«Молики раҳи кўр» аз маҷмўи ҳикояҳои солҳои мухталиф эҷодшудаи муаллиф, як қисса ва чор мақолаи марбут ба мавзўи модар мураттаб гардидааст. Маҷмўа борои доираи васеи хонандагон пешбинӣ мегардад. Умари Шерхон, рӯзноманигор ва адиби шинохтаи тоҷик буда, таълифоти зиёде дорад ва умре дар нашрияву рӯзномаҳо ва нашриётҳо кор кардааст. Аз ҷумла: дар ҳафтавори « Наврўзи Ватан « (солҳои1991 – 1992 ) ва рўзномаи « Нидои ранҷбар « (солҳои 1992 – 1995) ба ҳайси мудири шуъба ва узви ҳайати таҳририя будааст.
Дастури мазкур фарогири номвожаҳои хоси « Таърихи Систон» буда, ҷиҳати таҳия намудани луғатномаҳо ва барои тадқиқи паҳлуҳои гуногуни маводи ономастикӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, барои мутахассисони соҳаи забоншиносӣ дар таҳия намудани фарҳангҳои дузабона, этимологӣ, имлоӣ ва орфоэпӣ кўмак карда метавонад. Дар дастур ҳамчунин тавсифи вижагиҳои таърихӣ – ҷуғрофӣ ва этнографии « Таърихи Систон» бо мақсади беҳтар тасвиру тавсиф намудани ин ёдгории хаттии давраи классикӣ ҷой дода шудааст. Бояд тазаккур дод, ки ин дастур тамоми
Дар маҷмўа қисса, ҳикояҳо ва саҳнаҳои дар солҳои гуногун иншо намудаи адиб гулчин карда шудаанд. Мавзӯъҳои асосии онҳо тасвири бадеии ҳаёти ҷомеа, тасвири ҳаёти халқи тоҷик дар давраи тақдирсози гузариш ба кушодани ҷаҳони ботинии инсонҳои касбу кори гуногун дар ин замони мураккаби зиндагии мардум мебошад. Ғояи асосии онҳоро ватандўстӣ, зиракии сиёсӣ ва ҳаллӣ тазоди зиндагӣ ташкил медиҳад. Китоб ба ифтихори 70-солагии адиб ба табъ расидааст.
Муаллиф дар пешгуфтори китоб меорад: Шайхи Бузург
Муаллифи Суруди миллӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ин шабу рӯз дар бемористони “Истиқлол” гирифтори беморист ва тибқи хабарҳо аз дирӯз зери дастгоҳи нафаси сунъист. Ду рӯз пештар дар тамос бо ҳаводорони шеър ва дӯстонаш ҳоли худро хуб арзёбӣ карда буд. Дар зер мақолаи профессор Абдунабӣ Сатторзодаро меорем ва ба шоири маҳбуб аз даргоҳи Худованд шифои комил мехоҳем.
Ғазал
(Аз як маҷмўаи дастнавис)
Бувад дар ишқ гаҳ бо мусҳафи рухсор савгандам,
Гаҳе бо ҳалқаи гесўи анбарбор савгандам.
Чи сон дил аз хами зулфи гиреҳгири ту баргирам,
Чу шавқам дод бо он мусҳафи рухсор савгандам.
«Шуълаи инқилоб» - низ нахустин рўзнома-маҷаллаи нашрияи даврии тоҷик аст, ки ҳамагӣ дар теъдоди 8 саҳифа, ҳафтае як маротиба, ҷамъулҷамъ 91 шумора рўи чопро дидааст. Ин ҳафтанома ҷамъиятию сиёсӣ ва ҳам адабӣ ба ҳисоб мерафт. Ношираш ҲК Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Самарқанд буд. Нашрия аз 10-уми апрели соли 1919 то 8-уми декабири соли 1921 чоп шудааст.
Муҳаррири ин нашрияи ҳафтавӣ ва хаттоташ, фидоии миллат Саидризо Ализода мебошад. Ў публитсист ва мутарҷими онвақта ба ҳисоб мерафт баъди хатми макбаи