Китоби нав. Фарзона. ”Найсон”

 Маҷмуаи  рубоӣ, дубайтӣ  ва тарҷумаҳо, ки охири соли гузашта дар Хуҷанд чоп шудааст. Ба  маҷмўаи  мазкур  силсилаи  рубоиву  дубайтӣ  ва  тарҷумаҳои  Шоири  халқии  Тоҷикистон,  барандаи  Ҷоизаи  давлатии  ба  номи  Абўабдуллоҳ  Рўдакӣ  Фарзона, ки бархе  аз  онҳо  бори  аввал  ба чоп  мерасанд, ворид шудаанд.

  Дар сарсухани китоб аз ҷумла мехонем: “Дар китоби  ҳозир  тақрибан  800  рубоиву  дубайтӣ  ва  ашъори  тарҷумакардаи  шоира  ҷой дода шудаанд  ва  миқдори  рубоиву дубайтҳо  қариб мусовист. Ин санад  бар он шаҳодат  медиҳад, ки  анвои  хурди  ғиноӣ  таваҷҷуҳи  шоирро зиёд ба худ  кашида, дар  мавзўоти  мухталиф  ба қалам  омадааст. Қобили  зикр аст, ки бори аввал як силсила  рубоиву  дубайтиҳои Фарзона  дар  маҷмўаи дастҷамъии «Резаборон» (Душанбе ,1984), сипас дар ҷилди  дувуми  «Катрае  аз Мўлиён» (Хуҷанд,2003) интишор  ёфтаанд.

 Баъдан  дар  маҷмўаҳои  « Муҳри  гули мино», «Себарга», “Ҳама  гул, ҳама  тарона» ,«Сини  салом» ва «Найшакар»  низ  рубоиву  дубайтиҳо  ҷой дода   шудаанд.

Ҷолиб он нуқта  аст,ки  Фарзона ба ин жанрҳо  аз  овони  машқҳои  нахустини  шоирӣ  рў оварда, дар  ҳаҷми хурд  маъниҳои  бузургро  ҷо  дода  тавонистааст .  Шоир  дар ҳар  рубоӣ  ё дубайтӣ  як  манзара ,як ҳолат, як ҳикмати  пурбори  зиндагиро  инъикос  мекунад  ва  рўҳи  замони  моро  ифода  менамояд. Ин  рубоиву  дубайтиҳо  на танҳо  аз  аҳволу  эҳсоси  як шахс, балки аз вазъи  ҷаҳон, масоили маънавиву  фарҳангӣ  иҷтимоиву  сиёсии кишвар ба башар бо назокат  ва диди  хос дарак медиҳанд. Маҷмўаи  рубоиву  дубайтӣ  ва  тарҷумаҳои  Фарзона, ки бори аввал  як ҷо ҷамъ оварда шуда, дар шакли  китоби  алоҳида интишор  меёбад, умедаст, ки дархури дарду ормони  хонандагони  гиромӣ  бошад...”

Меҳрангез Муҳаббатова,

 Маркази такмили ихтисос