Чорабиниҳои рӯзи китоб ва чанд эълони дигар

Рӯзи китоб
Рўзи 4-уми сентябри соли равон соати 14:00 дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии калони фарҳангӣ бахшида ба «Рўзи китоб» доир мегардад. Ширкат озод.

Рўзи дарҳои боз
Ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рўзи китоб» аз 3 то 5 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рўзи «Дарҳои боз» гузаронида мешавад.
 
Ҳафтаи китоб
Аз 2 то 7-уми сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи китоб «Ҳафтаи китоб» доир мегардад.

Омузиши ройгони забони ҷопонӣ
Сар аз моҳи сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон омўзиши ройгони забони ҷопонӣ шурўъ хоҳад шуд. Хоҳишмандон барои маълумоти муфассал метавонанд ба шуъбаи адабиёти хориҷии китобхона муроҷиат намоянд.
Телефон барои иртибот: 919 65 66 44

Омўзиши забони арабӣ
Шурўъ моҳи сентябр омузиши шартномавии забони арабӣ ба роҳ монда мешавад.
Барои маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд  ба маркази Қонуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ муроҷиат намоянд.