​«ДАР СИРИШТИ ДАРДМАНДАМ ШЕЪРИ МАН ЧУН ШЕЪРИ ЛОИҚ НОТАМОМ АСТ…». Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи ашъори шоири маҳбуб Гулназар Келдӣ

Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ  Гулназар Келдӣ, ки дирӯз ҷаҳони фониро тарк гуфта, дунёи абадиятро хонаи охирати худ ихтиёр кард, дар дили ҳазорҳо дӯстдорони шеъру сухан мисли номи Рӯдакиву Мавлавӣ, Саъдиву Ҳофиз, Камолу Туғрал, Айниву Турсунзода ва Қутбиву Лоиқ ҷовидон боқӣ мемонад. Устод Гулназар бо табъи худодод ва завқи баланд ба ҷодаи эҷод қадам ниҳода, умри бобаракати хешро 

Муруре ба таърих. Замоне, ки Китобхонаи миллӣ ин гуна бинои боҳашамат ва имконоти намоиши китоб надошт...

Оре, то соли 2012, ки ин бинои боҳашамат бо ҳама имконоти васеъ, толорҳои барҳаво, муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ мавҷуд набуд, гардишгарон ва меҳмонони хориҷӣ аз Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ дидан мекарданд ва дар анҷоми сайр дар толорҳои китобхона ва диду боздидашон таассуроти худро дар Дафтари хотираҳо менавиштанд. Бахше аз он нигоштаҳо соли 2004 дар китобе бо номи “Ганҷинаи фарҳанг”, ки ба 70- 

Николай Добролюбов – мунаққиди абадзинда

Добролюбов Николай  Александрович  5 феврали соли 1836 дар Нижний Новгород ба дунё омадааст, мунаққиди адабиёт ва публитсисти рус. Аз хонаводаи рўҳонӣ. Солҳои 1848-53 дар мактаби динии Нижний Новгород ва солҳои 1853-57 дар факултаи таъриху филологияи Институти омўзгории Петербург таҳсил кардааст. Дар даврони донишҷўӣ сарвари маҳфили ҳаракати  сиёсии «Фронда»-и донишҷўён; дар марги шоҳ Николай 1 бо памфлети шадидуллаҳн, зидди ҳукумати подшоҳӣ вокуниш  

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик” Адо (Вафот – 1252, моддаи таърихаш - «Афсўс, мурд Султонхон»)

Султонхоҷа шайхулислом Аҳрории Самарқандист. Мумоилайҳи дар Бухоро ба аҳди амир Ҳайдар, дар Хўқанд ба аҳди Умархон, боз дар Бухоро ба аҳди амир Нусруллоҳ ба мартабҳои олӣ  расида ва сухансароӣ карда. Дар форсӣ ва туркӣ девонаш тамом аст. Қорӣ Раҳматуллоҳ дар «Туҳфат-ул-аҳбоб» вафоташ 1250 қайд карда, аммо дар як маҷмўаи дастнависи дигар моддаи «афсўс, мурд Султонхон» нишон дода шудааст, ки 1252 мешавад. Вафоташ дар Бухоро, қабраш дар Самарқанд, ба мазори Хоҷа  Аҳрор аст. 

Дорулҳикма. Бузургтарин маъхази китоб, ки соли 972 сохта шуда буд

«Дорулҳикма», «Дорулилм», донишгоҳи хилофати Фотимиён (909–1171) дар Миср, ки соли 1004 имом - халифаи Фотимиён ал- Ҳоким Биамриллоҳ (996–1021) таъсис додаст. Асоси маркази илмӣ ва донишгоҳро масҷиде ташкил медод, ки андаке пештар Ҷавҳар - сарлашкари халифаи исмоилиёни Миср Имом ал - Муизз ҳамзамон бо бунёди шаҳри Қоҳира нуҳуми рамазони соли 972 сохта буд. Бинобар пайравӣ аз беҳтарин суннатҳои омўзишии дину тамаддуни ислом дар «Дорулҳикма» ва захираи бузурги китобу 

Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт

Имрӯз баъди як бемории начандон тӯлонӣ  Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт. То ин лаҳзаҳо шабакаҳои иҷтимоӣ аз таъзияи шогирдону мухлисон ва алоқамандони шеъри Гулназар пур шуд. Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи шинохтатарин адибони кишвар аст, ки миёни ҳаводорони каломи баъдеъ аз маъруфияти хос бархӯрдор аст. Дар назму наср қувва озмудаву ҳамеша муваффақ будааст. Ҳар сол дар остонаи зодрӯзи шоир аксари нашрияҳое, ки 

Страницы