Сеюмин ҷаласаи вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шонҳой дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он сарони вазоратхонаҳои адлияи кишварҳои узв ширкат карданд.
Дар ҷаласа Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расид, ки дар он самтҳои асосии ҳамкорӣ байни Вазоратҳои адляи давлатҳои узв ба танзим дароварда шудааст.