РУСТАМ ВАҲҲОБЗОДА. ШУКЎҲИ СУХАН. Ёде аз Мӯъмин Қаноат, ки ду сол пеш дар ҳамин рӯз даргузашт
Суханваро, сухане соз кун ситорашукўҳ,
Ки ҳар сухан на ба гардун барад сухандонро.
Раҳии Муайирӣ
Устод Мўъмин Қаноат замоне ба арсаи адабиёт қадам ниҳод, ки таҳаввулоти бунёдӣ ва фарогире дар ҳама бахшҳои дастгоҳи бузург ва муназзами адабиёти Шўравӣ, аз ҷумла адабиёти тоҷик, ба таври ҳадафманд, пайгирона ва барномарезишуда дар ҳоли амалӣ шудан буд. Ҷузъиёти ин ҷараёни ҳидоятшаванда дар гузоришҳои устодони адабиёти ин давра, таҳқиқоти донишмандона ва пуршумори адабиётшиносони варзида, таснифоти гуногуни шоирон ва нависандагоне, ки фаъолияти адабии ишон ба ин давра рост меояд, аз ҷумла хотирот ва мусоҳибаҳои худи устод Мўъмин Қаноат, бо шарҳу басти лозим баён гардидааст, ки ниёз ба такрори он нест. Аз тамоми ин ҷузъиёт ҳамин воқеият равшан мегардад, ки адиби рисолатшинос ва рисолатпазири он замон бо вуруд ба арсаи адабиёт дар баробари худ ҳадафҳо ва масъулиятҳои бузургеро мушоҳида менамуд, ки барои расидан ва иҷрои он бояд неруи фавқулода ба харҷ дод ва ҳар лаҳза бо ин эҳсос буд, ки «Ҳар замон нав мешавад дунёву мо бехабар аз нав шудан андар нумо. Мавлавӣ». Ин неҳзати андешаи адабӣ танҳо маҳдуд ба адабиёти шўравӣ ҳам набуд, балки ба самар расидани дастовардҳои илмиву фаннӣ бар асари оромиши нисбие, ки пас аз ҷанги дувуми ҷаҳон ба миён омада буд, дар саросари ҷаҳон адабиётро дар чанголи озмоишоти ҷадид гирифта, барои идомати шоистаи бақояш аз он сухани наву тоза мехост. Сухане, ки эъҷоб ва эъҷози он бо ҳамсарӣ балки бартарӣ мўъҷизаҳои илми муосирро хира кунад, то битавонад чун забони бартари паёмҳои башарӣ ба анҷоми рисолати пурифтихор ва муқаддаси худ идома бидиҳад ва чун ҳамеша талоядори тафаккури ҷомеа бошад ва анвоъи дигари маърифатро дар масири арзишҳои ростини инсонӣ ҳидоят намояд. Бисёр рамзи пурмаъност, ки он замон ҳодисаи бар моҳ фуруд омадани киштиҳои кайҳониро бо танзи дардолуде «марги моҳ» номиданд. Ин кинояи пургунҷоиш қабл аз ҳама ба адабиёт ва ба хусус шеър, шеъри ғиноӣ ва тағаззулии ҷаҳон то даҳаи 60-и қарни гузашта дахл дошт, ки бо офаридани садҳо, балки ҳазорон маҷозҳову истиораҳову кинояҳову тасвирҳои шоирона сайёраи моҳро ба яке аз иқлимҳои хоси қаламрави адабиёт табдил дода буд. Агарчи ин пиндор («марги моҳ») иштибоҳе буд, зеро офаридаи адабӣ чун таҷассуми ормонҳо фаротар, ҷомеътар ва бобақотар аз дигар навъи сохтаҳову пардохтаҳои дасти инсон мебошад, ҳаройина аз он метавон ба унвони як паймонаи муносиб барои шинохти азамати паймони адабии шоири он даврон истифода кард. Намунаи тозаи чунин диди адабиро метавон дар манзумаи устод Турсунзода «Се нозанини Шарқ» ва «Ситораи замини ман»-и устод Мўъмин Қаноат мушоҳида намуд.
Аз ин ҷост, ки дар осори аксари шоирони тозавориди ин даврон ашъори барномавӣ ва маромномаӣ ҷойгоҳи хос дорад. Ин ҷараён дар адабиёти тоҷик, албатта, дар осори шоирони насли бузургтар ҳам ба назар мерасад. Масалан, шеърҳои машҳури устод Турсунзода «Гуфтугў бо худ», «Шоиро», «Таронаи ишқ», ки дар солҳои охиртари зиндагияш навишта шудаанд ва шоир пас аз он ҳама касби шўҳрати адабӣ хитоб ба худ, шояд шоирони ҷавонро ба гуфтани шеъри асил ва доштани ҳадафи воло тавсия менамояд, талошҳои муваффақиятомези устод Боқӣ Раҳимзода ва, ба хусус, Ғаффор Мирзо дар нав кардани сохтору таркиби шеър, тамоюли маҳсуси Мирсаид Миршакар ба ҷой додани нуктаҳо ва андешаҳои фалсафӣ дар шеърҳои кўтоҳ, ки шояд ҳамин тамоюл ва савқи табиӣ ўро ба суроғи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мебарад ва дар ниҳоят авҷи ин навъ ашъори барномавӣ ва маромномаӣ дар осори се тан аз истеъдодҳои дурахшони назми навин равоншод Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсор, ки то имрўз ҳам дар эҷодиёти ишон ва ҳам шоирони баъдӣ идома дорад, ин ҷараёнро ба тамому камол муаррифӣ менамояд.
Эъломи маром ва барномаи эҷодии моил ба нав кардани рўҳу равон ва мазмуну қолаби шеъри муосир ҳамзамон бо таҷрибаҳои паёпай дар ин замина аз нахустин ашъори Мўъмин Қаноат ба назар мерасад. Дар шеъри «Барои ҳурмати мўи сафедаш» (барои Мирзо Турсунзода) (1963), ба шарт ҳам бошад, шоир ишорае дорад ба ҳадафи худ дар «кушодани қутби нав дар шеър»:
Қасам бар ҷону виҷдони ҷавонам,
Агар дар шеър қутби нав кушоям,
Аз он ҳар субҳ чун ахтар бароям,
Ба пеши пои ў таъзим намоям.
Ин баёния дар айни ҳол эъломи пойбандии содиқонаи шоир ба суннатҳои адабии қабл аз худ низ буд.
Касоне, ки аз собиқаи дерини донишомўзӣ ва нахустин осори адабии шоир (манзур осори ғайричопии ў) ёд додаанд, ҳамагӣ бар ин нукта таъкид кардаанд, ки шоир бисёр пойбанд ва шефтаи адабиёти классикӣ буд ва ба сабки ашъори ирфонӣ пайравӣ мекард. Ин гароиш албатта барои ояндаи шоир беманфиат набуд. Шоире, ки аз қаъри суннатҳо ба сатҳи адабиёти навин ҳаракат мекунад, осори тозаи ў решадортар, мондагортар ва навоварии ў қонунмандтару дерпойтар хоҳад буд.
Зоҳиран, шоир дар ғазал бештар ба Ҳофизу Мавлоно ва дар маснавӣ ба Фирдавсӣ назар дорад. Ваҷҳи иштироке, ки байни ин се нафар зубдаи суханварони порсигўй ҳаст, шукўҳи сухан мебошад, ки аз вуҷуди ҳикмат ва омезиши баёни тағаззулӣ бо ҳамосӣ фароҳам омадааст. Шоири ҷавон дар баробари падидаҳои азими даврони худ, бо мулоҳиза дар ашъори суннатӣ дармеёбад, ки аз зарфияти фикрӣ ва фазои парвози калом ва тахайюли баланде, ки дар ин ашъор ҳаст, метавон ба навъи аҳсан истифода кард, зеро агар падидаи муосир дар сатҳи кайҳонист, андешаи шоири салафи ў низ дар ҳамин сатҳ буда ва он чӣ тоза аст, дар ҳамин фазо паёми навинест, ки бояд бозгў шавад. Бо ин ҳол ин пайравӣ ба як навъ мунозираи адабӣ ҳам табдил мешавад:
Тилисми гунбади афлокро чу пора кунем,
Ба чашми ақл ба асрори ў назора кунем.
Дигар малоф ту аз сарбаландӣ, эй афлок,
Ба даври чархи ту худро чу моҳвора кунем.
Вакили мардуми мо дар зиёфати Миррих
Бидод ваъда, ки ин сулҳро дубора кунем…
Ба назди ахтари толеъ мурод кай ҷўем,
«Ки ноз бар фалаку ҳукм бар ситора кунем».
(«Ҳукм бар ситора кунем» 1957)
Мисраи охир тазмин аз байти Ҳофиз аст, ки мегўяд: «Гадои майкадаам, лек вақти мастӣ бин, ки ноз бар фалаку ҳукм бар ситора кунам». Албатта, барои шоири ҷавон як бозёфти фараҳбахш аст, ки он иддаои маънавии Ҳофиз имрўз ба воқеият табдил шуда ва метавон, сохтмони шеъри ўро дигарбора таъмир кард ба тавре, ки Ҳофиз бо имрўз воқеан бипайвандад. Ин навъи нигариш ба мавзўъро дар ашъори устод Лоҳутӣ ҳам мебинем, аммо Мўъмин Қаноат дар оянда онро аз ин тарикиби сода берун мебарад, ба фазои бозтари андеша интиқол медиҳад.
Таваҷҷўҳи Мўъмин Қаноат ва дигар шоирони ин даврон ба осор ва шахсиятҳои барҷастаи адабиёти оламшумули худ ангезаи дигаре ҳам дошт. Ин давраи растохези тозаи ифтихороти миллӣ ҳам буд. Агар шоири насли пешин масалан, зимни ситоиши Александр Пушкин аз рўйи эҳтиёт мегуфт:
Бо раҳи назми нав равонам ман,
«Раҳшиноси ту кист?» - агар пурсӣ,
Раҳшиносам туиву Некрасов,
Инчунин мўсафед Фирдавсӣ.
Пас ин шоирон бо садои баланд дар радифи аввал номҳои пурифтихори аҷдоди худро зикр мекарданд ва гузашта аз ин бо касоне, ки қадри онҳоро нашнохтаанд, мушоҷара ва мубоҳаса менамуданд, ҳар қадр шахсиятҳои маъруф ҳам бошанд. Масалан, дар шеъри «Давоми нек роҳатро» (1966) ҳамин гуна мушоҷараи Мўъмин Қаноатро бо Владимир Луговской мебинем, ки ба фарҳанги тоҷикҳо ба чашми кам нигаристааст:
Чу шоир ёд н-овардӣ макони разми Рустамро,
Надидӣ даврагардон ҷоми сесадпораи Ҷамро.
Аҷамро дидиву савти Аҷамро лек нашнидӣ,
Дами пирӣ бузургонро ту хору бенаво дидӣ…
Дар ин давра шоирони тоҷик дар баробари мутолиаи барномавии донишгоҳӣ аз забону адабиёти классики форсу тоҷик, ҳамчунин зимни мутолиа ва тарҷумаи осори бузургони адабиёти рус ва ҷаҳон ба азамати воқеии бузургони адабу фарҳанги гузаштаи худ бештар мўътақид гардида буданд ва бо тааҷҷубу шигифтӣ медиданд, ки бузургтарин шахсиятҳои илмиву адабии ҷаҳони Ғарб бо эҳтироми фавқулода дар бораи онон сухан гуфта, бо камоли тавозўъ дар баробари онҳо истодаанд. Албатта, ин мушоҳидаҳо бо хондаҳову шунидаҳои пешини онҳо аз замин то осмон тафовут дошт. Бо шавқу шўр ин навъ осорро, масалан, аз Пушкин, Толстой, Есенин, Достоевский, Гёте, Генрих Гейне, ва дигарон тарҷума мекарданд ва ҳатто баъид нест, ки худ мутаассир аз ин навъ осори онҳо худ ба ин равиш ашъоре месуруданд. Ин даврон дар маҳофили адабии умумииттифоқӣ сабқати пуршўри адабиётҳои халқҳои гуногуни СССР ба воситаи даҳҳо барномаҳои муштараки адабӣ ва дар маҷмўъ дар ҳавзаҳои донишгоҳӣ ҳамеша гардон буд. Агар бузургтарҳо бо тасомуҳ ва таҳаммул ин сабқатҳоро тай мекарданд, пас табиист, ки ҷавонон бо шўру шаафи бештаре дар онҳо ширкат менамуданд ва баҳсҳои мустақиму ғайримустақим сурат мегирифт. Баҳс сари асолати миллии баъзе аз бузургони илму адаби тоҷик, аз ҷумла Ибни Сино ва Низомӣ ва маконҳои таърихӣ ин мубоҳисаҳоро пуршўртар мекард. Дар ин миён азамат ва эҳтироми адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ як амри собитшуда буд, осори устод Турсунзода, ба хусус осори ҳиндустонӣ ва ашъори ба васфи Осиё сурудаи ишон ва шахсияти ў ҳам шўҳрати иттифоқӣ ва ҷаҳонӣ касб карда буд. Аммо барои идомати ин имтиёз боз ҳам садое расову баланд ва дорои умқи маънавӣ, бархоста аз жарфои ин адабиёту фарҳанг зарур буд, то танини он ин фазоро пур кунад, тиҳигоҳ ба вуҷуд наёяд. Шеъре зарур буд, ки аз он минбарҳои баланди умумӣ дар баробари ашъори оламгири Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Турсунзода аз забони ровии беҳамто Маҳмудҷони Воҳид ва худи шоир садо бидиҳад. Сухани бошукўҳи тозаи форсии тоҷикӣ мебоист. Он муҳитеро, ки ровиён дар бораи даврони мадрасагии Фирдавсӣ тасвир мекунанд, ки гўё шоири ҷавон дар иҳотаи ҳамдарсони мусулмони худ, ки мутааллиқ ба қавмиятҳои гуногун буданд ва баҳсҳову мушоҷараҳо бар сари таърих ва фарҳанги қавмӣ миёнашон сурат мегирифт ва ин омил боис гардид, ки Фирдавсӣ тасмими қатъӣ барои эҷоди «Шоҳнома» ва эҳёи ифтихороти миллии эронӣ бигирад, барои ин насли шоирони тоҷик ва на танҳо шоирон, балки кулли зиёиёни тоҷик низ дар иҳотаи дигарон метавон тасаввур кард. Ин тасаввурро албатта аз пеши худ наметавон ба касе таҳмил намуд, вале ҷараёни табиъии муҳити ҳунарӣ ва адабии он рўзгор чунин буд. То он ки устод Мирзо Турсунзода дар Пленуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 8-ми июни соли 1973 бо қаноатмандӣ эълон мекунад: «Чанде пеш аз котиботи Правленияи Иттифоқи нависандагони СССР ба достони Мўъмин Қаноат «Сурўши Сталинград» баҳои баланд дода шуд… Бе муболиға бояд гуфт, ки ин достон назми советии тоҷикро бори дигар ба арсаи умумииттифоқ баровардааст».
Хатти мусовии дигар бо ин ҷараёни таърифшуда барқарории нисбии пайвандҳои адабиву фарҳангӣ бо ҳамзабонони бурунмарзӣ буд. Ҷолиб аст, ки нахустин паёми ин равобити тоза бо падидаи нави адабӣ бо номи «шеъри нав» иртибот дошт. Соли 1968 дар Душанбе нахустин Симпозиуми байналмилалии шеъри форсӣ баргузор гардид. Ин падидаи нави адабӣ, ки осори аввалия он ҳанўз дар ашъори устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав ва шоирони дигари тоҷик ба назар расида буд, дар Эрону Афғонистон ғалабаи бештар дошт ва намунаҳои формалистии маҳзи он барҳақ боиси нигаронии шадиди суннатгароён ва «навоварони мўътадил» шуда буд. Агар натиҷагириҳои ин симпозиумро, ки перомуни меъёрҳои шаклӣ ва мўҳтавоии шеъри нав сурат гирифт, дар як ҷумла хулоса намоем, ҳамин хоҳад буд, ки дар ҳар ҳоле меъёри ҷовидонӣ ва аслӣ, ки таносуб ва тавозуни шакл ва мазмун (сурат ва маъно) ҳаст, бояд муроот гардад. Мўъмин Қаноат то баргузории ин симпозиум, ки ширкаткунандаи фаъоли он буд, як силсила ашъоре суруда буд, ки онҳоро метавон намунаи шеъри нав ва арўзи нав донист, баъзеро ба мизони камтар ва баъзеро бештар. Аз ин ҷумла шеърҳои «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ» (1963), «Дури ноёб меёбад» (1964), «Ханда кун, эй осмон» (1964), «Обшор» (1965), «Нарав, қуи сафеди ман» (1965), «Дар паноҳи шохсорон» (1965), «Исфара» (1966), «Гули бодом» (1966), «Қатли Восеъ» (1966), «Давоми нек роҳатро» (1966), «Ману шабҳои бехобӣ» (1967). Ба хусус ду шеъри охириро намунаи комили арўзи нав метавон шумурд, ки минбаъд ашъор ва достонҳои тозаи шоир ба ҳамин равиш суруда мешаванд. Ин ҳамон намунаи мўътадил ва бамеъёри корбурди имконоти арўзи нав мебошад, ки табъи хонандаи ба шеъри суннатӣ одаткарда низ ба осонӣ онро мепазирад. То ин муддат шоир ба тариқи худ барои пайдо кардани қолаби нави шеър аз роҳи омезиши имконоти мустазод бо маснавӣ ва чаҳорпора озмоишҳои эҷодиеро анҷом додаст. Яъне роҳи худро дар шеъри нав худ пайдо намуда, намунаҳои мўътадилеро дар назми навини тоҷик ба вуҷуд овардааст. Дар ашъори баъдии шоир, аз ҷумла сисилаи «Созҳои Шероз», ки дар соли 1971 дар пайи як сафари шоир ба Эрон ва боздид аз Шероз ва ёдгории бостонии Тахти Ҷамшед сурат гирифтааст, идома ва авҷи тозаи ҳамин сабке, ки дар шеъри нав мушаххас карда буд, мушоҳида мешавад. Ин сабк то кунун ба ҳадде таҷриба шуда ва аз озмоишҳо муваффақ бадар омадааст, ки дигар шояд онро битавон «арўзи нави суннатӣ» ё «шеъри нави суннатӣ» номид, зеро он бо меъёрҳои муътадил ва мушаххаси худ ба як суннати пазируфтаи адабӣ табдил шудааст.
Гароиши шоир ба ҳифзу эҳёи суннатҳо ва дар айни ҳол навоварӣ, эҳёи ифтихороти миллӣ, барқарории шукўҳ ва салобати шеъри форсии тоҷикӣ ба воситаи таваҷҷўҳ ба ҷанбаҳои маънавию ҳикамии шеър, забони сара, оҳангу мусиқии калом, диди тоза ва зебои шоирона, таваҷҷўҳ ба масоили умумибашарӣ ба тадриҷ ҳар як шеъри тозаи ўро ба як падидаи адабӣ табдил ва дар маркази диққати нақду адабиётшиносӣ қарор медиҳад. Мутолиаи муфассал ва ҷузъии шоир перомуни мавзўъи шеъру достонҳояш, ки худ борҳо ба ин равиш ишорат кардааст, имкон медиҳад, ки шоир шеърро дар нафси воқеияти мавриди тасвир кашф намояд, дар ҳоле, ки худи падидаи манзури шоир бидуни ҳеч ороиш ҳам дар воқеияти худ шеър аст ва баъдан бар тибқи мақоли «нуран ало нур» орояҳои лафзиву суварии сухани шоиронаро бар он бияфзояд. Масалан, ҳамон шеъри машҳури «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ», ки дар оғози фаъолияти шоирии Мўъмин Қаноат суруда шудааст, кашфи зиракона ва шоиронаи як ҳақиқати сода аст: ба забони мо ҳар номе биниҳанд ва онро ба ҳар навъе ном бибаранд, моҳияти он дигаргун намешавад, барои мо ва барои ҳамаи ҳамзабонони мо забонии модарӣ боқӣ мемонад чун метавонем озод бо якдигар гуфтугў намоем. Танзи латиф ва ҳакимонае, ки дар ин шеър ҳаст, ҳамроҳ бо истеҳком ва матонати маъноии як ҳақиқати сода, барои ба субут расондани баҳси мазкур ин шеърро бар ҳар навъ мақолаи муфассал ва мубоҳисоти илмӣ, ки маъмулан назарҳои мухолифро савқ медиҳад, имтиёз мебахшад. Ин шеърро шояд битавон навъе дигар аз саҳли мумтанеъ шумурд, ки на танҳо дар навъи баён, балки дарку шуури хоси маъно муҷассам шудааст. Шеъри «Пири гулфурӯшон» ҳам ба ҳамин шева иншо шуда, ки як воқеияти мавҷуди шоирона кашф шудааст. Асли манзумаи «Китобҳои захмин» низ бар мабнои шинохт ва дарёфти шеър дар нафси воқеият бунёд ёфтааст. Яъне ин ки на танҳо инсонҳо, балки китобҳо низ дар ҷабҳа тир хурданд ва бо ҳамин ҳол ба адои вазифаи рушангарии худ идома додаанд.
Ин шева дар шоҳкори шоир достони «Сурўши Сталинград» ба таври хеле муфассал мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин достон шоир ба навъе ҳама таҷрибаҳо ва андўхтаҳои зеҳнии худро ба кор мебарад. Бори аввал дар таркиби як достони муфассал сабки арўзи нав ба тамому камол истифода мешавад, ки агар ибтидои он сарфи назар шавад, ки асосан аз мусаммати мураббаъ (бо истисноҳо) иборат аст, боқии достон, мисли ағлаби ашъори пешин бар мабнои рукни солими баҳри ҳазаҷ (мафоӣлун) ва шумори гуногуни аркон дар ҳар мисраъ танзим шудааст. Банду баст ва таркибу сохтори достон комилан навоварона аст вале бо идомаи таҷрибаи худи шоир дар достонҳои пешин, ки бар асоси як мафҳуми маҷозии аслӣ ба бандҳо ва бахшҳо ҷудо мешавад, ки аз ин назар адабиётшинос Г.Ломидзе дар мубоҳисоте, ки перомуни ин достон дар «Литературная газета» сурат гирифта буд, онро «намунаи шуҷоати адабӣ ва дар адабиёти шўравӣ ва шояд адабиёти ҷаҳон беназир» унвон намуда буд. Азми шоир дар офаридани як достони фавқулода аз ибтидо дар интихоби номи достон ошкор аст, ки пас аз интишори достон боиси ҷустуҷўҳо шуда буд. Агарчи ин калима дар ашъори пешини шоир борҳо мавриди истифода будааст, ин навбат бори маъноии он ба маротиб бештар аст. Он ҳам ба маънои садои рўҳонӣ ва маънавӣ, ҳам ба маънои фариштаи паёмрасон, ҳам ба маънои башорате, ки хуфтагони ин ҷаҳони хомўшро эҳё мекунад ва дар ниҳоят ҳам ба маънои паёмест, ки аз батну матни ин корномаи бузурги таърихӣ бармеояд. Дар заминаи муҳорибаи Сталинград то ин замон даҳҳо асари бадеии гуногунжанр ва гуногунҳаҷм нигошта шуда буд. Аз ҷумла ба қалами ширкаткунандагони ин корнома. Аз ин лиҳоз танҳо пардохтан ба ин мавзўъро ҳам адабиётшиносон як шуҷоати адабӣ қаламдод мекарданд. Дар хусуси «Сурўши Сталинград» чандин таҳқиқоти арзишманд ба вуҷуд омадааст ва тақрибан ҳамаи адабиётшиносони шинохтаи тоҷик дар ин хусуси ин достон назари худро баён намудаанд. Дар айни ҳол суханони ҳидояткунандаи худи муаллифи достон, низ барои шинохти моҳияти ғоии ин достон хеле судманд мебошад. Бахусус дар аввали достон, ки ҳадафи худро аз таълифи он баён менамояд ва охири он, ки «Сурўши модарон дар хоки фарзандон» ном дорад:
Ситоиш мекунам кўҳи баланди рўҳи инсонро,
Фурў меоварам ман қуллаи кўҳи Бадахшонро.
Ба пои ту, аё гултеппаи бори ҷаҳон бар дўш,
Аё сайёраи сокит, аё гаҳвораи хомўш.
Пайдост, ки васфу тасвири корномаи Сталинград танҳо ба хотири таҷассуми бадеии як воқеаи мушаххаси таърихӣ нест, агарчи ин воқеа ҳам худ шоёни садҳо достон будааст, балки ҳадаф ва мавзўъ хеле бузургтар – ситоиш ва тасдиқи азамат ва шикастнопазир будани рўҳи волои инсони некманиш ва ҳомии адолат дар баробари зулму барбарият мебошад. Барои баёни барҷастаи ин мурод инсон ва намодҳои кайҳону табиат дар баробари мошини пурмаҳобати ҷанг ғолибан бо дасту рўҳи урён ба тасвир гирифта мешавад ва дар ниҳоят соҳибони ин мошини ҷанг дар пеши пои Модар сари мағрурро фуруд меоранд:
Биёварданд, то душман фишонад гарди домонат,
Фуруд орад сари мағрурро дар пои урёнат.
Ту ғолиб будӣ, эй Модар,
Ту фотеҳ будӣ, Сталинград,
эй шаҳри ҷонбозӣ…
Рўҳиёте, ки аз шаҳомати мавзўъ дар вуҷуди шоир эҷод шудааст, ба ў ҷуръат мебахшад, ки дар сабку равиши навиштаҳои муқаддас сухан бигўяд. Ишораи шоир дар мусоҳибаҳояш дар ин хусус, ки дар «Сурўши Сталинград» аз таркибу сохтори яштҳои авастоӣ илҳом гирифтааст, зимни мулоҳизаи матни достон тасдиқ мешавад. Боз ҳамон салобату шукўҳи осмонигунаи сухан, вазни озоду пур аз танини мусиқии ҳазаҷ, ки хоси сухани форсӣ аст, пурмаъноӣ ва дар айни ҳол сафо, содагӣ ва равонии калом, эҷоз, ки суханро ғайриодӣ мекунад, вале маънус ва дилпазир. Ташхиси Замин – модар ва Дарё – хоҳар (Ардвисура Аноҳито ё Ноҳид), низ аз ҳамон асотири авастоӣ об мехўрад, ки барои русҳо низ муштарак ва ошност.
Жарфо ва вусъати диди шоир дар ин достон аз ин маврид низ ба равшанӣ ошкор мегардад, ки ў нишони фашистиро мисли онҳо як нишони ориёӣ (рамзи чарх ва офтоб) намепазирад, онро салиб мегўяд, аммо на он салибе, ки барои русҳо ҳам муқаддас аст, балки салибе, ки шояд талмеҳе (ишораи адабие) ба таҳоҷумҳои харобиовари Ғарб бо баҳонаи қасоси мазҳабӣ ба Шарқ сурат гирифта буд ва бо номи «юриши салибӣ» дар таърих маҳкум шудааст. Ин ҷо маҳалли муҳориба низ ҷузъи Шарқ аст. Ҳам аз диди ҷуғрофиёӣ ва ҳам назариву эътиқодӣ:
Замини нодарав будам,
Ба сўи ман хатар омад,
Ба рўи мавҷҳои зиндагӣ мавҷи дигар омад.
Салиб омад,
Ба ҷои дос шамшери дусар омад.
Маро аз Ғарб бо таҳдиду хорӣ танг мекарданд,
Даравгарҳо миёни ғаллазорон ҷанг мекарданд,
Маро бо ранги дигар ранг мекарданд,
Ранги хуну хокистар.
(«Сурўши якум. Замин»)
Беихтиёр ин ҷо назариёти файласуф, муаррих ва шоири қарни рус А.С. Хомяков аз асари маъруфи ў «Семирамида» ба ёд меояд, ки тамоми ақвоми ҷаҳонро ба ду даста ирониҳо ва кушиҳо (кушити) ҷудо менамояд ва дастаи аввалро, ки аз назари ў шомили славянҳо (ва ҳамчунин асли олмониҳо) ҳам ҳастанд ва нахустин шаҳрро ҳам дар Олмон ба номи Асгард (Асгирд) сохтаанд, мардуми пойдор бар асли озодӣ, кашоварз ва ободгар ва дифоъкунанда ва баракс дастаи дувумро бар асли зарурат (эҳтиёҷ) таҳоҷумӣ ва харобкунанда муаррифӣ мекунад. Ташхиси замин дар ин достон ва ҳамчунин «Тоҷикистон – исми ман» комилан дар заминаи боварҳои миллии бостонӣ аст ва ба иёри «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» озмуда мешавад. Бинобар ин ҳеч навъ зулм ва бедод наметавонад нишонаҳо ва аломатҳои ин фарҳангро бар худ бибандад.
Бо ин ҳама оростагии шакливу маънавӣ ва фишурдагиву тарокуми маъно, шоир аз тасвирҳои ҷузъӣ, ки аз зеварҳои аслии сухан аст, сарфи назар намекунад. Дарё мегўяд:
Чу ҳангоми гузар
аз тири душман
додарони ман
Фитода аз сари дўшам
Ба оғўшам,
Ба монанди садаф дар синаи софам
Ниҳон гаштанд,
Сияҳпўшам…
Сухан аз инсонҳое меравад, ки рўи яхи дарё аз тири душман ҷон медиҳанд ва пардаи мисли садаф сафеди ях рўйи онҳоро мепўшад ва онҳо чун гавҳар, вале ба ранги сиёҳ дар синаи садафи ях боқӣ мемонанд ва ба ҳамин ваҷҳ зоҳири мотамгирифта (сиёҳпўши) дарё тавзеҳ меёбад. Таносуби мусбат ва манфии маънавӣ бо истифодаи комилан тозаи образҳои машҳури шеърии садаф ва гавҳар ин қитъаи шеърро ба беҳтарин намунаҳо аз ғазалиёти Абулмаонӣ Бедил монанд мекунад, бо ин имтиёз, ки фазои густардаи тасвир дар ин достон фаҳми осони онро барои ҳар хонандае муяссар мегардонад. Метавон ҳадс зад, ки чунин резакориҳои ҳунармандона дар сартосари ин достоне, ки фишурдагӣ ва тарокуми маъно, эҳтишом ва зебоии баён, шеърияти мавҷуд дар батни худи рухдодҳои мавриди тасвир онро аз ороишоти ҷузъӣ комилан бениёз мекунад, бар асари илҳоми саршори шоир ба таври табиӣ ва бидуни ҳеч навъ фишор овардан ба зеҳни худ ба вуҷуд омада бошанд. Он гуна, ки дар тамсили машҳури Мавлоно дар деворҳои ғурфаи сайқалзадаи румиён ороишоти чиниҳо зеботар аз асли онҳо бозтоб меёфт.
Боз ҳам яке аз аслҳои кори ҳунарии шоир дар ин достон ҳамон кашфи ҷавҳари шеърӣ дар нафси воқеиятҳо мебошад: ҷанги инсони оташгирифта бо танк, пайвастани симҳои гусастаи мухобирот бо лаб:
Ва сарлашкар сухан мегуфт бо лабҳои сарди ў,
Сухан мегуфт бо гармӣ рафиқи ҳамнабарди ў,
Ватан бо гиряву ханда,
Аз ин лабҳои пайваста,
Аз ин армони нашкаста
Сухан мегуфт…
Ҷанбаи ғиноӣ ва тағаззулӣ ба ҳадде дар ин достони ҳамосӣ неруманд аст, ки оғози баъзе бобғо метавонад матлаъи барҷастаи як ғазали навоварона бошад:
Пас аз ҳиҷрон ба васли ту расидам, боз, эй дарё,
Даруни синаи ман шўри нав андоз, эй дарё.
Сурўши панҷум (Робиа) саросар як шеъри ғиноӣ ва тағаззули саршор аз назокату отифаи инсонист, ки ба ин сифот дар ашъори лирикӣ камтар метавон назирашро пайдо кард. Дар ин робита ташхиси дақиқи профессор Абдунабӣ Сатторзода ба ёд мерасад, ки устод Мўъмин Қаноатро «шоири нафосат ва шаҳомат» номида буд. Ин тағаззулҳо ва тасвирҳои фавқулода зебо ҷанбаи яздонӣ ва инсонии рўҳи тавонои инсони некманишро дар баробари неруҳои аҳриманӣ, ки сириштан зишт аст, таҷассум мебахшад. Ин вижагиҳои достони мазкур минбаъд дар достони дигари ҳамгуни он «Ситораи Исмат» (1989) идома меёбад.
Алорағми баъзе баёноти ғайрирасмӣ ва номактуб бояд гуфт, ки достони «Сурўши Сталинград» дар баробари як достони башарӣ будан ба ҳамон андоза як достони саршор аз рўҳиёт, арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, балки яке аз барҷастатарин намунаҳои адабиёти миллӣ буда ва бо ҳамин сифат боқӣ хоҳад монд. Ба чанд ваҷҳ: аввалан, тавре ёдоварӣ гардид, он дар заминаи фарҳанги куҳани миллӣ ва асотири ориёӣ суруда шудааст, бо беҳтарин «зевари шеъри дарӣ пардоз дода шудааст» (таъбири худи шоир), ҷамолу камоли матни асли он ба ҳаддест, ки дар ҳеч навъ тарҷума бозтоби комили он имконпазир намегардад, рўҳиёти он дар айни умуминсонӣ будан, комилан миллӣ мебошад.
Ба фазли интихоби корномаи Сталинград ба унвони мазмуни ин достон шоир тавонист неру ва зарфияти азими адабиёти форсии тоҷикӣ, шукўҳи сухани дариро бори дигар дар арсаи ҷаҳонӣ ба намоиш гузорад ва ба субут бирасонад, ки гумон аст, дар сурати интихоби мазмуни дигаре, ба ин сароҳат ин кор муяссар мегардид ва як асари адабиёти тоҷик дар чунин сатҳ мавриди истиқбол қарор мегирифт.
Ба воситаи ин достон нақши мардуми тоҷик дар яке аз корномаҳои бузурги таърихи башарӣ ба таъкиди ҳунармандона барои ҷовидона сабт гардид. Дебочаи пурмазмуне барои эҷоди дўстӣ ва ҳусни тафоҳум байни миллатҳо ба вуҷуд оварда шуд.
Чун нишони таодул ва тавозуни суннатҳо ва навоварӣ дар эҷодиёти шоир арўзи нав ва арўзи суннатӣ то имрўз ба таври мусовӣ идома пайдо кардааст. Дар достонҳои «Тоҷикистон – исми ман» (1974) достонҳои баъдӣ ва хусусан «Гаҳвораи Сино» (1979), ки яке дигар аз қуллаҳои эҷодиёти устод Мўъмин Қаноат мебошад, боз ҳам намунаҳои ин ду навъи корбурди арўзро мебинем. Ин достони ҳамосӣ ҳам аз лиҳози таркиб ва банду басти ҳунарӣ вам ҳам аз назари мўҳтаво дорои зарфиятҳои хос аст ва заминаи хубе барои нақду баррасии вижагиҳои таҳаввули назми муосири тоҷик ва андешаи адабии муосир мебошад. Дар таркиби он тозатарин навъ ва сабки назм бо намунаҳои сабки олии класикӣ дар баробари якдигар қарор дода шудааст. Баёни фохир, босалобат, ҳакимона, ки дар маҷмўъ боз ҳам дар ҳамон ибораи шукўҳи сухан ё сухани шукўҳманд хулоса мешавад ва аз партави шахсиятҳои достоние чун Абўалӣ Сино ва Нўҳи Сомонӣ фурўғ мегирад, ин сабкҳо ва шеваҳои баёни адабиро дар нуқтаи авҷ қарор медиҳад ва рўҳиёти фарогири он муҳит, ки мафҳумҳои «адабиёт» ва «абадият»-ро дар як ҳола печидааст, аз ин тафовути сабкҳову шеваҳо танҳо гуногунии лаҳни гуфторро ба зеҳн гузор медиҳад, ончиро ки айни муддаост:
Ба дарди Нўҳи Сомонӣ давое нест дар дунё,
Саропо дарди ў пайдо давои ўст нопайдо,
Табибон чораашро гоҳ аз таъбири тан ҷустанд,
Гаҳе аз роҳи ҷон ҷустанд,
Гаҳ аз гўру кафан ҷустанд…
(«Мушкилоти як»)
Гуфт Ҳоҷиб: «Ҳарчи дар ин нома аст,
Баҳри мақсуди шумо чун ҷома аст.
Мард бошад бар Ватан сар медиҳад,
Ин ба тасхири худаш зар медиҳад…
Аз зару гавҳар магардон рўйро,
Лек аз майдон баровар гўйро…»
(«Мушкилоти ҳафт»)
Дар ин ду пораи манзум, ки чун намунаи сабкҳои мухталифи мавҷуд дар достон мунтахаб гардид, таносуби навоварӣ ва суннат, истеҳком ва матонати сухан яксон аст. Шоир дар муҳиту фазои замонӣ ва рўҳиёту ҳолоти шахси қаҳрамони достони худ, ба ҳадде ворид мегардад, ки зоҳиран ба таври ғайри пешбинишуда ва нохудогоҳ яке аз суннатҳои нодир ва дерини адабиёти класикӣ, яъне соқиноманависиро дар таркиби достон эҳё менамояд, ки шояд дар адабиёти муосири форсизабон собиқа надошта бошад. Дар соқинома шоирон ҳолот ва авотифи ботинии худро баён мекунанд ва дар ҳоле он ба қаҳрамони асар нисбат меёбад, ки дунёи маънавии шоир ва қаҳрамон комилан яке шуда бошад:
Биё, косагул, фурсате май кашем,
Ки чандест ранҷи паёпай кашем.
Муғаннӣ, бизан нағмае бемалол,
Ки бошад ба бозӣ чу набзи ғизол.
Даме душмани сактаи дил шавад,
Муроди дили банда ҳосил шавад.
Вуҷуди вазни суннатии соқинома – мутақориб, вазни «Шоҳнома» ва ёдкарди қаҳрамонони бостонӣ дар он ин навъи манзумро ба усорае шабеҳ кардааст, ки аз дарҳамсириштани шеъри ҳамосӣ ва лирикӣ ба вуҷуд меояд. Вазни «Шоҳнома» ва ҳамчунин рўҳиёти фирдавсиёна, ки дар ашъори пешини шоир ҳам, мушоҳида шуда ва дар достонҳои баъдӣ «Ҳамосаи дод» (1995) ва «Масъуднома» (2006) нақши барҷастае дорад, дар ин достон барои баёни лаҳзаҳои саршор аз драматизм (хусусан дар «Мушкилоти ҳашт», ки яке аз нуқтаҳои авҷи достон, набарди Сино бо марг мебошад) ва падидор кардани рўяи ҳамосӣ ва қаҳрамонии шахсияти Сино хидмат кардааст. Бисоти аз лаҳн, сабк, оҳангу мусиқии калом, таркиби вожаҳо ғаниву пурбори достон имкон додаст, ки ба хубӣ ҷанбаҳои гуногуни шахсияти мўҳташами Бўали Сино: шахсияти илмӣ, сиёсӣ, маънавӣ, инсонии ин ҳакими бебадил таҷассум ёбад. Сохтор ва таркиби хоси «Мушкилоти панҷ», ки махсуси баҳси ҳакимона ва орифонаи Ибни Сино бо Шайх Абўсаид мебошад барои шарҳу тавзеҳи масъалаи печида ва бисёр муҳими фалсафӣ ва ирфонии тавозуни дину дунё аз назари ҳаким ва ориф бисёр муносиб воқеъ гардидааст. Ҳалли ин мавзўъ дар достон ба таври хулоса бо афкори пешқадами мавҷуд дар фарҳанги суннатӣ ҳам мусоид аст.
Мисраҳои охири достон бо баёне саршор аз шукўҳу шаҳомат ва дар айни ҳол шевоиву зебоӣ мисли ҳошияи заррине, ҳусни хитоми он мешавад:
Шафақ аз теғаи Алванд бар ҷоми худовандӣ –
Ба рўи гунбази ту аз майи сурхи самарқандӣ
Чу аз ҷоми нагуне бода мерезад ва он холист,
Ҷаҳон аз номи пур гашту он ҷоми ҷаҳон холист.
Дар маҷмўъ, баррасии муфассали осори арзишманд ва мондагори устод Мўъмин Қаноат барои муайян кардани хусусиятҳои таҳаввули назми навини форсии тоҷикӣ ва ба вижа достони манзуми дорои сабки наву тоза бисёр боаҳаммият ва шомили натиҷаҳои ҷолиби илмиву таҳқиқотӣ мебошад. Пажўҳишҳои то кунун анҷомдодаи донишмандони ватаниву хориҷӣ барои анҷоми ин амри зарурӣ заминаҳои мусоидеро фароҳам сохтааст.
Аз идора: Ин мақола тавассути духтари шоири маъруф Ширин Қаноат дастрас шуд.