Масъалаҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як семинари илмию амалӣ, ки субҳи рӯзи 30-уми июни соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Семинар бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд ва Гавҳар Шарофзода, раиси Кумита дар сухани ифтитоҳии худ