Activities calendar

27 июня 2015

“Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо” муаррифӣ шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Мирзошоҳрух Асрорӣ, профессор Нодир Одилов, академик Мамадшо Илолов ва дигар намояндагон илму фарҳанг муаррифии китоби “Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо” доир гардид.  
Китоб сипосномаест ба ваҳдати устувору безаволи тоҷикон. Он аз ду боб иборат буда, дар боби аввал зери унвони “Ваҳдат - омили муттаҳидсози миллат” суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ваҳдат, сулҳ ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҷой гирифтааст. 
Дар боби дуюми китоб мақолаҳои олимону донишмандони тоҷик Нодир Одилов “Роҳбаре бо хиради хусравонӣ”, Мирзошоҳрух Асрорӣ “Ваҳдат - арзиши муқаддасу азиз”,