Фарзандони бедори Эронзамин – ворисони фарҳангу тамаддуни бузурги Аҷами тоисломӣ ба мубориза баҳри растагории маънавии Аҷам ба по хестанд. Қадами нахустин дар ин ҷода тарҷумаи осори мактуби тоисломии эронӣ ба забони арабӣ буд. Бо дарки ин зарурати таърихӣ гурўҳе аз намояндагони илму адаби Эронзамин забони арабиро дар ғояти камол омўхтанд ва бо тарҷума кардани муҳимтарин дастовардҳои маънавии ниёгони хеш ба ин забон ба онҳо умри дубора бахшиданд. Як назари иҷмолӣ ба китоби “ал- Фиҳрист”- и Ибни Надим (ваф. с.380/990) кофист, то тасаввуре куллӣ доир ба касрати мутарҷимони эронинажод ва анвои осори тоисломии Аҷам, ки дар садаҳои VIII-IХ ба арабӣ
Александр Поликарпович Шишов аслан на муаррих буд ва на этнограф, ҳамагӣ духтуре буд, аммо шавқу майли беандоза ба омӯзиши таърих барояш ин шарафро насиб гардонд, ки муаллифи ду китоби хуби таърихӣ: «Сартҳо» ва «Тоҷикон» гардад. Александр Поликарпович Шишов 5 декабри соли 1860 дар Тошкент ба дунё омадааст. Агарчи таҳқиқотчии таърих ва этнография набуд, вай бар ҳал ҳол, дар илми шарқшиносии рус тавассути чопи китобҳои «Сартҳо» ва «Тоҷикон» нақши босазои худро гузошт. А.Шишов ба Туркистони тоинқилобии кишвари Руссия ҳамчун духтури ҳарбӣ омадааст. Сараввал дар беморхона (лазарет)-и қисми ҳарбии Хуқанд, баъдтар аз соли 1897 ба ҳайси сардухтури
Ҷаҳони маънавии халқи озоди тоҷик беҳад бой аст. Суруду рақсҳояш гуногунанд, нақшҳои оддиаш ҳам равшану рангинанд, кишвараш беҳудуд, кўҳҳои Помираш сар ба афлок, обҳои шаффофу сарди кўлу рўдҳои кўхсораш амиқу ҷонбахшанд.Ба ҳунарпешаҳои истеъдоди балети торҷик нигариставу аз маҳораташон ба ваҷд омада бовар мекунӣ, ки дар асоси ин санъати басо зебои халқ бо анъанаҳои
Захираи Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки ба суроғаи www.nlt.tj барои ҳамагон дастрас аст, ба 321 660 нусха баробар шудааст ва шумораи хонандагони маҷозӣ ба маротиб дар ҳоли афзоиш аст. Дар ин бора зимни натиҷагири аз фаъолияти нимсолаи аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2020 иттилоъ
Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 17396 нусха китоб ворид шудааст, ки аз ин ҳисоб 13 404 нусхаашро Китобхона ба маблағи бештар аз 186340 сомонӣ харидорӣ ва барои истифодаи хонандагон пешниҳод карда шуд. Ин нуктаро Ҷумахон Файзализода директори Китобхонаи миллӣ 27 июн зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи давлатии Китобхонаи милли.
Моҳпайкар Ёрова 28 июли соли 1970 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1991 факултети драмаи Донишкадаи театрии Маскав ба номи М.С. Шерлинро хатм кардааст. Актрисаи театру кино. Аз соли 1991 ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ҳунарнамоӣ мекунад. Қариб дар ҳамаи намоишҳои давоми беш ва аз ду даҳсола дар Театри номрафта рўи саҳна гузошта нақши худро калон