Баҳси “Тоҷнома”- ву ҳуввияти миллӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2015-09-04 12:48
Ҳамоиши «Нашри силсилаи «Тоҷнома» тадбири муҳим дар шинохти асолати миллӣ», ки баъди зуҳри рӯзи гузашта дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, аз хотирмонтарин нишастҳои чанд рӯзи охир буд.
Ҳамоиш бо ширкати роҳбарони Китобхона ва ҷамъе аз устодону шогирдони донишгоҳҳои олии кишвар баргузор шуд.
Дирктори Китобхона Сайфиддин Назарзода нашри ин силисларо иқдоми хубе дар шинохти асолати миллӣ унвон кард. Вай гуфт, миллат бо шинохти худ миллат аст ва миллате, ки хушиносӣ надорад, пойдор намемонад.
Аз назари Сайфиддин Назарзода ҳуввияти миллӣ миллатро якпорча ва муттаҳид мекунад, миллати беҳуввият мақоме дар ҷомеаи башарӣ надорад.
Вай ҳамчунин гуфт, ки ҳуввияти миллӣ ба сари худ маъние надорад, балки мафҳумҳои гуногун бояд ҷамъ бишаванд ва маҷмӯи онҳо метавонад худшиносӣ ном бигирад. Барои Тоҷикистон метавонем маҳдудаи ҷуғрофиёӣ, таърихи иҷтимоиву сиёсӣ, раванди иқтисодӣ, мероси фарҳангӣ, адабиёти гузаштаву имрӯзро дар як радиф гузорем ва ин ҳувиятро пайдо кунем.
Ҳуриниссо Ализода, собиқ муовини директори Китобхона ва яке аз ташаббускорони таҳияи «Тоҷнома» низ ба ҳамин мавзуъ ишора кард. Вай гуфт нашри ин силсила бояд идома ёбад. Миллатро бо тамаддун ва ифтихороти фарҳангиаш мешиносанд.
Дар ин ҳамоиш ҳозирон ҳамчунин суханронии Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ дар мавзўи «Аҳамияти силсилаи «Тоҷнома»-ро шуниданд.
Атрофи масоили ҳуввияти миллӣ ва ифтихороти миллӣ миёни ширкаткунандагон баҳси гарме дар ҷараён шуд.