Activities calendar

12 августа 2015

Иҷлосияи сарнавиштсоз

​Номи китоб: Иҷлосияи сарнавиштсоз 
Муаллиф: Шариф Комилзода, Моҳира Акобирова
Макони чоп: Душанбе 
Ношир: «Бухоро»
Соли нашр: 2012   
Теъдоди саҳифаҳо: 206с
Феҳристи мазкур ба ифтихори 20–солагии Иҷлосияи  XVI  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Феҳрист аз мақолаи муқаддимавӣ, 3 қисм ва 10 зерқисм иборат аст.
Мақолаи  муқаддимавӣ  роҷеъ  ба  аҳамияти  оламшумул  ва  нақши  таърихии Иҷлосияи XVI  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи навин ва эҳёи заминаҳои  конститутсионии  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  маълумоти  мушаххас медиҳад.

Саридастӣ, на «тезтайёр»!

Вақте мушоҳида мешавад, ки дар сардари баъзе ошхонаҳо навиштаанд «тезтайёр», яъне таомҳое, ки ба зудӣ омода мешаванд, афсӯс мехӯрам, ки чаро калимаи зебои «саридастӣ» (сардастӣ, сардастакӣ), ки дар мардум дақиқан ба ҳамин маъно роиҷ аст, аз доираи таваҷҷуҳ берун мондааст. Ба наздикӣ «зудтайёр»-ро ҳам дар ҷое дидам. Инҳо қолаббардориҳо аз забони хориҷӣ аст, агарчи нависандагон ин ҷо ибтикоре ҳам нишон додаанд, яъне ибораро (...

Энсиклопедияи насри муосири тоҷик

Номи китоб: Энсиклопедияи насри муосири тоҷик 
Муаллиф: С. Айнӣ
Макони чоп: Душанбе 
Ношир: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Соли нашр: 2009   
Теъдоди саҳифаҳо: 680с

«Ёддоштҳо» беҳтарин намунаи насри муосири тоҷик буда осонфаҳм, равон, дилрас ва ҷаззоб аст. «Ёддоштҳо»-ро як навъ феҳристи тафсирии дигар асарҳои устод Айнӣ номидан шояд иштибоҳ набошад, зеро агар амиқ андешед, пай хоҳед бурд, ки устод воқеаеро ба таври муҷаз дар «Ёддоштҳо» оварда бо як ҷумлаи ҳаволаӣ иброз медоранд, ки «ин матлабро дар фалон асарам пурра овардаам» (мазмунан) ва ё дар бораи қаҳрамони ҳодисае маълумот

Таърихи адабиёти тоҷик

Х. Мирзозода. Таърихи адабиёти тоҷик. Китоби 2. – Душанбе,19 . – 394с.
Китоби дарсии Х. Мирзозода  барои  донишҷӯёни мактабҳои олӣ навишта шуда  ба таърихи адабиёти асрҳои XIII – XV бахшида шудааст.  Дар китоб дар бораи намояндагони адабиёти форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Низомиддин Убайди Зоконӣ, Ҳофизи Шерозӣ Камоли Хуҷандӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ маълумот оварда шудааст.