Маҷмуаи рубоӣ, дубайтӣ ва тарҷумаҳо, ки охири соли гузашта дар Хуҷанд чоп шудааст. Ба маҷмўаи мазкур силсилаи рубоиву дубайтӣ ва тарҷумаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ Фарзона, ки бархе аз онҳо бори аввал ба чоп мерасанд, ворид шудаанд.
Дар сарсухани китоб аз ҷумла мехонем: “Дар китоби ҳозир тақрибан 800 рубоиву дубайтӣ ва ашъори тарҷумакардаи шоира ҷой дода шудаанд ва миқдори рубоиву дубайтҳо қариб мусовист.