб Эмомалӣ Андалеби Хатлонӣ буда, ҳоло 65 сол дорад. Хатмкардаи Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва мактаби олии милитсияи  Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Тошканд мебошад.

Китоб  фарогири  ривоятест  машҳур, аз сарзузашти пурмоҷарои зироати қиматтарин барои инсон-гандум, ки чун зари холисаш низ ном мебаранд ва бешак, маводест пурҳикмату хонданбоб.

Андалеб, аслан шоири достонсарост ва тавре худи ў мегўяд, шояд ин ҷавҳар аз таъсири достонҳои  “Ҷони ширин”-и устод Турсунзодаву “Хирадномаи искандарӣ”-и Мавлоно Ҷомӣ, инчунин ашъори баландпарвози Фирдавсию Аттор ва Мавлавию

Дастури нави илмӣ: Асосҳои умумии ҳифзи моликияти зеҳнӣ

 Таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар замони муосир бо назардошти пешрафти илмӣ-техникӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ ба яке аз проблемаҳои муҳим табдил ёфта, дар раванди рушди илм, адабиёт, санъат, ихтироъкорӣ ва умуман иқтисодиёт нақши калидӣ  дорад. Ин ҳолат тамоми мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро уҳдадор менамояд, ки моликияти зеҳниро риоя ва ҳифз намоянд.Зарурияти таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Стратегияи миллии рушди моликияти  зеҳнӣ ба ҷой доштани моликияти соҳавӣ асоснок карда мешавад.

 

Мусо Азозода, бародари профессор Худойназар Асозода аз олам даргузашт. Мусоҳибае аз чанд соли пеш

 Ростӣ аз шунидани хабари фавти нобаҳангоми Мусо Асозода, дӯст ва бародари донишманду арҷманд дилам хун шуд. Бо Мусо дӯст будем, ҳарчанд хеле дер-дер медидем. Баъди даргузашти устод Худойназар Асозода дар бораи устод ба ӯ ҳамсӯҳбат шудам. Онро дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп кардам. Баъдан он бо библиографияи устоди шодравон дар сомонаи Китобхонаи миллӣ ҳам ҷо дода шуд.

 

90 соли Қиматшо Иматшоев

Қиматшо Иматшоев агар зинда мбуд, имсол ба синни 90 даромада буд. Моро аз марги нобаҳангоми ин ҳунарманди нотакрор 48 сол ҷудо мекунад. Яъне, ҳуудан ним аср аст, ки бо мо нест. Вале дар м аҳфилҳои ҳунариву театрӣ ҳамеша аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Ҳунарманде буд, ки бо образҳои мондагораш дар ёду хотири биннад боқӣ мондааст.

 

Страницы