Баҳси “Тоҷнома”- ву ҳуввияти миллӣ дар Китобхонаи миллӣ

Ҳамоиши «Нашри силсилаи «Тоҷнома» тадбири муҳим дар шинохти асолати миллӣ», ки баъди зуҳри рӯзи гузашта дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, аз хотирмонтарин нишастҳои чанд рӯзи охир буд.
Ҳамоиш бо ширкати роҳбарони Китобхона ва ҷамъе аз устодону шогирдони донишгоҳҳои олии кишвар баргузор шуд.
Дирктори Китобхона Сайфиддин Назарзода нашри ин силисларо иқдоми хубе дар шинохти....

Дар ним сол 147 ҳазор сайёҳон аз Тоҷикистон дидан кардаанд

Дар Конфронси байналмилалии “Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” масоили марбут ба рушди сайёҳӣ дар кишвар, стратегияи давлатии тавсеъаи туризм, ҷалби сайёҳон ва мушкилоти ношӣ аз ободонии макони диду боздиди сайёҳон мавриди баррасӣ қарор гирирфт.
Ин Конфронс қабл аз зуҳри рӯзи шанбе, 29-уми августи соли равон бо ширкати Муовини Сарвазири  кишвар Марҳабо Ҷабборӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Чорабиниҳои рӯзи китоб ва чанд эълони дигар

Рӯзи китоб
Рўзи 4-уми сентябри соли равон соати 14:00 дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии калони фарҳангӣ бахшида ба «Рўзи китоб» доир мегардад. Ширкат озод.

Рўзи дарҳои боз
Ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рўзи китоб» аз 3 то 5 сентябри соли равон дар Китобхонаи...

Сеюмин ҷаласаи вузарони адлияи кишварҳои узви СҲШ

Сеюмин ҷаласаи вазирони адлияи давлатҳои узви  Созмони ҳамкории Шонҳой дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он сарони вазоратхонаҳои адлияи кишварҳои узв ширкат карданд.  
Дар ҷаласа  Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расид, ки  дар он самтҳои асосии ҳамкорӣ байни Вазоратҳои адляи давлатҳои узв ба танзим дароварда шудааст. 

Дар Китобхонаи миллӣ омилҳои гаравиш ба ифрогароиро баррасӣ карданд

Омилҳои гаравиши ҷавонон ба созмонҳо ва гуруҳҳои ифротгаро дар нишасти муштараки созмони ҷавонони “Созандагони Ватан” ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ин нишаст қабл аз зуҳри 12-уми август дар Китобхонаи миллӣ бо ҳузури Директори он Сайфиддин Назарзода ва Ҷонишини Раиси Ҳизби Халқӣ-демократии Тоҷикистон Латифзода Асрори Қурбон доир гардид. 

Ёде аз Аслӣ Бурҳон-ҳунарманди нотакрори театр ва синамо

Дар садумин солгарди Аслӣ Бурҳонов-ҳунарманди нотакрори синамо ва театри кишвар, Артисти Халқии СССР, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ шогирдон, пайвандон ва ҳаводорони ҳунари воло дар Китобхонаи миллӣ гирди ҳам омаданд.
Дар нишаст, ки бо сухани ифтитоҳии ҷонишини Директори Китобхона Гадобек Маҳмудов оғоз шуд, Ортиқ Қодир, ҳунарманди варзида ва як нафаре, ки аз шодравон дарси маҳорати касбӣ

Страницы