Намоиши китоб бахшида ба иди кўдакон

28-уми майи соли равон шўъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон намоиши китоб баргузор кард. 
Дар рафҳо бештар аз 30 номгӯй  китоб барои кўдакону наврасон бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ, аз ҷумла китоби шоири бачагон Ҷўра Ҳошимӣ «Бачаҳову кўчаҳо», Шариф Комилзода «Библиографияи адабиёт барои кўдакон ва наврасон», китоби таърихӣ ва бадеии «Спитамен», дастур барои хонандагони синфҳои 1- 4, «Шакарханди лаби кўдакон», китоби Файзуллоева Мавлуда «Достони афсона дар адабиёти кўдакон», Маҷид Салим «Мурғи даштӣ», «Большая детского психолога», «Современная детская энциклопедия», «Детская психология», «Большая книга рисования для мальчиков»,  «Большая книга почемучек» ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд.
 Мавроид ба ёдоварист, ки ҳар сол якуми июн дар сар то сари олам  Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мешавад.