Пергамент дар авҷи инкишофи масолеҳи хаттии папирусӣ ба вуҷуд омадааст. Вай ба муносибатҳои доду гирифти байни Сурия ва Миср алоқаманд буд. Садаи 2-юми пеш аз мелод шоҳаншоҳи Сурия Евмани II дар пойтахти худ (шаҳри Пергам) барои офаридани дастхатҳо харидани папирусро аз Миср раво донист. Вале шоҳаншоҳи Миср аз мақсаду орзуҳои Евман огоҳ шуд. Ӯ нахост, ки шуҳрати китобхонаи Искандарияро аз даст бидиҳад. Бинобар он, ба Сурия фурўхтани папирусро рухсат намедод.
Доплер Кристиан 29 ноябри соли 1803 дар Залсбурги Австрия ба дунё омадааст. Физик ва астрономии австриягӣ. Узви АИ Вена соли (1848). Хатмкардаи донишкадаҳои Залсбург ва Вена соли (1825). Аз соли 1847 профессори Академияҳои кўҳкор ва ҷангали Хемнитса, аз соли 1850 профессори Университети политехникӣ дар Вена ва директори нахустин дар ҷаҳон Институти физикаи назди Университети Вена, ки бо ташаббуси ў ташкил шуда буд.
Доплер доир ба соҳаи оптика (аберратсияи рўшноӣ, назарияи мироскоп, назарияи рангҳо) ва акустика таҳқиқот анҷом додааст.
Лоҳиқа
Дар нақли адабияи занони зукоъатнишон
Ба нақл аз намунаи адабияи заноне, ки аз Мовароуннаҳру Туркистон баромадааанд, ё ки ба ин сарзамин муносибате пайдо кадаанд, зинат додани қисми аввал аз «Намунаи адабиёти тоҷик» муносиб дида шуд
Мутрибаи Кошғарӣ
(асри шашуми ҳиҷрӣ )
Мухтор Авезов дар таҳқиқоти адабии худ аз забони форсии тоҷикӣ низ ғофил набудааст. Ў борҳо дар мақолаҳо ва рисолаҳояш аз таъсири таърихии забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ ба забон ва адабиёти қазоқӣ сухан рондааст. Ў дар асараш «Аҳвол ва осори Абай» менависад»: «Абай ба афсонаҳо ва ҳамосаҳои диннӣ ва қаҳромонии араб ва Эрон ошноӣ дошт. Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Навоӣ
Дар замони мо истилоҳи «диссертатсия» серистеъмол шудааст. Бахусус баъди Истиқлол ёфтани кишвар ва руҷӯъи бештар ба кашфиётҳои илмӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ афзуда ва афроде бо унвонҳои илмии номзади илм ва доктори илм низ зиёд шудаанд. Пас диссетртатсия чист? Мехостем хонандагони мо тасаввуроти илмӣ дар бораи
Номи Пиримқул Сатторӣ ҳамчун шоири шаҳир ва устоди навшоирон дар солҳои 70-80-уми садаи 20 дар водии Вахш вирди забонҳо буд. Рисолатеро, ки дар тарбияи шоиршавандаҳо устод Боқи Раҳимзода дар пойтахт ба ҷо меовард, дар Вахшонзамин ў ба сомон мерасонид.
Пирумқул Сатторӣ 27 июли соли 1940 дар деҳаи Ҳавзи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон ба ба дунё омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи ДДОД ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро хатм кардааст. Баъдан ба шаҳри Қурғонтеппа омада, ходими адабии рўзномаҳои «Вахш»-у «Ҳақиқати Қўрғонтеппа» буд ва дар як вақт дар мактаби миёнаи рақами 45 ноҳияи Бохтар(ҳоло Кўшониён)