Китоби нав. Муқим Воҳид: “Лолае дар пайроҳаи бабр”

Ишқ  чист? Чӣ  муаммоест, чӣ сарафканист ба  қаъри дунёи  дарду алам, ранҷу  озорҳо? Ошиқ  кист  ва  дар  роҳи  мурод ба  чӣ ҷонфидоиҳо  қодир  аст?  Ба ин суолҳо хонандаи  азиз   аз  қиссаҳои  нави Муқим Воҳид ба андозае  бохабар  хоҳад  гашт.

  Муқим  Воҳид 9 – уми апрели соли 1950 дар  шаҳри  Хуҷанд  дар  оилаи  зиёӣ   таваллуд  шудааст. Баъди  хатми  мактаби  миёна соли 1967  ба факултаи  таъриху  филологияи  Донишкадаи  давлатии   педагогии шаҳри  Хуҷанд  дохил  гашта,

 

Китоби нав. Сайёраи Баҳодур. “Умеди висол”

«Умеди висол» маҷмўаи  нави ашъори  шоира Сайёраи Баҳодур  мебошад. Дар он чакидаҳои  қалами  шоира, ки  солҳои охир  рўи  саҳфа омадаанд, ҷамъ  шудааанд. Сайёра  ҳамчун  эҷодкор  чанд  сол аст, ки ба хонандаи  тоҷик  шинос мебошад  ва то ин  вақт  чанд   маҷмўаи   шеъру  таронаҳояш  дастраси  ҳаводорони   назм  гардидаанд.

Китоби  нави  шоира  аз  он  дарак  медиҳад, ки  муаллифи  он ба камтавонияш  нигоҳ накарда, зиндагиро  дўст  медорад  ва  ҷавононро  ба  меҳру  муҳаббат, дўст  доштани  Ватан, ишқи пок  ва  рафоқату  покизагӣ  илқо  мекунад.

Дар сари роҳҳои нав. Тақризи устод Соҳиб Табаров ба ҳикояҳои Муаззама

​ Диққати дигар нависандаи ҷавон – насрнависи навқалам Муаззама дар ҳикояи «Истгоҳи шинос» ба қувваи меҳри падарӣ равона шудааст. Муаззама як мўйсафедро дар ҳолате тасвир кардааст, ки ба дидани писараш мерафт ва ҳазору як фикру андеша аз дилаш мегузашт. Дар назари аввал чунин  менамояд, ки каҳрамони ин ҳикоя як пири фартут аст 

Ваҳдат - алайҳи вабои аср COVID-19

 Тоҷикистон кишвари биҳиштосо ва мардуми он мардуми таҳаммулпазиру меҳмондӯст, ваҳдатгарову дорои маърифати баланди илмиву фарҳангӣ буда, таърихи ниёгони мо моломоли далелҳои мардонагиву шуҷоатнокӣ, озодихоҳиву ваҳдатофарӣ, муборизаи беамон зидди душманони дохиливу хориҷӣ ва ҳамеша дастгири ҳамдигар дар рӯзҳои душворӣ ҳаёти буда, ҳангоми пайдоиши хатаре ба миллат ва кишвар аз як гиребон сар

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Сайёди ҷаҳон. Солҳои (1712 – 1795)

  Намояндаи барҷастаи адабиёти асрҳои миёнаи арман Арутюн Сайдян соли 1712 дар оилаи марди ҳунарманд дар шаҳри Тифлис, дар ҳамон шаҳре, ки гўё тамоми рангҳои табиат, халқҳо, урфу одат ва забонҳо бо ҳам омехтаанд, ба дунё омадааст. Зери таъсири муҳити гарми сиёсӣ, тиҷорат ва илмиву фарҳангии ҳамин шаҳр фаъолияти эҷодии Сайёди Наво шакл гирифт. Муҳақиқони осору аҳволи ў қайд карданд, ки панҷ забонро медонист ва бо се забон эҷод мекард.

Нависандае, ки ҳаҷваш маъруфияти хоса дорад

 Нависандае маҳкамбаён буда, дар мактаби устодони насри тоҷик Раҳим Ҷалил ва Фазлиддин Муҳаммадиев сабақ омўхтааст. Асарҳои ҳаҷвию ривоятияш «Меваи умр», «Нон», «Рўзҳои гузашта», «Дар соҳили Сир», «Марду лафз» ва ғайра ифшогари муаммоҳои печидаи рўзгор буда, зимнан, муаллиф танпарастию мансабҷўйӣ ва дунёбехабарии тойифаеро зери тозиёнаи танқид гирифтааст.

Страницы