Сироҷиддин Қосим – собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки як қаламкаши варзидаву шинохта ва муаллифи чандин китобҳои хонданист, ахиран ба Китобхонаи миллӣ чанд номгӯ аз асарҳои худро тақдим кард. Сироҷиддин Қосим факултаи ҳуқуқшиноси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1981 то соли 2007 дар сохторҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилӣ адои вазифа
Ҳама гуна тарбия аз хӯрдсолӣ оғоз меёбад. Ибтидои он гавҳора буда, аз навои хуши «Алла»-и модарон сарчашма мегирад. Ин суруди рӯҳнавоз, ки дар худ орзуву омоли ҳар як модар нисбат ба фарзандро ҷой додааст, баробари роҳату осоиши тифл, сабру таҳаммул ва садоқату муҳаббатро дар ниҳоди кӯдакон тарбия менамояд. Бояд қайд намуд, ки тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакон дар ҳафт соли аввали ҳаёт хусусиятҳои вижа дорад. Ҳадаф, масъулият, рисолат, муҳтаво ва методу усулҳои
Волии Бухоро буда, соли 1091 ҳиҷрӣ ба сини 74 - солагӣ аз ҳукумат истеъфо дода, озими Ҳиҷоз гардида. Пас аз адои ҳаҷ сайри Ҳиндустон карда, дар он ҷо вафот ёфт. Наъши ўро ба Мадина бурда, дар гўристони Буқайъ дафн карданд.
Дар вақти сафари ҳаҷ ба бародараш Субҳонқулихон, ки ҷонишини ў шуда буд, ин ғазалро навишт:
(Аз тазкираи Сиддиқхони Ҳашмат)
Кормандони илмию хизматрасонии Шўъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир қариб 80 сол мешавад, ки фаолияти ҳарҷонибаи кори хешро аз ҷамоварию ҳифз ва омўзиши осори хаттию чопи сангии ниёгонамон ва муосири имрўза аз байни мардуми шаҳру ноҳияҳои мухталифи Осиёи марказӣ ва берун ва берун аз он идома медиҳанд. Хурсандиовар аст, ки имрўз дар фонди тиллоии ин китобхонаи бузург, инчунин аввалин матбуоти даврии тоҷикӣ дарёфт шуда маҳфузанд. Дар байни онҳо чунин маҷаллаҳои солҳои 1920-1930, аз ҷумла «Ойина», «Шўълаи инқилоб», «Раҳбари дониш», «Дониш-биниш», «Машраб»,
Довудӣ (Dendranthema; аз юнони Dendron - дарахт ва anthemus- гул), ҷинси гулҳои маъруф. Тибқи таснифоти биологӣ мансуб ба оилаи мураккабгулҳост. Довудӣ бўи хосса дорад. Пояаш рост, сершоха, то 1,5 м қад мекашад. Баргаш сабзи сиёҳтоб, чокҳои амиқ дорад (баъзан бечок аст). Гулаш забоншакли зард, сафед, гулобӣ; гултўдааш (дар як поя то 20 адад) сабадак буда, дар нўги шохчаҳо ҷойгир аст. Довудӣ рустании рўшноидўст буда, аз қаламча афзоиш меёбад. Вобаста ба муҳити
Зиё Қоризода аз шоирони маъруфи Афғонистон маҳсуб шуда, соли 1922 дар Кобул таваллуд ёфтааст. Падари шоир, ки марди босаводу бофарҳанг буд, барои таълими фарзанди худ тамоми шароитҳои мавҷударо фароҳам меоварад, то ки ў шахси ҳунарманду босавод ба воя расад. Бар замми ин падар мекўшад, ки Зиё баробари омўхтани илмҳои замонааш ба аз худ кардани шеър ва навохтани асбобҳои мусиқӣ низ балад гардид. Зиё Қоризода мактаби «Наҷот»-ро бо баҳои хубу аъло ба