“Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо” муаррифӣ шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Мирзошоҳрух Асрорӣ, профессор Нодир Одилов, академик Мамадшо Илолов ва дигар намояндагон илму фарҳанг муаррифии китоби “Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо” доир гардид.  
Китоб сипосномаест ба ваҳдати устувору безаволи тоҷикон. Он аз ду боб иборат буда, дар боби аввал зери унвони “Ваҳдат - омили муттаҳидсози миллат” суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ваҳдат, сулҳ ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҷой гирифтааст. 
Дар боби дуюми китоб мақолаҳои олимону донишмандони тоҷик Нодир Одилов “Роҳбаре бо хиради хусравонӣ”, Мирзошоҳрух Асрорӣ “Ваҳдат - арзиши муқаддасу азиз”,

«Сулҳу ваҳдат-бахти миллат»

19-уми июни соли равон шўъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши китоб дар мавзўи «Сулҳу ваҳдат-бахти миллат» доир намуд. 
Дар ин намоиш наздик ба 50–номгўи китобҳои бахшида ба Ваҳдати миллӣ  ба намоиш гузошта шудаанд.  
Аз ҷумла, китобҳои «Тоҷикистон: Даҳ соли Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» (Эмомалӣ Раҳмон),  «Эмомалӣ Раҳмон поягузори

Боздиди сафир аз маркази фарҳангии Эрон

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ-Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон,Алиризо Рашидиён раиси вилояти Хуросони ин кишвар ва чанд тан аз дипломатҳои эронӣ рӯзи 13-уми июни соли равон аз маркази фарҳангии Эрон дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.
Дар ҷараёни боздид Сафири Эрон ва Директори китобхона Сайфиддин Назарзода масъалаҳои ҳамкориҳо миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Нурзода Ҷалолуддин Низомиддин – Муовини Директор

4-уми феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурзода Ҷалолуддин Низомиддин муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин шуд.

 Ҷалолуддин Нурзода 1 марти соли 1969 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Ў соли 1986 мактаби миёнаи №11-и ноҳияи Мастчоҳро хатм намуда, ҳамон сол ба факултаи риёзиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардид. Номбурда донишгоҳи мазкурро соли 1992 бо баҳои хубу аъло хатм намуда, фаъолияти кориашро ҳамчун омўзгор аз мактаби миёнаи №11 оғоз намудааст.

Намоиши китоб бахшида ба иди кўдакон

28-уми майи соли равон шўъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон намоиши китоб баргузор кард. 
Дар рафҳо бештар аз 30 номгӯй  китоб барои кўдакону наврасон бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ, аз ҷумла китоби шоири бачагон Ҷўра Ҳошимӣ «Бачаҳову кўчаҳо», Шариф Комилзода «Библиографияи адабиёт барои кўдакон ва наврасон», китоби таърихӣ ва бадеии «Спитамен»

Ширкати вазири собиқ дар «Чароғи маърифат»

Дар нишасти «Чароғи маърифат», ки 29-уми майи соли равон дар Китобхонаи миллӣ доир гардид, хонандагони фаъоли шуъбаи абонименти байни китобхонаҳо бо аспирантҳо ва унвонҷўён мулоқот карданд.
Дар ин дидор, ки бо сухани ифтитоҳии муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Сайидҷаъфар Сафаров оғоз шуд, Офоқхон Катаев, собиқ вазири савдои кишвар, Масрури Абдуллоҳ-ноиби ректор оид ба корҳои илмии

Страницы