Китоби нав. Султонмуроди Одина: Хирмани барчош

Дар маҷмўа қисса, ҳикояҳо ва саҳнаҳои дар солҳои гуногун иншо намудаи адиб гулчин карда шудаанд. Мавзӯъҳои асосии онҳо тасвири бадеии ҳаёти ҷомеа, тасвири ҳаёти халқи тоҷик дар давраи тақдирсози гузариш ба кушодани ҷаҳони ботинии инсонҳои касбу кори гуногун дар ин замони мураккаби зиндагии мардум мебошад. Ғояи асосии онҳоро ватандўстӣ, зиракии сиёсӣ ва ҳаллӣ тазоди зиндагӣ ташкил медиҳад. Китоб ба ифтихори 70-солагии адиб ба табъ расидааст.

Муаллиф дар пешгуфтори китоб меорад: Шайхи Бузург Абдуллоҳи Ансорӣ навиштае дорад: «Ҳикоянавис мабош, бигзор дигарон дар бораи ту ҳикоят нависанд».

Аҷаб сухане. Ҳамон ҳикоянависе, ки дар бораи Пири Ҳирот менависад, магар ҳикоятнавис нест? Боз ҳайрон мемонад кас, ки худи шайх ин қадар навиштаанд?

Навиштани воқеот, ҳадиса қисса, ҳикоя инъикоси зиндагист, бо ҳама пастобаландаш, каму косташ ойинаи муҷаллои замон, вақт, муҳит ва ниҳоят бозгўи ҳунари мусанниф.

Мо ҳам дар бораи дигарон ҳикоят мекунем, албатта аз диди худу ҳунари худ. Боқӣ, хулоса кардан, натиҷа бардоштан худро шинохтан, ба ҷаҳонбинӣ, маърифат ва донишу маҳорати хонандаи азиз ҳавола мешавад.

Ҳикоёте, ки мо менигорем, шаммае аз рўзгори мо, зиндагии мо, ҳаёти атрофиён аст, ки аз солҳои 1964 ин ҷониб рўи коғаз овардаем. Бо корӣ эҷодӣ бо инояти пирони кор Собири Шоҳонӣ, Аҳрор Мухторов ва хоса бародари гиромӣ Фатҳуллои Азиз ва устоди бебаҳо Кароматуллоҳи Мирзо даст задаем, то ки ҳаёти атроф, Инсонҳои наҷиби ҳамзамон, ҳаёти мураккаб ва ҷаҳони ботинии ҳамзамонро ба таври бадеӣ тасвир кунем.

Ба ҳар ҳол барои ин кўшиш кардаем ва натиҷаи онро барои хонандагони азиз пешкаш менамоем.

Ин китобро шумо метавонед аз ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дархост ва мутолиа намоед.

Файзидин Қурбонов, сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва   менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.