Шеърҳо

Як замон бар одами бечораи бехонумон
Буд оташ ҳамчу нону ҷомаю ҷою макон.
З-ин сабаб мардум ба оташ эътиқоде доштанд,
Бо дилу ҷонаш худои хеш мепиндоштанд.
Баъд аз он, вақте ки мардум неку бад бишнохтанд,
Пас ба оташ неку бад бо майли худ пардохтанд:
Оқилонаш машъали роҳи адолат сохтанд,
Ҷоҳилонаш дар ҷаҳонсўзӣ ба кор андохтанд

 

Достонхо

Баргузидаи осори Мӯъмин Қаноат дар чандин баёзу маҷмӯаҳои дастҷамъии гуногунзабон, дар гулчини ашъори «Шарора» (1960), «Ситораҳои замин» (1963), «Роҳҳо ва болҳо» (1964), «Мавҷҳои Днепр» (1966), «Достони оташ» (1966), «Сурӯши Сталинград» (1979), «Осори мунтахаб» (дар ду ҷилд, 1982), «Гаҳвораи Сино» (1983), «Китобҳои захмин» (1983), «Ситораи Исмат» (1990), «Аз Бесутун то кунун» (1992), «Меҳри сипеҳр» (2007), «Сурӯши Сталинград» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 2011), «Эътиқодим» (Тошканд 

Осорхонаи Китобхонаи миллӣ. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо

Дар ҷаҳон ҳамасола 18 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо  (International Museum Day) таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз ташкили тамошои ройгон аз осорхонаҳо ба ҳукми анъана даромадааст.  Бо таваҷҷуҳ ба он, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе осорхонаҳву хона-музейҳои зиёде фаъолият мекунанд, Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ дорои осорхонаи гаронбаҳо буда, бо шукуҳу ҷалоли худ яке аз мавзеҳои тамошобоб ва

РУСТАМ ВАҲҲОБЗОДА. ШУКЎҲИ СУХАН. Ёде аз Мӯъмин Қаноат, ки ду сол пеш дар ҳамин рӯз даргузашт

Суханваро, сухане соз кун ситорашукўҳ,

  Ки ҳар сухан на ба гардун барад сухандонро.

                                                                   Раҳии Муайирӣ

Устод Мўъмин Қаноат замоне ба арсаи адабиёт қадам ниҳод, ки таҳаввулоти бунёдӣ ва фарогире дар ҳама бахшҳои дастгоҳи бузург ва муназзами адабиёти Шўравӣ, аз ҷумла адабиёти тоҷик, ба таври ҳадафманд, пайгирона ва барномарезишуда

Ошноӣ бо китоб. “Саҳифаҳои зиндагӣ”

Табиб А.Ғоибов китоби хотироти худро ҳамин гуна унвон кардааст ва дар сарсухан ҳадафи навиштани онро ин гуна баён доштааст: “Хотирот як навъ руҷўест ба ҳаёт гузаштаву рўзгори кунунии ҳар фард. Банда  ҳам дар радифи он ҳамсолони солхўрдае мебошам, ки бори гарони ғаму андўҳи даврони кўдакию наврасӣ, азобу азиятҳои айёми шубоб, илм дар мактаби олии тиббӣ, инчунин ҳангоми хуррамию такопўи зиндагии мустақилонаю фаъолояти корӣ дар муассисаҳои табобатиро бар дўш доштам. Ҳадаф аз иншои ин сатрҳо даъвои нависандагию рўзноманигорӣ набуда, фақат ба хотири бозгў намудани

Саду даҳ соли Боқӣ Раҳимзода

Имрӯз ба таваллуди устод Боқӣ Раҳимзода-яке аз шинохтатарин суханварони қарни 20 тоҷик 110 сол шуд. Устод Боқӣ Раҳимзода аз зумраи мондагортарин чеҳраҳои адабии тоҷик буда, бо осори мондагори худ маҳбуби ҳазорон дилбохтагони адабиёти форсӣ мебошад. Боқӣ Раҳимзода мураббии шоирони тоҷик буд ва даҳҳо нафар китобашонро баъди таҳриру таҳлили ӯ ба чоп додаанд. Ёди Шоири халқии Тоҷикистон ба хайр!

РАҲИМЗОДА  Боқӣ (15.05.1910, деҳаи Сорбоғи ноҳияи    Ғарм  дар оилаи мударрис ба дунё  чашм кушодааст.   Барвақт аз падару модар сағир монд.

Страницы