Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. Лӯлакитобҳои папирусӣ

Лўлакитоби папирусии кўҳна дар китобхонаи миллии Фаронса (Париж) нигоҳ дошта мешавад. Ин китоб бебаҳост, он  5500 сол қабл таълиф шудааст. Матнаш дар папирус навишта шуда, дар ғилофи ба худ хос нигоҳ дошта мешавад.

***   ***   ***

Қисми зиёди осори қадимаи папирусӣ аз ҷиҳати санаи таълиф ба солҳои 3350-уми пеш аз милод рост меояд. 

Академик Файзулло Шарифзода зиёда аз 520 адад китоб ба Китобхонаи миллӣ туҳфа кард

Академик Файзулло Шарифзода аз китобхонаи шахсии худ беш аз 520 ва  173 автореферат ба Китобхонаи миллӣ туҳфа намуд. Бахше аз ин китобҳо навиштаҳои худи устод Шарифзода буда, бахши дигар адабиёти муфиди илмиву бадеӣ мебошанд, ки солҳои гуногун дар бойгонии худ нигоҳ медошт. Дар миёни ин китобҳо асарҳое аз эҷоди олими шинохта: “Методикаи таълими 

Ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ

Ин монография ба яке аз масъалаҳои мубрам: ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ бахшида шудааст. Дар китоб ба ғайр аз ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии ҷонибҳо дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ, ҳамчунин, марҳилаҳои истиқрор ва инкишофи ҳамкориҳои тарафайн бо назардошти махсусияти сохторҳои муайян ва вазъи минтақавӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Моҳияти асосии таҳқиқот дар он ифода меёбад, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ барои вусъати ҳамкориҳои баробар, бисёрҷониба дар асоси эҳтиром ва эътирофи манфиатҳои 

Китоби нав: Менеҷмент. Фарҳанги сарватшиносӣ ва созандагӣ дар роҳбарӣ

Китоби дарсии “Менеҷмент”, ки ба тозагӣ чоп шуд,  аз 14-қисм иборат аст. Тавре дар сарсухани он омадааст он дарбаргирандаи  777 мавзӯи муҳими менеҷменти муосири ҷаҳонӣ, зиёда аз 3000 сарчашмаи адабиёт, саволҳои санҷишию тестӣ, гуфторҳою хирадномаҳои мутафаккирони бузурги замон, зиёда аз 3000 саволу ҷавоб ва ахтарони дурахшони роҳбарӣ, ҳидоятҳои расидан  ба пешвоӣ, масоили санъату хариди ташкили идоракунии касбии равониву иқтисодӣ ва вақтшиносӣ, асосҳои назариявии мактабсозиву сарварсозӣ, таълимоти бефосилаи касбӣ- электронӣ ва ташаккули менеҷменти муносибатҳои байналмилалиро дар корпоратсияҳову

Муборизаи сарсахтонаи устод Айнӣ дар дифоъ аз номи миллати тоҷик. Порае аз пажӯҳиши устод дар бораи калимаи тоҷик

“Дар “Қомус-ул-аълом”-и туркӣ, ки аз тарафи Шамсиддини Сомӣ таълифаш дар охирҳои асри ХIX тамом карда шудааст, дар моддаи “тоҷик” ин эзоҳотро мебинем (тарҷимаи айнан): “Тоҷик” дар асл номи як қавмест аз туркҳо. Дар замони ҳозира ин ном ба як тоифаи аҳолии эрониасли Осиёи Миёна, ки бо забони форсӣ гап мезананд, дода шудааст. Инҳо дар шаҳрҳо ба тиҷорат ва пешаварӣ (косибиву ҳунармандӣ) ва дар деҳот ба зироат машғул буда, фаъол, соҳибистеъдод ва нисбат ба сосири тоифаҳои аҳолӣ маданӣ бошанд ҳам, монанди турк, узбак, тотор афғонӣ ва дигар қавмҳои кӯчманчӣ) хор мебошанд Қомусу-улаълом”, ҷилди 3, саҳифаи 1608, сутуни якум). 

 

Таърихи Систон

 Китоби «Таърихи Систон» аз зумраи куҳантарин осори таърихӣ чун тарљумаи «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Ҳудуд-ул-олам мин ал-Машриқ илал Мағриб»-и муаллифи номаълум, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ва амсоли онҳо ба шумор меравад, ки ба забони форсӣ таълиф гардидаанд. Дар масъалаи ном ва муаллиф ё саҳеҳтар муаллифони ин асар дар миёни донишмандон ва асҳоби таъриху тазкираҳои асрҳои миёна ихтилофи назар мављуд аст. Ҳарчанд ин китоб бо номи «Таърихи Систон» шуҳрат пайдо кардааст, вале дар нусхаи асл ҳаргиз аз ин ном ёд нашуда ва дар ҳар љои асар аз он бо номи «Таърих» ишора шудааст. Ҳамчунин
яқинан наметавон гуфт, ки номи китоб 

Страницы