Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ. Диссипатсияи атмосфераи сайёраҳо, яъне чӣ?

Диссипатсияи атмосфераи сайёраҳо (лот. dissipation – пароканиш), пароканиши атмосфераи сайёраҳо дар фазои Кайҳон. Механизми асосии диссипатсияи атмосфераи сайёраро ҳаракати ҳароратии молекулаҳо ташкил медиҳад, яъне ҳангоми ба суръати буҳронӣ (суръати дуюми кайҳонӣ) соҳиб шудан молекулаҳои қабатҳои берунии атмосфера (экзосфера) майдони ҷозибаи сайёраро бартараф ва онро тарк мекунанд. 

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. ҚАЛЪАИ ДОРОБӢ

Қалъаи Доробӣ, ёдгории бостонӣ дар қисми шимолу шарқи ноҳияи Файзобод, дар наздикии деҳаи Бобои Валӣ, Доробӣ теппаи дарозрўяи маҳрутшакл буда, баландиаш 9-10 м. дарозии сатҳи поинӣ 78 м. паҳно 34 м. дарозии қисмати болоӣ 50 м. ва паҳноияш 12 м аст.

В. В. Бартолд қитъаи Доробиро ба харобаҳои шаҳри Илок мансуб донистааст. Аммо масофаи байни Вашгирд ва Илок, ки дар осори ҷуғрофию таърихӣ якрўзи роҳ 

Додгоҳ гуфта буд, ки Суқрот гунаҳгор аст. Афлотун исбот кард: НА, ГУНОҲ НАДОШТ!

Ҳамин аст моҳият ва мазмуни яке аз машҳуртарин асарҳои Афлотун, ки бо номи «Дифоияи Суқрот» машҳур аст. Ин асар аслан фарогири суханронии Суқрот дар додгоҳ (соли 399 то м.) барои ҳимояи худ аст. «Дифоияи Суқрот» ягона асари Афлотун мебошад, ки ба сурати ғайри муколамаҳои «суқротӣ» наздикӣ дорад. Афлотун дар он мундариҷа ва муҳтавои се суханронии Суқротро ҷой додааст, ки ахирӣ дар додгоҳ барои ҳимояи 

Шахси бо фарҳанг Назаров Тағоймурод Аҳмадович

 Назаров Тағоймурод Аҳмадович яке аз донишманди тавонои соҳаи китобдорӣ мебошад. Ӯ 5-майи  соли 1955 дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хаткардаи  мактаб –интернати № 2  шаҳри Душанбе буда, соли 1971 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил мешавад ва факултаи китобдории онро хат мекунад.

Вай фаъолияти кориашро дар вазифаи китобдори шуъбаи илмию методӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи 

Китобшиносӣ илм аст ё фан?

Бархе китобшиносиро илм дониста ва бар он исрор кардаанд. Қисмати дигар бошад тарафдори фан буданд. Дар ҳақиқат бояд исрор намуд, ки дар рафти пажўҳиш ва нигоришу омўзиш маълумамон гардид, ки ба чунин зайл андеша кунем: Китобшиносӣ на илм асту на фан, балки омезае аз илму фан мебошад, ки фан дар ин ҷо сабту нигоҳдории китобҳо буда, илм бошад санъати китобҳо аст. Яке аз донишмандони соҳа чунин қайд намудааст, ки «Ҳар илме дар арзи мавзўӣ худ фан ҳасту ҳар фане дар равиши худ илм 

Касби китобдорӣ дар Тоҷикистон

Пеш аз он ки дар бораи касби китобдорӣ ҳарф бизанем, бояд аввал дар бораи мафҳуми китоб чанд сухане гуфта бошем.  Китоб ин навиштаҷоти варақаҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Китоб пурқиматтарин падидаи фарҳангист. Кулли одамони бомаърифати олам, китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. 

Страницы