Муаррифӣ: Умари Шерхон. Молики раҳи кўр

«Молики раҳи кўр» аз маҷмўи ҳикояҳои солҳои мухталиф эҷодшудаи муаллиф, як қисса ва чор мақолаи марбут ба мавзўи модар мураттаб гардидааст. Маҷмўа борои  доираи васеи хонандагон пешбинӣ мегардад. Умари Шерхон, рӯзноманигор ва адиби шинохтаи тоҷик буда, таълифоти зиёде дорад ва умре дар нашрияву рӯзномаҳо ва нашриётҳо кор кардааст. Аз ҷумла: дар ҳафтавори « Наврўзи Ватан « (солҳои1991 – 1992 ) ва рўзномаи « Нидои ранҷбар « (солҳои 1992 – 1995) ба ҳайси мудири шуъба ва узви ҳайати таҳририя будааст.

Солҳои 1995 – 1997 корманди масъули котиботи Сардори давлат. Аз моҳи майи соли 1997 муовини директории КТН «Шарқи озод» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Нигоштаҳояш аз ибтидои солҳои 70 – уми асри гузашта ба табъ расидаанд. Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  (1992 ), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2002),  Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон ( 2007), Раиси комиссияи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (солҳои 2006 – 2011, 2012 – 2016) ва котиб аз  2016.

Раиси Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (аз соли 2012 ), раиси озмуни «Роҳи бехатар» (2011), узви ҳакамони озмунҳои ноширони ватанӣ дар Намоишгоҳи 2 – юми байналмилалии китоби Душанбе (майи 2012) буд.

Барандаи Ҷоизаи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2008) ва лауреати озмуни 65 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (2010, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ).

Маҷмўаҳояш: « Кохи ҳунар « (1997), «Гурд» (1998), «Омад» (1999), «Дуо» (2000), «Таҳамтан» (бо Ҷ. Аҷиб, 2001), «Асил» (2002), «Данғара» (2002, 2005) « Давлатманд » (2005 ), «Тораҳои хаёл» ( 2007 ), « Валӣ « ( 2007 ), «Сипос « ( 2010 ), «Мурод « ( 2012 ), «Матин”(2014 ), «Ваҳдатовар” (бо Н. Абдулваҳҳоб, 2014 ), «Пурдил” (2015 ), «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе” (бо Б. Яхшиев), «Бухоро” , 2015 ), «Сарфароз « (2016), «Шуд он замона”(2017), «Адолат Раҳмонова” (2017), «Долгий путь к причалу”(бо ҳаммуаллифӣ, 2019 ), «Балзак” (2020 ) чоп шудаанд. 

Мавзуна Назарова,

сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.

Барчаспҳо: