Тарҷумаи ҳол
Зоду бум, хонавода ва таҳсил
Мӯъмин Қаноат 20-ӯми моҳи майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дида ба ҷаҳони равшан кушодааст ва 18-ӯми моҳи майи соли 2018 онро падруд гуфтааст. Деҳаи Курговад дар фосилаи 55 км. аз маркази ноҳияи Дарвоз, дар сари шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, аз тарафи рости рӯди пуртуғёни Панҷ ҷойгир аст. Хонаи падари Мӯъмин Қаноат дар баландии соҳили чапи ҳамин рӯд, дар маҳаллаи Сари Сандалиё ҷойгир аст ва мавзеи мавлиди ӯ он ҷост.
Номи аслӣ ва хонаводагии ӯ Мӯъминшо, бо ихтисори ҳарфи охир (ҳ) дар гӯиши маҳаллӣ ва урфии тоҷикӣ мебошад. Ба исми мусулмонии Мӯъмин – бо имон афзудани “шо(ҳ)” аз расмҳои номгузории маъмули Дарвоз буд. Шояд бо сабаби аз асри XVI то охири асри XIX дар ин ноҳия ҳукумат доштани шоҳони Дарвоз ва, албатта, тимсоли бузургию шаҳомат будани онҳо чунин иловаи ифтихорӣ ба номи касон зам шуда бошад. Дар аввалҳо чунин илова танҳо ба аъзои хонадони шоҳон мумкин буд. Бобокалони Мӯъмин Қаноат Шобайшоҳ ном дошт, ки маънои “Шоҳаншоҳ”-ро дорад ва далолати алоқа бо хонадони шоҳони Дарвозро, ба ақидаи шоир, медиҳад.
Падари Мӯъминшо Қаноатшо валади Муҳаммадамон то замони колхозӣ деҳқони соҳиби замин ва боғу роғи худ буд. Дар охири асри XIX ва аввали асри XX аз оилаҳои калон касоне ба мардикории шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва водии Фарғона мерафтанд. Падари Мӯъминшо низ ба расми замон ба шаҳри Самарқанд рафта, муддати бист сол маскуни он ҷо буд ва бародари бузургаш Мулло Мурувватшо ӯро аз хавфи ба ҷанги русу олмон сафарбар шудан ба хонаи падар баргардонд. Қаноатшо, ба монанди кулли аҳли заҳмати деҳқонӣ ва соҳиби иззати авлодӣ, рафтори ҷавонмардонаро мероси гузаштагони худ медонистааст. Мӯъминшо муносибати сиришти худро ба падар чунин изҳор мекунад: “Ман аз падарам роҳи расидан ба ҳадафҳои ибтидоӣ ва интиҳоиро омӯхтаам ва он роҳ ҳам роҳи ростӣ, заҳмат кашидан, дар ҷое сабру қаноат ва дар ҷое зуд анҷом додани корҳои фаврӣ. Падарам аз айёми навчавонӣ маро “сӯфӣ” ном мегирифт ва шояд чизеро дар ахлоқи ман сӯфиёна дарёфта буд. Дар сухани эшон магар фоле буд, ки банда бо ҳамин ахлоқ зиндагӣ кардаам ва дар шеър ҳам гироиш ба ирфон дорам”. Қаноатшо валади Муҳаммадамон соли 1946, дар синни 67 солагӣ вафот кард.
Модари Мӯъминшо Бегиммоҳ валади Борон, аз авлоди эшонҳои Курговад буд, ки ба эшонҳои деҳаҳои Водхуд, Ҷорф, Кеврон, Умарак ва кулли эшонзодагон пайванди хешутаборӣ ва авлодӣ доштаанд. Ӯ зане боифат ва ҳунарманд будааст. Дар бораи хислатҳои модар таассуроти худро Мӯъминшо чунин баён менамояд: “Модарам аз хонаводаи эшон (сайид)-ҳои Дарвоз буд ва хислатҳои наҷиба дошт. Дар ҳар гуна ҳол ва авзоъ бо ҳар касе бо табассуме нарм гуфтугӯ мекард. Боре надидаам, ки бо касе ҷангу пархош карда бошад. Инсони нек, ҳунарманд ва заҳматкаш буд. Ман аз назари шаклу сурат ба модарам монанд ҳастам, аз назари якмаромӣ ба падарам”. Аҷиб ин аст, ки бо ҳама таваҷҷӯҳ ва дӯстдориҳое, ки дар сухани шоир нисбат ба модар мебинем, танҳо дар шеъри “Меҳри модар” бевосита аз ӯ ёде мекунад. Аз сӯгвориҳои модар дар достони “Ситораи Исмат” чизе аз ёди ҳиссиёти шахсии худи ӯ ҳам ҳаст, вале на зиёда аз ин. Сабаби ин ҳолат расми мардони тоҷик аст, ки дар бораи занони хонадон хеле кам ба дигарон арзи ҳол мекунанд ва иззати хонаводагиро бо таъмини моддӣ ва саодати умумӣ алоқаманд мебинанд.
Бобои Мӯъминшо шахсияти мояи ифтихор будааст. Вай Муҳаммадамон ном дошт ва ба сабаби соҳиби корномаю корзоре буданаш, бо лақаби Амон иштиҳор касб карда буд. Ин Муҳаммадамон сипаҳбуди Шоҳ Исмоил – намояндаи хонадони шоҳони Дарвоз буд. Назар ба гуфтаи Мӯъмин Қаноат бобояш Муҳаммадамон 12 сол вазифаи мири Ванҷро дошта буд.
Таҳсили ибтидоиашро Мӯъминшо дар деҳаи Курговад сар кард. Мактаб дарсхонаи муқаррарии тоҷикӣ, барномаҳои расмии давлатӣ, дар оғоз бо алифбои лотинӣ, пас аз соли 1940 ба алифбои русӣ буд. Мактаби миёнаро дар шаҳраки Ғарм, маркази вилояти он вақтаи Ғарм соли 1951 хатм кард. Мӯъминшо бо ҳавас ва ҳавсалаи тамом дар мактаб мехонд, китоби зиёде мутолиа мекард.
Баъди хатми мактаби миёна дар ҳамон соли 1951 ба шӯъбаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, пас аз панҷ соли таҳсил онро хатм кард ва барои кор ба идораи маҷаллаи “Шарқи Сурх” (баъдҳо “Садои Шарқ”) даъват шуд.
- Фаъолияти эҷодӣ
Мӯъмин Қаноат дар соли 1949 дар синни 17 солагӣ аввалин шеърашро сурудааст. Вазъи навиштани он ва натиҷаашро худи ӯ чунин шарҳ медиҳад: “Нахустин шеъре, ки навиштаам соли 1949 дар ситоиши рӯди Панҷ буд. Шояд зери таъсири достони манзуми “Панҷи ноором”-и Мирсаид Миршакар, ки он замон хеле машҳур буд, гуфта шуда бошад. Ин озмуни аввалини қалами банда ба дасти ҳамдарсон ва ҳаммактабони ноозмуда афтод ва байти шеъре, ки дар мутоиба миёни Суҳайлӣ Ҷавҳаризода ва Муҳиддин Аминзода падид омада ва машҳур буд:
Шоирон мурданду ту шоир шудӣ, Аз кадом кунҷи лиҳад ҳозир шудӣ
аз номи худ барои ман хонданд ва ҳавасу ҳавсалаи маро шикастанд. Дар соли 1950 он чи дар ман будааст маро водор кард, ки шеър нависам. Зимистони ҳамон сол қасидагунаи соддае навиштам ва ба идораи рӯзномаи ноҳия, яъне “Ҳаёти нав” бурдам ва он чоп шуд. Дар соли 1951 чанд шеъри дигар ҳам дар ҳамин рӯзнома ба чоп расид”.
Дар замони донишҷӯӣ Мӯъминшо муддате нияти шоириро як сӯ гузошт ва мехост ба омӯхтани ҳикмату фалсафа машғул шавад. Дар ин давра шеър менавишт, вале хеле кам. Сабаби дуюми кам навиштани шеър ин буд, ки бо хати форсӣ, каму беш бо забони арабӣ шиносоӣ пайдо кард ва дари махзани илму фарҳанги суннатӣ ва рӯяш боз гардид. Дар донишгоҳ ба сабки классикии шеър майл гирифта беҳтарин намунаҳои онро азбар мекард. Аз шоирони давраи нав, дар қадами аввал, бо Отаҷон Пайрав Сулаймонӣ рӯбарӯ омад. Пайрав воқеан ҳам шоирест, ки дар сабки классикии шеър устоди варзида ва дар равишҳои нав мутуқаддим буд. Чунин гуногунии ҳунарӣ дар гуфтори як кас, ба иловаи мавзӯоти замонӣ, хотири ҷавони соҳибзавқро ба худ мекашид ва майли Мӯъминшо ба шеъри ӯ як чизи табиӣ буд. Дар солҳои панҷоҳӯм шеъри Абулқосим Лоҳутӣ ҳам дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз намунаи сухани воло буда, аксари аҳли адаб ба он шефтагие зоҳир кардаанд. Мӯъминшо низ аз ҳаводорони шеъри Лоҳутӣ шуда буд.
Ба гуфтаи Мӯъмин Қаноат устодон Боқӣ Раҳимзода ва Мирзо Турсунзода ӯро аз шеър гуфтан ба сабки классикӣ ва махсусан равиши тақлиду татабӯъ нигоҳ доштанд. Дар иншои шеър бештар бо устод Боқӣ Раҳимзода маслиҳату машварат мекард. Раҳимзода шахси меҳрубон, соҳибзавқ, хушсухан, ҳозирҷавоб, нуқтасанҷ ва некандеша буданд. Сифатҳои мардумии ӯ барои ҷавонони соҳибистеъдод кашиши махсусе доштанд. Мӯъминшо ҳам ба зудӣ бо ин марди азимҷуссаи нармхисол унс гирифта ва муносибати хос пайдо карда буд. Ба ғайр аз роҳнамоии эҷодӣ, ҳимояти доимии Боқӣ аз Мӯъминшо дар корҳои эҷодию маъмурӣ низ далолати онро мекунад, ки ӯ дар худ эҳсоси бештаре аз муносибати устоду шогирд дар замир доштааст. То ҷое, ки ба қавли Мӯъмин Қаноат, дар айёми пирию хастаҳолӣ, вақте ӯ ба мақоми сиёсӣ ва иззати шоирии шоёне расида буд, устод Боқӣ мегуфтааст: “Агар ман бимирам, ту танҳо чӣ кор кардаву ба чӣ ҳол меомада бошӣ?”. Хушо, дӯсте бо ин бузургӣ ва устоде бо ин меҳрубонӣ.
Ба ақидаи Мӯъмин Қаноат дар ташаккули шахсияти эҷодии ӯ таъсири Пӯлод Толис хеле зиёд аст. То замони вохӯрӣ бо Толис бештар дар қолаб ва қонуни фарҳангии суннатӣ шеър гуфтанро Мӯъмин Қаноат барои худ мувофиқ медидааст. Пӯлод Толис бо тафаккури расо ва савияи интеллектуалии худ ба Қаноат таъсир оварда, ӯро ба сӯи воқеабинӣ ва сохтани нақшҳои айнию реалӣ дар шеър ташвиқ мекардааст. Худи Толис дар мактаби адабии русӣ тарбия гирифта тафаккури бадеии реалистӣ ҳосил намуда буд ва ба таври табиӣ Қаноатро ҳам ба ҷаҳони зеҳну дирояти худ раҳнамун месохт.
Дар охири солҳои панҷоҳӯм Ғаффор Мирзо аз таҳсили Институти адабиёти ҷаҳонӣ баргашта дар шеърҳо ва дар мақолаю суханрониҳояш ба ташвиқи шеъри мушаххас пардохт. То он вақт шеърҳои шиорӣ ва мавзӯи умумии сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар эҷоди адабӣ одат шуда, якрангии ғоявӣ ва мафкуравии он ба дилу ҳуш гаронӣ меовард. Бо таъсири ин ақида қисми зиёди шеърҳои шаш-ҳашт соли кори Мӯъмин Қаноат дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ба равиши эстетикаи воқеияти дақиқу нав гуфта шудаанд.
Фаъолияти адабии Мӯъмин Қаноат дар ин давра танҳо бо шеър гуфтан маҳдуд намешуд. Барои шоирон тарҷумаи шеъри адибони дигар як навъ мактаби омӯзиши сабки реалистӣ, ҷустуҷӯи равишҳои тозаи суханварӣ буд. Дар он солҳо шоири тоҷик танҳо аз забони русӣ ба тоҷикӣ асар тарҷума кардан метавонист ва тарҷумаҳои ӯ ҳам баргардон аз ҳамин забони русӣ буданд. Дар китоби “Шарора” тарҷумаи шеъри шоиру драманависи англис Вилям Шекспир, шоирони немис Генрих Гейне ва Фридрих Шиллер, шоири Лаҳистон Адам Митскевич, шоири Ҳинд Робиндронат Такур ва шоири тотор Мӯсо Ҷалил чоп шудаанд. Бояд гуфт, ки ҳиммату даъвии зиёде аз худ зоҳир кардани шоири ҷавон дар ҳамин интихоби шеъри шахсиятҳои бузурги адабӣ намудор шудааст. Чунин иқдом далолати онро дорад, ки кори тарҷумонии ӯ аз мусодифи тасодуфӣ бо шеъри дигарон ангеза нагирифта, иқдоми дониста ва натиҷаи ҷустуҷӯе будааст. Аз ҷумла Сонетҳои Шекспир дар олами адаб асарҳои шӯҳратманде мебошанд ва аз чунин шеър чизи омӯзанда бисёр рӯи кор меояд. Дигар он ки Мӯъмин Қаноат дар тарҷума асолати забони тоҷикиро нигоҳ дошта ва фишори сухани образноки шоири муқтадир ӯро ба роҳи тақлиду тарҷумаи таҳтуллафзи таъбирот, чунон ки дар бисёр намунаҳои тарҷумаи адабии аҳди шӯравӣ мебинем, кам бурдааст:
Борҳо дидам пагоҳон чун ҷамоли офтоб
Бо нигоҳе кӯҳҳоро меҳрубонӣ мекунад
Ханда бар лаб, даштҳоро зарфишонӣ мекунад
Медавонад ранги тиллогуна бар болои об.
Лек гоҳо рӯи он тахти мунаввар абрҳо
Паҳн мекарданд, ҳамчун пардаи зулмоти шаб,
Мераванд оҳистаю мағруру бо қаҳру ғазаб,
То кунад маҳрум оламро аз он нуру зиё.
Ҳамчунин ин офтоби ман намуда рӯи худ,
Фурсате пошида бар ман нуру инъоми зиёд.
Лек пинҳонаш намуд аз чашмам абри бадниҳод,
З-он чароғи ишқ дар қалби ҷавон хомӯш шуд.
Ман шикоят ҳеҷ аз бахтам намесозам. Чаро?
Дар замин ҳам абрҳо ҳастанд монанди само
Масъалаи таъсири шеъри русӣ ба ашъори Мӯъмин Қаноат ва адибони дигар ҳанӯз ба андозаи бояду шояд омӯхта нашудааст ва мо ҳам фақат ба баъзе ҷиҳати он дар мавриди таҳлили асарҳо ишораҳо мекунем. Мӯъмин Қаноат ёддошт медиҳад, ки адибони ба монанди Олжас Сулаймонов ва Чингиз Айтматов маро ба навиштани шеър ба забони русӣ ташвиқ менамуданд. Мегуфтанд, ки ту забони русиро хуб медонӣ ва шеъри русият якбора дар муҳити васеътаре интишор меёбад. Ин ду адиби қазоқ ва қирғиз, дар ҳақиқат, русинавис буданд ва асарҳояшонро ба ин забон менавиштанд, ҳамдиёрони қазоқӣ ва қирғизиашон баъд онҳоро ба забони қавми худ таҳвил медоданд. Мӯъмин Қаноат ин меҳрубонии ҳамқаламони шӯҳратмандашро қабул накард. Сабабашро худи шоир чунин шарҳ медиҳад, ки сохтори шеъри форсии тоҷикӣ дар тӯли зиёда аз 1100 сол ончунон такмил ёфта ва устувор гаштааст, ки каси дар пояҳои фарҳангии он истеҳком ёфта наметавонад аз ин мавқеъ назари номувофиқро иброз дошта бошад. Аз сӯи дигар, баъди аҳди Сомониён, касе аз форсизабонони нажодӣ сухани манзуми саросарии арабӣ нагуфта, ба истиснои баъзе ашъор, муламмаот ва амсоли он. Ба ин тариқ, Мӯъмин Қаноат роҳи шеъри русӣ навиштанро нагирифт.
Гузашта аз ин гуфтаҳо, ба ақидаи худи шоир рӯй овардан ба ашколи шеъри русӣ ягона роҳи берун рафтан ва халосӣ ёфтан аз муҳити танги адабӣ ва сиёсатзадагии аз ҳад зиёди шеъри тоҷикӣ буд. Аввалин асари бузургҳаҷми Қаноат, ки шеърҳояш равиши назми русӣ доранд, достони “Мавҷҳои Днепр” аст. Ангезаи табиӣ барои навиштани ин достон бархостани боди тунде дар соҳили дарёи Днепр буда, ки либоси мардуми соҳилро мебурд ва амвоҷи рӯдро меангехт.
“Достони оташ”-ро ба муносибати 50-солагии Инқилоби Октябр ва ба равиши достони “ГЭС Братск”-и Евгений Евтушенко навиштааст. Дар ин достон ҳам равияи шеъри русӣ домангирӣ мешавад. Достони “Тоҷикистон - исми ман” ба муносибати 50-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ навишта шуда буд.
Соли 1970 Мӯъмин Қаноат ҳамроҳи адиби қазоқ Анвар Олимҷонов сафари бистрӯзае ба Эрон дошта, ки ба рӯҳия ва фаъолиятҳои эҷодии ӯ таъсири муҳиме гузошт. Дар ин сафар ба шаҳрҳои таърихии Исфаҳон, Ҳамадон, Шероз рафт, мақбараи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро дар Ҳамадон, Шайх Саъдӣ ва Хоҷа Ҳофизро дар Шероз зиёрат кард, бо бузургони шеъру адаби Эрон сӯҳбатҳо дошт. Барои Мӯъмин Қаноат ин як сафари муқаррарии хориҷӣ набуд. Эрон маркази адабии қадимӣ ва зиндаи имрӯзаи форсӣ ва тоҷикист. Дар ин кишвар ҳатто зиёрати мақбараи шоирон барои шоири тоҷики давомдиҳандаи суннати деринаи онҳо маънои дигаре дошт. Ӯ худро ҷузви ин фарҳанг медид ва мехост, ки шахсияташ ба ҳамин сифат пазируфта шавад, на чун бегонаи дар пояи тамаддуни қадимӣ ба нияти сипосу эҳтиром омада. Ҳарос аз бегонагӣ ваҳми мушкилоти дарёфти ваҳдатро ҳам тавлид мекунад:
Ҳаме тарсам, ки фардо ҳамчу бегона
Барандам бар тавофи шеъри шоҳона,
Зи ҳоли Ҳоҷӣ бархонанд афсона
Аз он ғофил, ки набвад хоҷа дар хона.
Дар маҷлиси шеърхонӣ шоирони номдори дар он замон ҳанӯз ҷавони Эрон Аҳмади Шомлу, Аҳавони Солис ва Сӯҳроби Сипеҳрӣ ширкат карда, ба шоири тоҷик иззати меҳмонӣ ва махсусан ҳамзабонию ҳамқаламиро нигоҳ медоштанд. Табиист, ки Мӯъмин Қаноат шеъри ин шоиронро бо асарҳои тоҷикӣ дар қиёс меовард, муносибаташонро ба суннатҳои адабии гузаштагон мушоҳида мекард. Ҳамаи ин таассурот ӯро водор сохт, ки бори дигар ба дидаи таҳқиқу ибрат ба адабиёти гузашта муроҷиат намояд ва ин сабаби рӯй оварданаш ба асосҳои суннатии суханварӣ аз нимаи солҳои ҳафтодум гардид.
Соли 1968 ба муносибати 25-солагии анҷоми муҳорибаи Сталинград як ҳайати азиме аз маршалу генералҳо, иштирокчиёни собиқи ҷанг дар ин шаҳр ҷамъ омаданд. Дар он ҷо Мӯъмин Қаноат ҳузур дошт, бо иштирокчиёни ҷанг аз маршал Чуйков гирифта то ҳимоятгарони хонаи Павлов шиносоӣ ёфт ва сӯҳбатҳо кард. Бори дигар шоир ба ин шаҳр танҳо рафта, дар осорхонаҳо ва ҷойҳои ҷанг бо ҷузъиёти воқеӣ шинос шуд. Ниҳоят, дар хонаи эҷодии маъруфи он замон аз наздикии шаҳри Москва ба навиштани достони “Сурӯши Сталинград” оғоз кард. Лекин достонро, чи тавре ки мегӯяд, ба як нишаст ва бе танаффус навишта натавонист ва сабабашро аз нокифоягии мавод медид.
Пас аз мавқуф гузоштани таълифи “Сурӯши Сталинград” дар фосилаи 14 рӯз достони “Китобҳои захмин”-ро навишт. Аз назари вазъи равонии эҷодӣ чунин табдили ният ва ин гуна натиҷа падидаи ҷолибест. Воқеиёти Сталинград вазъи зоҳирӣ дорад ва назари дақиқи фикрӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва гуманистиро дар ҷаҳони маънавии ҳунарӣ тақозо менамояд. Ин ҷаҳони фарохи пурмоҷаро дорои радду бадали мавқеъҳо ва андешаҳо буд. Табиист, ки аз он гурез кардану ба дунёи ширини айёми кӯдакӣ рафтан чи кайфияти хуш ва гуворое дорад. Маҳз ҳамин сабаби дар муддати кӯтоҳе анҷом додани таълифи ин достон буд. Ба ин тариқ, навиштани достони “Сурӯши Сталинград” қабл аз иншои достони “Китобҳои захмин” оғоз ёфта баъди он ба поён расидааст.
Шоир ҳанӯз дар вақти донишҷӯӣ дар мавзӯи шеърҳои Ибни Сино кори курсӣ навишта буд ва дар ин роҳ қариб ҳамаи китобҳои дастраси Ибни Сино ва таълифоти марбути зиндагӣ ва эҷодиёти ӯро мутолиа кардааст. Ҳатто дар бораи Ибни Сино як шеъре ҳам навиштааст, ки натиҷаи ҳамин маҳбубияту алоқамандӣ бо ин донишманди тавоно мебошад. Ҳамин шеър маншаи пайдоиши фикри навиштани достоне дар бораи Ибни Сино гардид. Сабаби асосии навиштани достон рӯй овардан ба тамаддуни гузашта, зинда нигоҳ доштани ном ва осори фарҳехтагони илму фарҳанги он буд. Дар ин роҳ нависандаи номдори онрӯза Сотим Улуғзода бисёр саъй мекард ва асаре ба унвони “Пири ҳакимони машриқзамин” аз таърихи рӯзгор ва афкори Ибни Сино таълиф кард. Ба ғайр аз ин, пояи тафаккур дар илми ҷомеашиносӣ ва ҳунари адабӣ хеле ба пастӣ расида буд. Қаноат ин достонро асосан барои тақвияти андешапарварӣ дар масоили мазҳабӣ, таълимӣ, илмӣ, сиёсӣ ва гуманистӣ навиштааст. Шоир дар фосилаи навиштани достони “Гаҳвораи Сино” достони “Падар”-ро эҷод кардааст ва баъдтар достони “Гаҳвораи Сино”-ро ҳам ба поён расонидааст. Албатта, ин достони Мӯъмин Қаноат қиссаи манзуми ҳикмати Абӯалӣ Сино нест. Дар он шоир андешаҳои худро дар атрофи масоили зиндагӣ, вобаста ба лаҳзаҳои рӯзгори ин ҳакими бузург, иброз медорад.
Сабаби навиштани достони “Ситораи Исмат” тақдири басо фоҷиабори як ҷанговари тоҷик бо номи Исмат Шарипов будааст. Ин мард дар ҷанги кишвари Латвия ба ҳалокат расидааст. То ин вақт ӯ дар ду муҳорибаи азими дигар дар минтақаи Курсу Орёл ва дар Украинаи Ғарбӣ иштирок карда баъди ҷароҳат бардоштан ба зодгоҳаш хати сиёҳ фиристодаанд. Дар Украинаи Ғарбӣ унвони қаҳрамонии барояш фармон гардида соҳибашро наёфт. Исмат баъди ҷароҳати Украина табобат ёфта, дар ҷанги наздикии шаҳри Рига 23-юми марти соли 1945 ба ҳалокат расидааст. Вақте ки хати якӯми вафоти Исмат омад, падараш аз ғаму ғурбат фавтид. Хати сиёҳи дуюм модарашро аз ҷаҳон рабуд. Баъди ин номаҳо занаш навмед гашта, ба шавҳар баромад, хати сеюмро гирифта ӯ фаҳмид, ки дар ду навбати дигар иштибоҳ шуда, Исмат воқеан зинда будааст. Ҳамин нобарориҳо ва фоҷиаи ин марди ҷасур дар рӯҳияи шоир таъсири амиқе гузошт.
Мӯъмин Қаноат достонро дар се сол бо фосилаҳо, аз соли 1986 сар карда, дар истироҳатгоҳҳо навиштааст, зеро масруфияти зиёди расмию маъмурӣ ба навиштани асари калонҳаҷми манзум дар вақти кор имконият намедод. Достони “Ситораи Исмат” ҷангномаи холис нашудааст, агарчӣ корномаи асосии қаҳрамони марказӣ ҷанг аст. Вай бештар ба тасвири заҳмату бурдборӣ, бори гарони зиндагии инсонӣ бахшида шуда ва номи неки як инсони шарифро ҳам нигаҳ медорад ва ин далели ҳиммату бузургвории эҷодкор аст.
Як падидаи муҳимми фаъолияти эҷодии Мӯъмин Қаноат дар аввали солҳои навадӯм рӯй оварданаш ба ғазал аст. Сабабашро ӯ чунин шарҳ медиҳад, ки муддати мадиде бо корҳои маъмурӣ ва сиёсӣ машғул буд. Вақте замона дигаргун шуд ва фароғати мутолиаи гузаштагонро ёфт, куллиёти девони Мавлавӣ ва шеъри дигар шоиронро мутолиа кард. Бо таъсири ин мутолиаҳо ва андешаҳои тоза ғазалҳои шоир пайдо шуданд.
Вақте ки давлати шӯравӣ фурӯ пошид ва бори гарони мафкураи расмию сиёсӣ афтид, Тоҷикистон монду сарнавишти он. Ҷангу ҷидолҳо сар шуданд ва Мӯъмин Қаноат муддате дар шаҳрҳои Алма-Ато, Бишкек ва Теҳрон зиндагӣ мекард. Дар ҳамин муддат соли 1995 дар шаҳри Бишкек достони “Ҳамосаи дод”-ро навиштааст. Худи Қаноат ақида дошт, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хатти қонунмандӣ надошт. Чун ҷанг амали усулӣ надошт, аз шикор, интиқом, ғоратгарӣ ва куштори бераҳмона иборат буд, қаҳрамони ҳақиқии мусбат ҳам надошт. Барои ҳамин тасвири халқи бечора мавзӯи асосӣ қарор ёфт. Достон, ба ақидаи шоир, ба хотири ягон гурӯҳ не, балки ба хотири миллат ва тақдири он навишта шудааст.
“Масъуднома” соли 2006 эҷод шудааст ва нахустин бор дар «Садои Шарқ» №3 соли 2007 бо тавзеҳоти мухтасари худи шоир ба нашр расидааст: «Ин ҳамоса ҳафт номаи сарбамӯҳр, розҳои ботинии Аҳмадшоҳи Масъудро ба хонанда мерасонад. Дар ду давраи набарди ӯ, даврони ҷиҳод ва муқовимат шахсияти ӯ дугона таъриф ё таҳриф шудааст. Ман кӯшидаам ҷанбаҳои инсонӣ ва қаҳрамонии ӯро шоирона ҷилва диҳам. Ин асар ангораест аз чеҳраи нотакрори рустамона, орифона ва ошиқонаи Масъуд. Ӯ қаҳрамони марказии достон, симои бадеӣ ва ормонӣ аст». Вале бо вуҷуди ниҳоят мӯҷаз будани достон, ҳанӯз шоир дар фикри навозиши табъи хонанда ва таҷассуми ҳар чи муносибтари мавзӯъ, на танҳо аз тариқи забону баёни мувофиқ, балки вазну оҳанг ва мусиқии калом низ ҳаст. Аз ин ҷост, ки ин достони мӯҷаз иборат аз 9 бахш бо 5 вазн ва 5 қолаби шеърӣ: мусаммати мураббаъ, маснавӣ, мустазоди навоварона, қасида (ғазал) ва арӯзи нав суруда шуда, асари он дар зеҳн ба сурати як симфонияи чандпардагӣ боқӣ мемонад.
Шеърҳои Мӯъмин Қаноат ба забони русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, испонӣ, муғулӣ тарҷума шудаанд. Баргузидаи осори Мӯъмин Қаноат дар чандин баёзу маҷмӯаҳои дастҷамъии гуногунзабон, дар гулчини ашъори «Шарора» (1960), «Ситораҳои замин» (1963), «Роҳҳо ва болҳо» (1964), «Мавҷҳои Днепр» (1966), «Достони оташ» (1966), «Сурӯши Сталинград» (1979), «Осори мунтахаб» (дар ду ҷилд, 1982), «Гаҳвораи Сино» (1983), «Китобҳои захмин» (1983), «Ситораи Исмат» (1990), «Аз Бесутун то кунун» (1992), «Меҳри сипеҳр» (2007), «Сурӯши Сталинград» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 2011), «Эътиқодим» (Тошканд 1981), «Колыбель Авиценны» (Маскав, 1982), «Сокровища братских республик» («Днепро», 1982), «Сталинград даусы» («Жалын», 1982), «Избранное» (Маскав, 1984), «Версур» (Кишинёв, 1985), «Сталинград дауси» (Фрунзе, 1982), «Гулчини ашъор» (Теҳрон, 1994), «Голоса Сталинграда» (Волгоград, 2014) ва ғ. дастраси умум гардонида шудаанд. Дар матбуоти даврӣ зиёда аз 50 тақриз, мақола, матни суханронии Мӯъмин Қаноат ба забони тоҷикӣ чоп шудааст. Инҳо барои фаҳмидани назари адабию эстетикии Қаноат, мавқеи расмию шахсии шинохти адабиёт аҳамияти муҳимеро доро мебошанд.
- Фаъолияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ
Кори Мӯъмин Қаноат дар идораи маҷаллаи “Садои Шарқ” аз фаъолияти адабию фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Вай ба шоир аз ҷиҳати донишу ҳунар имкони эътибори иҷтимоӣ ёфтанро муҳайё кард. Тадриҷан Қаноатро дар доираҳои адабӣ шинохтанд, ташкилотҳои сиёсӣ, махсусан созмони комсомол ӯро ба корҳои худ ҷалб мекард. Солҳои 1966-67 ӯ муҳаррири озоди нашриёти “Ирфон” буд. Чунин озодиро Қаноат барои навиштани достонҳои “Сурӯши Сталинград” ва “Достони оташ” лозим медонист.
Моҳи майи соли 1968 Мӯъмин Қаноат муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд ва дар ин вазифа то соли 1977 кор мекард. Раиси он вақтаи Иттифоқи нависандагон устод Мирзо Турсунзода шоири овозадор ва шахсияти бонуфузи сиёсии Тоҷикистон буд. Барои чунин раис ҷонишини муносиб лозим буд ва ба ин вазифа шахсияти Мӯъмин Қаноатро мувофиқ диданд. Дар он вақт Мӯъминшои 36 сола барои синну солаш шӯҳрати кифоя дошт ва касе ба ояндаи дурахшони фаъолияти эҷодиаш шубҳа намекард. Ба иловаи ҳамаи ин хисоли некӯ ва фаъолияти коргузориаш, табиати нарми дур аз моҷароҷӯӣ ва гурӯҳбозиҳо барои иҷрои чунин вазифа хеле мувофиқ омад.
Дар соли 1977 чанд нафар аз бузургони илму фарҳанги Тоҷикистон ин ҷаҳонро падруд гуфтанд. Дар тобистони ҳамон сол Бобоҷон Ғафуров, дар аввали тирамоҳ Мирзо Турсунзода олами бевафоро тарк карданд. Масъалаи раиси Иттифоқи нависандагон пеш омад. Мӯъмин Қаноат ҳамчун шогирди шикастанафсу хоксори Мирзо Турсунзода дараҷаи раисиро барои худ муносиб надид. Қарор шуд, ки соҳиби ин мансаб минбаъд “котиби якӯм” хонда шавад. Бо ин мулоҳиза Мӯъмин Қаноат ба сарварии Иттифоқи нависандагон баргузида шуда аз соли 1977 то соли 1991 роҳбари он буд. Дар муддати нӯҳ соли муовини аввал ва чордаҳ соли муншии аввали Иттифоқи нависандагон буданаш Мӯъмин Қаноат чӣ корҳое кард ва дар чӣ гуна амалу тадбирҳое ширкат дошт, гапи як китоб аст. Муҳимтарини онҳо таҷлили ҷашни садсолагии зодрӯзи Садриддин Айнӣ, ҳазорсолагии зодрӯзи Ибни Сино, ташкили нашриёти “Адиб”, рӯзномаи “Адабиёт ва санъат”, ташкили курси тарҷумонҳо дар назди Интитути адабиёти ҷаҳонии Москва ва монанди инҳост. Ширкат дар кори Ҳаракати якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, дар ҷамъомадҳои адибони ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ ва адибони Осиё ва Африқо ва ғ. низ аз фаъолиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии Мӯъмин Қаноат мебошанд. Имкони бештар ба озодии сухан, гуногунандешӣ, рӯй овардан ба услуби танқидӣ аз ҷониби Бозор Собир, равиши тозаи миллатгароӣ дар шеъри Лоиқ, ошӯбангезии сухани Гулрухсорро Мӯъмин Қаноат, то андозае, ба сиёсати пешгирифтаи худ дар раёсати Иттифоқи нависандагон алоқаманд мебинад. Ҳамин гуна истиқлоли назар, ҷустуҷӯи сабки хос ва гуногунандешӣ дар асарҳои нависандагон Ҷумъа Одина, Ӯрун Кӯҳзод, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Баҳманёр, Сайф Раҳим ва дигар адибони насли нав падид омад.
Фаъолияти сиёии Қаноат бештар ба иштироки ӯ дар ташкилотҳои интихоботӣ вобаста буд. Аз соли 1964 то соли 1972 вакили шӯрои ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе ва се даъват вакили шӯрои шаҳрӣ, аз соли 1979 то соли 1991 се навбат вакил аз вилояти Бадахшон ва дар навбати сеюм аз шаҳри Кофарниҳон то сари Бадахшон дар Шӯрои миллии Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ будааст. Дар навбати аввал узви Кумитаи илму техника, дар дуюм узви Кумитаи умури байналмилалӣ ва соли 1991 ба раисии ҳамин Кумита баргузида шуда буд.
Муддати қариб даҳ сол узви Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон буда, дар баррасии кулли масоили муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок кардааст.
Ба ғайр аз ин фаъолиятҳои расмии сиёсӣ як силсила вазифа ва узвияти ҳаракатҳои сиёсию фарҳангии ватанӣ ва байналмилалиро ҳам дошт. Аз соли 1979 то соли 2002 раиси бебадали Кумитаи сулҳи Тоҷикистон буд; солҳои 1978-1991 узви Кумитаи мукофотҳои ленинӣ ва давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ; узви раёсати кумитаи дифои сулҳи шӯравӣ (солҳои 1978-1991); узви кумитаи якдилии кишварҳои Осиё ва Африқо (солҳои 1978-1991).
Мусофиратҳои хориҷии Мӯъмин Қаноат, иштироки ӯ дар маҷолису конфронсҳо хеле зиёданд: конфронси нависандагони Осиё ва Африқо соли 1973 узви комиссияи тадорукот; иштирокчии ҳамин гуна конфронсҳо дар Тошканд (соли 1965), Кобул (соли 1982), Уланбатор (соли 1978), Либия (соли 1986), соли 1980 ширкат дар анҷумани нависандагони кулли кишварҳои арабӣ дар Ямани ҷанубӣ ва дар Ямани шимолӣ; ҳамон сол ширкат дар конгресси бахшида ба бузургдошти Файз Аҳмади Файз дар Покистон; мусофирати Ҳиндустон барои супоридани мукофоти Ҷавоҳирлаъл Неҳру; сафарҳо бо супориши Шӯрои Олӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб, Уммон, Урдун, Мадагаскар, Ҷопон, Фаронса, Куба (супоридани мукофот ба нависанда Гарсия Маркес); инчунин сафарҳои илмию эҷодӣ ба Чин, Эрон ва ғайра низ аз ҷумлаи фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи шоир мебошанд. Соли 1991 Мӯъмин Қаноат узви вобастаи Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Солҳои 1991-92 раиси Институти осори хаттӣ буд. Дар ташкили институт иқдомоти зиёде кард, вале бо фаро расидани суқути давлати шӯравӣ ҳамаи ин кӯшишҳо барбод рафт. Аз соли 1997 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб шуда буд. Таҷрибаи фаровони кори сиёсӣ ва ҷамъиятии Мӯъмин Қаноат дар иштироки фаъолонааш дар Ҳаракати ваҳдати миллӣ истифода шуда буд. Аз соли 2001 вазифаи муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакиро ба зимма дошт. Омӯхтани фаъолиятҳои сиёсию иҷтимоии Мӯъмин Қаноат дар алоқа бо фаъолияти адабӣ ва мақомоти ҷамъиятиаш масъалаи дигари шинохти шахсияти ӯ мебошад.
Хизматҳои шоёни Мӯъмин Қаноат дар рушди адабиёт бо ордену медалҳои зиёде қадршиносӣ шуда, ӯ соли 1991 сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон гардидаст.
Дар соли 1977 барои достони “Сурӯши Сталинград” бо Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва соли 1980 барои достони “Гаҳвораи Сино” бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мукофотонида шудааст. Дорандаи орденҳои Нишони Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», сипосномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Беларус, Нишонҳои ифтихории КМ ВЛКСМ «Барои кори сахткӯшона», «Барои ширкати фаъол дар кори комсомол» ва дигарҳо.
Мӯъмин Қаноат соли 1999 бо Ордени “Дӯстӣ” ва соли 2002 ба ифтихори 70-солагиаш бо “Ситораи Президенти Тоҷикистон” (дараҷаи Ш) сарфароз гардонида шудааст.
Дар соли 2015 ба муносибати 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи Ҳукумати Федератсияи Россия бо Нишонаи “70-солагии Ғалаба дар муҳорибаи Сталинград” мукофотонида шудааст.
- Худоӣ Шарифов. Савти Аҷам. Душанбе; Хазинаи адабиёти Тоҷикистон, 2002.
- Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Номаи порсӣ. Лузуми посухи шоирона ба ниёзҳои маънавии мардум дар Тоҷикистон, саҳ.223-252.
- Рустами Ваҳҳоб. Ҳамосаи ирфонӣ. Дар ҳошияи “Масъуднома”-и устод Мӯъмин Қаноат. Садои Шарқ, №3, 2007.