Манижа ва Парисо. Қироати достони устод Қаноат “Суруши Сталинград"
Нашр шуд 2020-05-20 12:10
Манижа Аминова ва Парисо Давлатова ду ноболиғе, ки ахиран аз ду гӯшаи олам порае аз достони устод Мӯъмин Қаноат “Суруши Сталинград”-ро қироат карданд. Парисо дар як озмуне ширкат дошт ва соҳиби Шоҳҷоиза шуд. Манижа порае аз достонро замоне қироат кард, ки бо волидонаш дар Русия дар ҳоли карантин ба сар мебаранд. Манижа сарояндаи тавоно миёни наврасон аст, ки дар озмуни байналмилалии “Голос дети”-и ТВ Русия ҳамроҳ бо Валерия Базикина бо иҷрои таронаи “Траву у дома” ҳамаро шигифтзада кард ва навори аввали он дар Ютуб дар 3 рӯз ҳудудан 4 миллион бинанда дошт.
Парисо духтари журналисти маъруфи кишвар Нуралӣ Давлат аст, ки ҳоло дар мактаби Ҳотам ва ПВ таҳсил мекунад. Вақте саҳифаи устод Қаноатро таҳияи мекардем, аз миёни видеҳо ин ду видеоро махсус ҷудо кардем, то далеле ба маҳбубияти устоди шодравон бошад. Шеъру достонҳои устодро чӣ пирони барно, чӣ ҷавонони шеърдӯст ва чӣ наврасон қироат мекунанд, азхуд менамоянд ва таблиғ мекунанд. Манижа метавонад мубаллиғи ашъори устод дар Русия бошад.
ВИДЕО